04:45:34 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Иди Зафар муборак, ҳамватанони азиз!

Соли 2010 ба муносибати шасту панҷ солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахши Хатлонии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар нашриёти «Истеъдод» китоберо таҳти унвони «Ҷанговарони ҷасур» аз чоп баровард. Китоб дар бораи корнамоӣ ва ҳаёту фаъолияти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании ноҳияи собиқ Ҷилликӯл, ки ҳоло ба Дӯстӣ тағйири ном кардааст, навишта шудааст.

32080626 1791444694252857 3794515078150094848 oМуаллифони китоби мазкур нависанда ва журналисти варзидаи тоҷик, узви Иттифоқи Нависандагон ва Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Саидаҳмади Ҳасан ва собиқ Комиссари ҳарбии ноҳия муаллифи якчанд китоби таърихию бадеӣ Давлати Халил мебошанд. Муҳаррири масъули китоб Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Р. Набиева, муқарризон докторони илмҳои таърих, профессорон Х. Абдуназаров ва А. Гадозода ҳастанд. Чӣ тавре, ки дар оғози китоб омадааст, он дар асоси ҳуҷҷатҳои Бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бойгонии комиссиариати ҳарбии ноҳияи Ҷилликӯл, ҳуҷҷатҳои шахсии ҷанговарон ва як қатор китобҳои ба мавзӯи ҷанг бахшидашуда таълиф гардида, бо теъдоди хеле кам, 200 нусха, ба нашр расидааст.

Дар ин маҷмӯаи 160 саҳифаӣ аз рӯзгори ҷангии тақрибан 180 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании ноҳия қиссаву ҳикояҳои ҷолибе дарҷ гардидааст. Аз мавҷудияти чунин китоб банда чанде пеш дарак ёфтам ва як нусхаи онро аз яке аз муаллифони он Саидаҳмади Ҳасан бо соядаст гирифтам. Вақте китобро дидам ва варақ гардондам, хурсандиямро ҳадду канор набуд. На, на танҳо ба он хотир, ки дар он дар бораи қиблагоҳи камина ҳам навиштаанд ва аксашро ҳам гузоштаанд. Хурсандиям боз аз он буд, ки банда дар бораи бисёр ашхосе, ки дар овони мактабхониям онҳоро қаҳрамон медонистаму хуб мешинохтам, яъне азҷумлаи ҳамяроқони падарам, маълумоти барои худам тозае гирифтам.

32081606 1791444857586174 8194705993410543616 oЯк қисми қиссаҳои ин китобро аз забони қаҳрамонони он ҳанӯз ҳангоми талабаи мактаби миёна буданам шунида будам. Устодонамон ин қаҳрамонҳоро барои мулоқот кардан бо хонандагон ҳар сари чанд вақт ба мактаб даъват мекарданд ва онҳо аз саргузашти ҷангии худ қиссаҳо менамуданду мо бо шавқ гӯш мекардем. Баъдан онҳоро пионери фахрии ташкилоти пионерии мактаб қабул мекардем. Буд ҳамин хел як расме… Ба ёдам меояд, ки ба гардани чанде аз онҳо галстуки пионериро шахсан худам бастаам. Як аз иддаъ аз онҳо падарони ҳамсинфону дӯстонам буданд. Масалан, дорандагони ордену медалҳои зиёди ҷангӣ, акаи Иваз Носиров, падари ҳамсинфам Мавҷигул Носирова, акаи Ғаффор Сатторов -падари ҳамсинфам Муҳаммадалӣ Сатторов буданд.

Собиқадори ҷанг Фёдор Николаевич Каримов дар мактаби миёнаи рақами 45 ба мо аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс медод. Бо акаи Усмонқул Насруллоев бошад баъди хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дар як мактаб- мактаби миёнаи рақами дуи ноҳия чор сол якҷо бо таълиму тарбияи насли наврас машғул будем. Он кас ба талабагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфтанду банда муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик будам… Аз ҳамаи онҳое, ки ҳоло дар ин ҷо зикри номашонро кардам, имрӯз касе дар қайди ҳаёт нест. Ҳатто ҳамсинфонам Мавҷигулу Муҳаммадалӣ. Худованди бузург ҳамаи онҳоро ғарқи раҳмату шоистаи ҷаннат карда бошад. Омин!

32169431 1791444874252839 311060300583403520 nПеш аз он ки навиштаи китоби зикршударо дар бораи қиблагоҳам Ҳамади Пирак дар ин саҳифа бикорам, мехоҳам тамоми собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки имрӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, инчунин тамоми пайвандони онҳо ва Шумо дӯстони азизамро бо Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, умри дарози бобаракат ва осмони софу беғубори сулҳу осоиштагиро орзу намоям. Бигузор дар Ватани азизамон тинҷиву амонӣ ҳамеша пойдор ва ваҳдату якпорчагӣ абадӣ устувор бошанд! Иди Зафар муборак ҳамватанони азиз!

Пираков Ҳамад

Дорандаи медали «Барои шуҷоат» Пираков Ҳамад соли 1922 таваллуд шудааст. Соҳиби маълумоти ибтидоӣ буд. То саршавии ҷанг ба корҳои деҳқонӣ машғул буд. Комиссиариати ҳарбии ноҳия ӯро моҳи июни соли 1943 барои муҳофизати Ватан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ба ҷабҳа сафарбар намуд. Дар шаҳри Воронеж курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии ҷангиро хатм намуда, соҳиби ихтисоси тирандоз гардид. Ҷанговари қавируҳ Пираков Ҳамад дар ҳайати ҷанговарони полки 183-юми тирандозии пиёдагарди Фронти 1-уми Украина барои несту нобуд кардани фашистони истилогар далерона ҷангида, дар озод намудани шаҳру деҳоти сарзамини Украина матонату ҷасорат нишон дод.

32191890 1791444550919538 2056262919204634624 nДар муҳорибаҳои шадиди хунини назди шаҳри Харков шуҷоатмандона ҷангида, шахсан як дастаи душманро бо яроқи худ несту нобуд намуда, ба пешравии мавқеи полк саҳми худро гузошт. Барои ин корнамоияш фармондеҳ ӯро бо медали «Барои шуҷоат» сарфароз намуд. Дар яке аз задухӯрдҳои шадид ҷасурона ҷангида аз пои рост ва китфи чапаш ҷароҳати вазнин бардошт. Дар бемористони ҳарбӣ ба муддати чаҳор моҳ бистарӣ гардида, баъди муолиҷа бо қарори комиссияи тиббӣ ӯро ҳамчун маҷруҳи ҷанг аз хизмати ҳарбӣ озод намуданд. Ҳаёти минбаъдаи собиқадори ҷанг Пираков Ҳамад дар хоҷагии «Пахтакор», деҳаи 8-уми Март сипарӣ гардида, дар корхонаи қабули пахтаи ноҳия то бознишаста шудан меҳнати арзанда намудааст.

Аз китоби Давлат Халил, Саидаҳмад Ҳасан

«Ҷанговарони ҷасур», Душанбе, «Истеъдод», саҳ. 95

Эзоҳ: Пираков Ҳамад аз ноҳияи Сангвор ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карда мешавад ва то апрели соли 1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат менамояд. 18-уми апрели соли 1945 дар наздикиҳои шаҳри Берлин аз пойи рост, китф ва миёнаш ярадор мегардад ва баъди чаҳор моҳи табобат дар яке аз шифохонаҳои низомии ақибгоҳ, дар Урал аз сафи Артиши Шӯравӣ мураххас мешавад ва ба зодгоҳаш ноҳияи Сангвор бармегардад. Соли 1953 аҳолии ноҳияи Сангворро ба водии Вахш муҳоҷир мекунанд.

Пираков Ҳамад бо зану дар он вақт ягона фарзандаш, яъне банда, ба ноҳияи Ҷилликӯл меояд. Дар ин ҷо тӯли қариб сӣ сол дар як корхона -Пункти қабули пахта аз коргари оддӣ шуруъ карда то муовини мудири корхона кор кардааст. Заҳмати хоксоронааш бо мукофотҳо қадрдонӣ шудааст. Соли 1982 ба нафақаи меҳнатӣ мебарояд. Падарам Пираков Ҳамад 31-и январи соли 1991 бар асари сактаи мағзӣ ҷаҳонро падруд гуфта ба ҷавори Ҳақ мепайвадад. Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод. Омин!

Ҳамчун собиқадори ҷанг дорандаи як теъдод ордену медалҳо буд. Азҷумла:

Ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи аввал

Медали «Барои шуҷоат»

Медал «Барои ғалаба бар Германия»

Медал «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва ғайра

Султони Ҳамад

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi