07:52:16 24-уми Июни 2025 сол

ДИГАРГУНИҲО ДАР ҶАДВАЛИ ТАЪТИЛОТИ МАКТАБҲО

Таътили зимистона дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳо дар фасли сармо барои ду ҳафтаи бештар тамдид шудааст.

 

Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов фармон додааст, ки мактаббачаҳои тоҷик 29-уми декабр ба таътил бароянд ва 24-уми январ ба синфхонаҳо баргарданд. Сабаби ин қарор дар сард будани ҳаво дар ин замон ва талош барои ҳимояи саломатии талабагон будааст. Ноилшо Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфтааст, таътилоти зимистона аз ҳисоби таътилҳои баҳорӣ (5 рӯз) ва тобистона (5 рӯз) тамдид мешаванд.

 

Ба ҳамин гуна, талабаҳои мактабҳои миёна дар Тоҷикистон баҳорон аз 20-уми то 25-уми март истироҳат хоҳанд кард. Қаблан, дар баҳор онҳо то 1-уми апрел истироҳат мекарданд. Дарсҳо дар охири мавсим то 1-уми июн тамдид хоҳанд шуд, ҳол он ки қаблан рӯзи 25-уми май занги охир садо медод.

 

Имтиҳонот низ ҳамакнун аз 3-юм то 21-уми июн ҷараён хоҳанд гирифт. Дигаргуниҳои мазкур барои мактабҳои миёна ва касбӣ буда, ба мактабҳои олӣ дахл надоштааст. Дар ҳоли ҳозир, дар қариб 4.000 мактаби миёна дар кишвар ҳудуди 1,7 миллион нафар таҳсил мекунад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1310-digarguniho-dar-jadvali-tatilot.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ