09:46:49 27-уми Июли 2025 сол

“Бори каҷ ба манзил намерасад!”

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Юсупов Рустам Юсупович, соли таваллудаш 1991, ҷои таваллудаш, Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ туркман, маълумоташ-миёнаи махсус, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Дустӣ, аввалҳои моҳи ноябри соли 2020 бо Ҷӯраев Давронгелди Фахридинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Дӯстӣ, маслиҳати пешакиро оиди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор анҷом додаанд.

2 pushti panjara 894547445Нақшаи аз наздикии марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайриқонунӣ ба ҳуҷраи иҷоравии Ҷӯраев Д.Ф. воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати шаҳраки Қубодиён, интиқол додани воситаҳои нашъаоварро таҳрезӣ намуда, 16-уми ноябри соли 2020 якҷоя ба минтақаи зикршуда рафта, аз пинҳонгоҳе дар як адад борхалтаи дар дохилаш воситаи нашъадор ҷойгирдашударо ғайриқонунӣ гирифта соҳиб шуда, ба суроғаи мазкур ғайриқонунӣ интиқолу онҷо ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, барои ин амали ғайриқонуниаш аз Ҷураев Д.Ф. 500 сомонӣ маблағи пули ҳамчун фоида ба даст овардааст.

Боз, ӯ чунин амалро бо мақсади бо роҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонии воситаҳои нашъаовар ба даст овардани фоидаи муфт-1000 сомонӣ шаби 29-ум ба 30-юми ноябри соли 2020 якҷоя бо номбурда ба ноҳияи Шаҳритус, ба минтақаи дар боло овардашуда рафта воситаҳои нашъаоварро ғайриқонунӣ ба ноҳияи Қубодиён, ба ҳуҷраи ба иҷора гирифтаи Ҷӯраев Д.Ф., интиқол дода ғайриқонунӣ нигоҳ дошата, тахминан 4 декабри соли 2020, бо даъвату маслиҳати Ҷӯраев Д.Ф., якҷоя як қисми воситаҳои нашъадори зикршударо ба наздикии хаттӣ роҳи оҳан, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Деҳқонобод ғайриқонунӣ интиқол ва барои дар оянда ба фурӯш баровардан воситаҳои нашъаоварро паноҳ карда, барои ҳар рӯзи нигоҳубини ин пинҳонгоҳ аз Ҷӯраев Д.Ф. 200 сомонӣ маблағи пули ҳамчун фоида ба даст овардааст.

Минбаъд, ӯ 8 декабри соли 2020 аз рӯи дастурҳои шарики ҷиноятиаш Ҷӯраев Д.Ф., аз ӯ дар як адад сумкаи варзишӣ як миқдор воситаи нашъадори зикршударо барои то шаҳри Бохтар интиқол ва ба охирон додан ғайриқонунӣ гирифта соҳиб шуда, бо худ нигоҳ дошта, аз ноҳияи Дӯстӣ ба шаҳри Бохтар ғайриқонунӣ интиқол дода, дар терминали мусофиркашонии маркази шаҳри Бохтар ба соҳибияти Ҷӯраев Д.Ф., додааст.

Худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Бохтар дастгир шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз вай дар як адад сумкаи варзишии рангаш сиёҳ, як миқдор воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” дарёфт карда гирифта шудааст, ки вазни он 10134,0 (даҳ ҳазору яксаду сию чор) граммро ташкил додааст.

Инчунин 4 январи соли 2021 ҳангоми идомаи чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҳуҷраи иҷоравии Ҷӯраев Д.Ф. воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати шаҳраки Қубодиён, 20 кг. 070 грамм воситаи нашадори навъи “Афюн” ва 32 кг. 935 грамм воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” дарёфт карда, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудаанд. Ҳангоми гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсия, ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ ва шарикаш Ҷӯраев Д.Ф., ошкор карда шуда, дар умум 43 кг. 069 грамм воситаи нашъадори навъӣ “Ҳашиш” ва 20 килограмму 070-грамм воситаи нашъадори навъӣ “Афюн” дарёфт ва мусодира карда гирифта шудаааст. Баъди ошкор шудани ҳолатҳои зикршуда, ӯ аз тафтишоти пешакӣ ғайб зада, дар қаламрави Ҷумҳурии Туркия паноҳ шуда, кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади бо роҳи ба муомилот баровардани воситаи нашъадор ба даст овардани маблағи калони пулӣ, дар хусуси дар пинҳонгоҳи назди роҳи оҳани деҳаашон мавҷуд будани як миқдор воситаи нашъадор бо бародаронаш Юсупов Бахтиёр Юсупович ва Ишанқулов Байрам Юсупович маслиҳат карда, ҷои нигоҳдории ин миқдор воситаи нашъадорро ба онҳо баён карда, бо ин роҳ ба соҳибияташон додааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони РВКД дар вилояти Хатлон, аз Юсупов Б.Ю., ба ивази 20 000 сомонӣ як миқдор воситаи нашъадори навъи “Афюн”, ки ба фурўш бароварда шуда буд, харидорӣ карда гирифта шудааст. Баъди ошкор шудани ҳолати мазкур, худи ҳамон рӯз чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дода шуда, зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса, яъне минтақаҳои нишондодаи Ишанқулов Б.Ю. воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Дустӣ, Ҷамоати деҳоти Деҳконобод, деҳаи Деҳконобод, аз се минтақа аз зери замин як миқдори воситаи нашъадори навъӣ «Афюн» бо вазни 15 кг. 740 (понздаҳ килограмму ҳафсаду чил) ёфта гирифта шуцдааст.

Юсупов Рустам Юсупович, бо ин кирдори қасдонаи худ, ҷиноятӣ дар моддаи 200 қисми 4 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, ба миқдори махсусан калон, такроран ва аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, муқаррар менамояд содир кардааст.

Судшаванда Юсупов Рустам Юсупович дар содир кардани ҷиноятӣ бо моддаи мазкур пурра гунаҳгор дониста шуда,бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 20-уми феврали соли 2025 нисбаташ     ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 17 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шуда, дар асоси тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” таҳти №1803 аз 7-уми сентябри соли 2021 ҷазои таъингашта 1 сол кам карда шудааст.

Дар урфият беҳуда намегўянд, ки бори каҷ ба манзил намерасад!

ВарқаиЗайниддин,Ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ