10:12:27 27-уми Июли 2025 сол

“Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар амал!”

Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар миқёси вилояти Хатлон аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” 49 санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи он 56 қонунвайронкуниҳоро ошкор ва муайян карда, ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда 89 пешниҳод, 203 амр бароварда, бо қарорҳои прокуророн оғознамуда 71 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 68 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

1 terrorizm ifrotgaroi 45441Бо парвандаҳои ҷиноятии оғоз карда шуда, нисбати ҳамаи шахсони дастгир карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштан интихоб ва татбиқ карда шуда, ҳолатҳои аз ҷойҳои дастгиркунӣ ва аз ҳабс озод кардани гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, инчунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ дастгир ва ҳабс намудан ҷой надоранд.

Дар маҷмӯъ дар давраи таҳлилӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм зиёда аз 483 маротиба вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) низ пайваста истифода бурда шудааст.

Масалан, дар давраи ҷамъбастии 6 -моҳаи аввали соли равон вобаста ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва хосатан вобаста ба пешгирии андешаҳои ифротгароӣ ва радикалӣ, фаҳмонидани моҳияти терроризм санаи ёрдамчии калони прокурори вилоят Зайниддинов В.Д. тариқи барномаи “Инсон ва қонун”-и ТВ «Хатлон» ва тариқи барномаи “Қонун ва ҷомеъа”-и Радиои Хатлон, Радиои Тоҷикистон, телевизионҳои марказӣ ва минтақавӣ баромадҳои зеёдеро анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки чунин баромаду сӯҳбатҳо ҳамчунин аз тарафи сардорони шуъбаҳо оиди назорати умумӣ Азимзода А., назорати риояи иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар Ҷамолиддинзода К., собиқ сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм,экстремизим ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Нидозода М., прокурор-криминалисти калон Маҳмадализода Қ., тариқи радио ва телевизион дар давраи ҷамъбастӣ зиёд анҷом дода шудааст.

Тариқи барномаи “Прокуратура”-и ТВ “Ҷаҳоннамо” дар ин давра як қатор кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қабили прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Левакант, Восеъ, Данғара, М.С.А.Ҳамадонӣ, Кӯшониён,Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Вахш,А.Ҷомӣ, Ёвон вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ва пешгирии он, пешгирии ифротишавии қишрҳои гуногуни ҷомеъа баромадҳо анҷом дода шудааст.

Ахбороти прокурори вилоят мушовири адлияи дараҷаи 1 Назарзода А.Н. дар ин давра вобаста ба ҷамъбастии фаъолияти прокуратураи вилояти Хатлон оиди мубориза бо ҷинояткорӣ ва вазъи тартиботи ҳуқуқӣ дар вилояти Хатлон,ки дар нишасти матбуоти садо дод тариқи васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, марказӣ ва хориҷӣ ба самъи шаҳрвандон расонида шуда ҳамчунин мақолаи алоҳидаи мавсуф дари ин хусус дар нашрияи даврии “Хатлон” ба табъ расидааст.

Оиди масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ вохӯриҳои зиёде аз тарафи ёрдамчии калони прокурори вилоят Зайниддинов В.Д. дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ доир гашта, пайваста баромадҳояш тариқи радио, телевизон намоиш дода шуда, оиди мавзӯъҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ мақолаҳояш чоп гаштаанд.

Азҷумла дар ин давра мақолаҳои мавсуф оди ҷашни 23-юми феврал-Рӯзи Артишии миллӣ дар нашрияҳои даврии «Новый Хатлон», «Дӯстлик» чоп гашта,баромадҳояш тариқи шабакаҳои телевизионии «Хатлон» ва шабакаи Радиои Хатлон пахш гаштаанд.Бояд гуфт, ки вобаста ба ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фаҳмонидани ҷавонон оиди ғояҳои ватандӯстӣ дар ин давраи мақолаҳои Зайниддинов В.Д. бо номи “Органы прокуратуры в годы войны!” дар шумораи №18 аз 30-юми апрели соли равон дар нашрияи “Народная газета” ба табъ расидааст.

Мақолаи дигари ӯ оиди ғояҳои ватандӯстӣ бо номи “Ситораи Исмат” дар шумораи №91 аз санаи 8-уми майи соли равон дар нашрияи “Ҷумҳурият” ба табъ расидааст.Ҳамчунин мақолаи дигари ӯ бо номи “Достони қаҳрамонӣ” дар шумораи №21 аз санаи 21-уми майи соли равон дар нашрияи бонуфузи “Минбари халқ” ба нашр расидааст. Ба ҳамин монанд дар шумораҳои №№4 ва 5 аз санаҳои 15-уми апрел ва 12-уми майи соли равон дар нашрияи “Фараж” ва баъдан дар ҳафтаномаҳои “СССР” ва “Ватанпарвар” мақолаи мавсуф бо номи “Трибунали байналмилалӣ ва мурофиаи судӣ дар Нюрнберг” оиди мурофиаи саркардагони Олмони фашистӣ ба нашр расидааст.

Ҳамчунин аз тарафи мавсуф вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки санаи санаи 24-уми декабри соли 2022 таҳти №1920 ба тавсиб расидааст дар ташкилоту муасисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, шуъбаҳои маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бештар аз 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қабили дар Бохтар, Левакант,Мӯъминобод, Фархор, Хуросон, Ёвон, Шаҳритус ва ғайраҳо вохӯрию сӯҳбатҳо бо ҷавонону наврасон, устодони литсейҳо ва мактабҳои миёна гузаронида шуда, оиди ин вохӯриҳо тариқи нашрияҳои даврии маҳалӣ хабарҳо ба нарш расидаанд.

Чунин мисолҳо вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар роҳи пешгирии ифротишавӣ ва радикализми динӣ, ки аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратура ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҷамъбасти 6-моҳаи якуми соли 2025 анҷом ёфтааст зиёданд.

Бо натиҷаи ҷамъбаст ва таҳлилҳои гузаронидашуда назорати прокурорӣ минбаъд низ дар ин самт бо пурзӯртар карда хоҳад шуд.

Ҳасанзода А.Р., Сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм,экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дарсамти амнияти миллии прокуратураи вилоятиХатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ