11:01:49 24-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ДОДСИТОН ВА ЧАНД МАЪМУРИ ПУЛИС

Мақомоти Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди додситонӣ барои ситонидани ришва хабар додаанд.

 

Тибқи иттилоъи масъулони ожонсӣ, кормандони ин ниҳод ахиран фардеро ки Қарақулов. А. аз ӯ ном бурдашуда ва гуфташуда бозраси додситонии ноҳияи Ҷиликули устони Хатлон астро ҳангоми ситонидани шаш ҳазор дулор аз сокини ин ноҳия боздошт кардаанд. Ба гуфтаи кормандони ожонсӣ оқои Қарақулов бо сӯйистифода аз мансаб барои қатъ кардани парванади ҷиноӣ нисбати як сокини ин ноҳия аз пайвандони ӯ ришва ситонидааст ва ҳангоми гирифтани ин маблағ дар утоқи кориаш боздошт шудааст. Бар асосии иттилоъи бахши равобит бо ҷомеъаи ин ожонсӣ, кормандони ин ниҳод ахиран чанд нафар аз кормандони Вазорати кишвари Тоҷикистон дар истгоҳи роҳи қатори шаҳри Душанберо барои ришваситонӣ ва сирқати тилло аз шаҳрвандон боздошт кардаанд.

 

Ин маъмурони пулис ду сокини пойтахти Тоҷикистонро дар тиҷорати ғайримуҷози тилло муттаҳам карда, бар ивази боз накардани парвандаи ҷиноӣ, аз онҳо бист ҳазор дулор ришва тақозо кардаанд. Сипас, ин ду сокинро маъмурони пулис ғайриқонуни мавриди бозпурсӣ ва азияту шиканҷа қарор додаанд.

 

Бархе аз ҷомеъашиносон яке аз авомили густариши мавориди фасод ва ришваситонӣ дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистонро ба беэътимодии мардум нисбат ба ин мушкил арзёбӣ мекунанд. Вале кормандони ин ожонсӣ хабар медиҳанд, ки ахиран бархе аз кормандони пулис дар ин кишварро бар асосии дарёфти шикоёти шаҳрвандон аз мавориди ришваситонӣ боздошт кардаанд.

 

Кормандони Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон баъд аз дарёфти чунин шикоят аз як сокини шаҳри Хуҷанд, дар як амалиёти вижа дар устони Суғд Абдузариф Абдусаломов, бозраси бахши вазорати кишвар дар ин устонро ба ҳангоми ситонидани 700 дулор ва як ҳазору 300 сомонӣ боздошт кардаанд.

 

Гуфта мешавад, ки боздошти маъмурони пулис дар истгоҳи қатори шаҳри Душанбе низ бо чунин шева сурат гирифтааст. Манобеъи Ожонси назоратт молияи давлатӣ ва мубориза бо фасод хабар доданд, ки дар робита ба кулияи ин мавориди ришваситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон мубориза бо фасоди молӣ ва ришваситонӣ дар Тоҷикистон дар сурате муассир хоҳад буд, ки ҷомеъаи мадании ин кишвар вориди ин корзор шавад. Дар ҳамин ҳол созмони Шаффофият ё “Transparency International” дар гузориши ҷадиди шохиси мизони фасод дар ҷаҳон аз поин рафтани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддаи мубориза бо фасод дар соли ҷорӣ хабар додааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1376-bozdoshti-dodsiton-va-chand-mamuri-pulis.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ