18:03:38 04-уми Августи 2025 сол

Мулоқоти кории сеҷонибаи роҳбарони хоҷагии оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар шаҳри Гулистон

1-уми августи соли 2025 дар шаҳри Гулистон мулоқоти кории роҳбарони хоҷагии оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

1 muloqoti sejoniba 655654211Дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов ва ҳайатҳои кишварҳо иштирок намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки мулоқоти кории имрӯза дар рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи об заминаи муҳим мегузорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба истифодаи захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, раванди иҷрои Протоколи сеҷониба оид ба реҷаи кории обанбори “Баҳри Тоҷик” дар моҳҳои июн-августи соли 2025 ва дигар мавзуъҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Махсусан таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва гарм шудани ҳарорати ҳаво истифодаи самараноки захираҳои об ба яке масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст.

Дар ин замина, зарурати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд махсусан таъкид гардид. Зикр шуд, ки истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар шароити мураккаби имрӯза на танҳо омили муҳими таъмини об барои соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла кишоварзӣ мебошад, балки ҳамчун унсури калидии таъмини амнияти обӣ дар сатҳи минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ, тақвияти равандҳои ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам барои ноил шудан ба идоракунии муассир ва устувори захираҳои об иброз намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоти корӣ, иштирокдорони он аз обанбори “Баҳри Тоҷик” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти пойгоҳи обкашии “Сомғор-1”, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки тавссути пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” зиёда аз 6 ҳазор гектар майдонҳои кишоварзӣ обёрӣ карда мешаванд.

www.mewr.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ