10:18:40 27-уми Июли 2025 сол

“Наъша ба пастӣ мебарад!”

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сокинони вилояти Тахор Сарвар Валади Балҷувон, Нодир Валади Сайфулло, Меҳроҷ Валади Ҳикматиёр, Руҳулло Валади Ҳайтулло ва Муҳибулло Валади Олим, Сарвар Валади Балҷувон, бо мақсади бо роҳи қочоқ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол додани миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор бо Дилшод ном шахс, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон маслиҳати пешакӣ намудаанд.

4 nasha 654512544528 июни соли 2024 ғайриқонунӣ марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Фархор, Ҷамоати деҳоти Дарқад убур намуда, тариқи қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се адад халтаҳои полиэтиленӣ як миқдор воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш”-ро ворид карда, бо мақсади ба соҳибияти шарикони ҷиноятии худ додан, онро дар зери замини ин мавзеъ пинҳон намудаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ин амалҳои ҷинояткоронаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ошкор ва аз махфигоҳи зикршуда се адад халтаҳо бо 50 адад бастаи селофании дар дохилашон маводи навъи “Ҳашиш” мавҷуд буда, бо вазни умумии 49 кг. 280 грамм ёфта гирифта мешавад.

Бо мақсади муайян ва дастгир намудани шахсони ҷиноятпеша яъне шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дилшод ном шахс, аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ чораҳои оперативӣ андекшида шуда, дар 3 халта микдори воситаҳои нашъадор ҳамчун сохта (муляж) ҷойгир карда шуда, санаи 13 сентябри соли 2024 шахси мусоидаткунанда бо номи рамзӣ воситаҳои нашъадорро ба Ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб бурда дар махфигоҳи пешакӣ маслиҳатшуда, пинҳон кардаааст ва кормандони милитсия минтақаи мазкурро таҳти назорати оперативӣ қарор додаанд.

Дилшод ном шахс, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта ва дар минтақаю нуқтаи болозикр ҷойгир будани миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор огаҳ шуда, дар ин хусус ба шиносаш Меликмуродов А., соли таваллудаш 14.04.1986, сокини ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов, деҳаи Бӯстон хабар дода, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки аз он пинҳонгоҳи пешакӣ маслиҳатшуда воситаҳои нашъадорро гирифта, ба дигар нуқта интиқол диҳад ва барои ин амал ба Меликмуродов А.Ҳ. 10 000 сомонӣ маблағи пулӣ ҳамчун музд ваъда кардааст.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14 Меликмуродов А.Х., ба мавзеъи таъиншуда омада, маводҳои омодакардашударо ғайриқонунӣ соҳиб шуда, кӯшиши тарк кардани ҷойи ҳодиса, интиқол ва ғайриқонунӣ ба соҳибияти дигар шахсон додани маводҳои зикршударо намудааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса бо 46 кг. 550 грамм маводи нашъаовари намуди “Ҳашиш” дастгир шудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз санаи 20-уми январи соли 2025 Меликмуродов Азамат Ҳамидович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 20 (бист) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

Беҳуда дар урфият намегуянд, ки наъша ба пастӣ мебарад!

Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ