09:32:41 24-уми Июни 2025 сол

ТАҒЙИРОТИ ИҚЛИМӢ ВА ОБШАВИИ ПИРЯХҲО

Давлати Тоҷикистон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ пешниҳоди таъсиси як маркази омӯзиши пиряхҳоро ироа кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли ҷорӣ таъкид дошт, ки дар зарфи 70 соли ахир як сеюми майдони пиряхҳо ё яхчолҳои табиъии ин кишвар коҳиш ёфтааст.

 

Коҳиши сареъи майдони пиряхҳо

 

Бар асоси гузориши Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, тағйироти иқлимӣ ва боло рафтани дамои ҳаво ба тасреъи раванди об шудани пиряхҳо ё яхчолҳои табиъӣ ва ба афзоиши мавориди селу обхезӣ дар Тоҷикистон мунҷар шудааст. Доктор Абдулҳамид Қаюмов, узви Фарҳангистони муҳандисии Тоҷикистон ва як тан аз масъулони ин марказ гуфт, ки ба ҳангоми муқоисаи аксҳои фазоии даҳаи 1960 ва солҳои ахири пиряхҳои Тоҷикистон коҳиши ҷиддии майдони ин пиряхҳо рӯшан шудааст.

 

Аз ҷумла, ба гуфтаи Доктор Қаюмов, дар зарфи ҳудуди 50 соли ахир майдони пиряхи Федченко, воқеъ дар кӯҳистони Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, то ба яку ним килуметр ва пиряхи мавсум ба Гармо то ба 7 килуметр коҳиш ёфтааст.

 

Ҳамзамон, ин донишманди тоҷик таъкид кард, ки аз тариқи аксҳои кайҳонӣ вазъи феълии пиряхҳои Тоҷикистонро мушаххас кардан душвор буда ва ин кор бояд тавассути маъмуриятҳои илмию пажӯҳишӣ анҷом шавад. Аммо ба далели мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон созмон додани чунин маъмуриятҳои илмию пажӯҳишӣ барои омӯзиши пиряхҳои ин кишвар як амри душвор маҳсуб мешавад.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар қарни гузашта барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон танҳо ду маротиба, дар солҳои 1928 ва 1957, маъмуриятҳои бузурги илмию пажӯҳишӣ созмон дода шуда ва ҳолату қабатҳои пиряхҳо ва асари тағйири ҳаво ба вазъи онҳо ба таври ҳамаҷониба таҳқиқ шуда буд. Ба гуфтаи масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар шароити феълӣ теъдоди маъдуде аз ҷумлаи беш аз 6 ҳазор пирях дар ин кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд ва дар онҳо дидбонгоҳҳои ҳавошиносӣ таъсис шудааст.

 

Гуфта мешавад, ба далели мушкилоти молӣ ва фаннӣ пиряхҳо дар манотиқи болооби рӯдхонаҳои Зарафшон, Кофарниҳон, Сорбоғ, Ярхич ва Кӯксу то ҳол таҳқиқ нашудаанд ва дар мавриди вазъияти ин пиряхҳо иттилоъи дақиқе вуҷуд надорад. Аз сӯйи дигар, коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи гармои ҳаво ва об шудани пиряхҳо майдони кӯлҳо ё дарёчаҳои Тузкӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Учкӯл, Булункӯл ва Аждаркӯл дар кӯҳистони Помир, дар шарқи ин кишвар, маҳдуд гардида ва дарёчаи Шоркӯл тақрибан хушк шудааст.

 

Авоқиби тағйироти иқлимӢ барои Тоҷикистон

 

Ба эътиқоди донишмандони тоҷик, бар асари боло рафтани дамои ҳаво мавориди селу обхезӣ ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, тайи даҳ соли ахир бар асари ҷорӣ шудани сел ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Зарафшон, Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Бартанг ҳудуди 500 нафар кушта шуда ва беш аз 7 ҳазор воҳиди маскунӣ, муассисоти омӯзишу парвариш, беҳдоштӣ ва садҳо ҳектор аз мазореъ хароб шудаанд.

 

Ҳамчунин, коршиносони умури кишоварзӣ баланд шудани дамои ҳаворо аз авомили аслии биёбоншавии мазореъ ва заминҳои кишоварзӣ талаққӣ кардаанд. Бино ба гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳамакнун беш аз 30 ҳазор ҳектор замин дар ин кишвар дар маърази хатари биёбоншавӣ қарор доштааст, ки ин рақам барои Тоҷикистон, ки 700 ҳазор ҳектор мазореъ дорад, хатарофарин арзёбӣ мешавад.

 

Доктор Холназар Муҳаббатов, раиси бахши иқтисоди минтақавии Вазорати рушди иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, истифодаи ғайримуассир аз об ба ҳангоми обёриро низ аз авомили фарсоиш ё коррозияи замин ва дар ниҳоят, биёбоншавии мазореъ хонд.

 

Доктор Муҳаббатов гуфт, ки барои ислоҳи ин вазъ бояд аз анвоъи мудерни обёрӣ, назири обёрии қатраӣ истифода шавад, ки имкон дорад ин усул ба сарфаҷӯии 50 дар сади об мусоъидат кунад. Аз сӯйи дигар, масъулони идораи беҳдории Вазорати тандурустӣ ё беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ки тағйироти иқлимӣ ва баланд шудани дамои ҳаво ба афзоиши бемориҳои сактаи қалб, саратон, молориё, вабо ва ҳасба дар ин кишвар дар солҳои ахир мунҷар шудааст.

 

Ба гуфтаи Сӯҳроб Воҳидов, коршиноси аршади ин идора, бар асари гармсел ё боди тасфон ва дамои баланди ҳаво мавориди маргу мири кӯдакон, занони ҳомила ё бордор ва афроди куҳансол дар Тоҷикистон дар солҳои ахир афзоиш пайдо кардааст. Ҳамчунин, коршиносон олудашавии об ва ҳаво дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон, имкони дастрасӣ надоштани 40 дар сади ҷамъияти ин кишвар ба оби софи ошомиданӣ ва раванди кунди амнсозии партовгоҳҳои радиоактив дар шимоли Тоҷикистонро аз мушкилоти зистмуҳитии ин кишвар талаққӣ мекунанд.

 

Авомили инсонӢ дар тағйири иқлим

 

Зимнан, коршиносони масоили зистмуҳитӣ нақши авомили башариро низ дар тағйироти иқлимӣ ва бурузи фалокати зистмуҳитӣ таъйинкунанда талаққӣ кардаанд. Ба гуфтаи Қурбон Кабудов, раҳбари Маркази пажӯҳиш ва истифода аз энержии олтернотиви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, буридани дарахтон ва заҳролуд кардани дарёчаю рӯдхонаҳо метавонад дар чигунагии вазъи зистмуҳитӣ дар ин кишвар асар гузорад.

 

Оқои Кабудов мегӯяд, ки дар замони нобасомониҳои даҳаи 1990 дар Тоҷикистон мавориди буридани дарахтон, ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва шикори ғайримуҷози ҳайвонот ва моҳӣ афзоиш ёфта ва то ҳол ин вазъ комилан ислоҳ нашудаст. Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ҳамасола беш аз 2 ҳазор адад аз дарахтони ҷангалҳои ин кишвар бурида мешаванд, ки ин амр метавонад ба тасреъи раванди биёбоншавӣ мунҷар шавад.

 

Гуфта мешавад кам будани теъдоди нозирони ҷангал ва камбуди васоили нақлия ва таҷҳизоти фаннӣ муқобала бо аъмоли тахрибкорона дар ҷангалҳоро душвор сохтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қурбон Кабудов майдони ҷангал танҳо 3 дар сади ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ин рақам нисбат ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 баробар кам будааст.

 

Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба Би-Би-Си гуфтанд, ки давлати ин кишвар дар заминаи рушди хоҷагии ҷангал ва парваришу ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш барномаи вижаеро тасвиб карда ва ба манзури барқарор кардани ҷангалҳо ҳамасола ҳудуди 8 милюн адад дарахт мешинонад. Вале коршиносони мустақил дар муассир будани ин талошҳо барои барқарор кардани ҷангалҳо тардид карда ва мегӯянд, ки ба далели обёрӣ ва нигоҳубин нашудан бештари ин дарахтон сабз намешаванд.

 

Тадобир барои коҳиши хатароти тағйири иқлим

 

Донишмандони тоҷик мӯътақиданд, ки аз тариқи баҳрабардорӣ аз энержии об, хуршед, бод ва биюлужик ба коҳиши ҷиддии гозҳои гулхонаӣ ва ба беҳбуди вазъи зистмуҳитӣ дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ дар Осиёи Марказӣ муваффақ шудан мумкин аст.

 

Ба гуфтаи ин донишмандон, ҳудуди 70 дар сади нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ тавассути нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид шуда ва ба ин тартиб, ба фазо милюнҳо тун партовҳои гозӣ хориҷ мешавад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Маҷмаъи Умумии СММ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ хостори мутамаркиз шудани таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ба тавлиди энержии арзон ва аз лиҳози зистмуҳитӣ амни обӣ шуда буд.

 

Зимнан, ҳайъате мураккаб аз донишмандону масъудлони давлатии Тоҷикистон дар раъси Асадулло Ғуломов, муоъвини нахуствазири Тоҷикистон ба манзури ширкат дар иҷлоси тағйироти иқлимӣ озими шаҳри Купенҳоги Донморк шудааст. Дар назар аст ин ҳайъат пешниҳодҳои давлати Тоҷикистон дар масоили марбут ба тағйироти иқлимиро ба иҷлоси Купенҳог ироа кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1297-taghiyoroti-iklimi-va-obshavii-piryakhho.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ