08:34:28 19-уми Феврали 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд

Намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор ва муосиркунонии низоми омори миллӣ дар заминаи табдилдиҳии рақамӣ, ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд доир мегардад, иштирок доранд.

forum 56887455412Дар форум 150 нафар мутахассисону коршиносони ташкилоти байналмилалӣ аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд. Ҳадафи форум аз ҷамъ овардани намояндагони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз он иборат аст, ки ба раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд.

Дар форум тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии (бунёдии) омори расмӣ, баррасии истифодаи зеҳни сунъӣ дар заминаи табдилдиҳии рақамӣ дар баҳисобгирии оморӣ ва истифода бурдани манбаъҳои алтернативии маълумот баррасӣ мешаванд.

Дар ҳошияи форум тибқи рӯзнома намояндаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми баҳисобгирии оморӣ ва муосиркунонии низоми баҳисобгирии оморӣ» маъруза намуд. Форум 2 октябр оғоз гардида, то 4 октябр идома меёбад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi