14:43:02 14-уми Феврали 2026 сол

“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”

Прокуратураи вилоят ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои дин, танзими ҷашну маросими мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят дар соли 2025 мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

3 tanzimi jashnu marosim 6556451254Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 182 адад комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин 1586 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросими ташкилоту муассисаҳо амал менамоянд.

Мувофиқи ҳисоботи бахши дин танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давоми 11 моҳи соли 2025 ҳамагӣ 41809 маъракаҳо аз ҷумла, 38079 туйи домодию арусӣ, 809 маросими азодорӣ “се”, 1434 маросими “чил” ва 1487 маросими “сол” ба қайд гирифта шудааст. Зимни гузаронидани ҷашну маросимҳои мазкур маблағи 204006116 сомонӣ сарф шудааст.

Бо мақсади баргузории ҷашну маросим 16377 чорвои хурд, 4799 чорвои калони шохдор забҳ карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3950 чорвои хурд ва 208 чорвои калони шохдор кам забҳ карда шудааст.Инчунин, тибқи маълумотҳои оморӣ дар ин давра ҳамагӣ 284 ҳолати вайрон намудани талаботҳои қонуни мазкур ошкор карда шудааст.

Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ, дар байни аҳолӣ 348 вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, ҳамчунин тариқи васоити ахбори омма(радио, телевизион, матбуот ва шабакаҳои интернетӣ) низ моҳияти қонуни мазкур пайваста фаҳмонида дода шудааст.

Новобаста аз корҳои анҷомдода то ба ҳол ҳолатҳои аз ҷониби шахсони алоҳида риоя ва иҷро накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мушоҳида расида, дар ин давра аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 218 ҳолати вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор гардида, бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Аз шумораи 218 қонунвайронкуниҳои ошкоршуда, 10-адад барои ғайриқонунӣ баргузор намудани ҷашни зодрӯз, 8-адад маросими ҳаҷ, 5-адад набастани шартнома бо сарояндагон, 3-адад хатнасур, 21-адад маросимҳои азодорӣ, 9-адад дар тӯи домодию арусӣ пошидани пул, 39-адад нагирифтани тавсиянома, 2-адад гусели арӯсу домод бо истифодаи бештар аз 4 автомошинаи сабукрав, 8-адад вобаста ба маъракаҳои маншуда, аз қабили ҷойгаштак, ақиқа, кӯдакталбон ва боқимонда 108-адад вобаста ба баргузории туйи домодию арусӣ риоя накардани ҷойи баргузорӣ, вақти баргузорӣ ва зиёда аз се соат рост меояд, ки нисбати 218 нафар бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо қисми 1 нисбати 95-нафар, қисми 2 нисбати 35-нафар қисми 3 нисбати 73-нафар, қисми 4 нисбати 7-нафар ва қисми 5 нисбати 8-нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.

Масалан, шаҳрванд Акбарализода Ш., бархилофи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 27 ноябри соли 2025 аз соати 20:00 дақиқа cap карда, зодрӯзашро дар тарабхонаи “Шоми Бохтар" воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Рӯмии шаҳри Бохтар бо иштироки шахсоне, ки ба доираи оила дохил намешаванд гузаронидааст.

Инчунин, шаҳрванд Элмуродов Ш.Б. санаи 31 декабри соли 2025 дар манзили истиқоматиаш вокеъ дар суроғаи ноҳняи Ҷайҳун, Ҷамоати деҳоти Якадин, маросими ҳочизиёрат ва хоҷиошӣ ташкил намуда, ба хешутаборон ва ҳамсояҳояш маракаи ҳоҷизиёрат гузаронидааст.

Аз 218 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда, 1-нафар соҳибкор, 4-нафар сароянда, 1-нафар соҳибкор, 9-нафар шахси мансабдор ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, 204-нафар дар ягонҷо кор намекунанд ва ё нафақахӯр мебошад.

Чунончи, Джумаев Б.Т., сокини ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, деҳаи Чаманистон, бархилофи талаботи қонун, санаи 22 ноябри соли 2025 туйи домодии Нуралиев Муҳриддин, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, Ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи Барзгарон аз соати 18:00 то 21:00 бе бастани шартномаи ҳамчун сароянда хизматрасонӣ ҳофизӣ намудааст.

Тибқи талаботи моддаҳои 7 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои асосии комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим ин андешидани чораҳо ҷиҳати риояи талаботи Қонуни мазкур мебошад.

Вале, баъзе масъулини комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим хилофи ин талабот амал намуда, бо сӯистифода аз ваколати мансабӣ қонунвайронкуниҳои ошкоршударо ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шаҳсони ҳуқуқвайронкунанда маводҳоро ба суд ирсол накарда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва манфиатдории шахсии ғайриқонунӣ муддатҳои зиёд онҳоро дар утоқи корӣ пинҳон ва несту нобуд намудаанд.

Чунончи, Бойгаров Т.Э., аз 3 январи соли 2023 мутахассиси пешбар ва аз 19 ноябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав кор карда, аз 08 июли соли 2024 то 05 январи соли 2025 дар якҷояги бо собиқ мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур Қандов С.Н. 9 ҳолати аз ҷониби шаҳрвандон, Мегамқулова М.Ч., Ҳусейнов Ф.Х., Суванқулов Э.Ф., Рузиева Р.М., Амонов Х.Д., Боймирзоев М.Б. ва дигарон вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ошкор намуда, дар ин хусус санад ва маводҳо ҷамъоварӣ намудааст.

Минбаъд, дидаю дониста, ки дар ҳаракатҳои нафарони дар боло зикршуда бараъло аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуд аст, ваколатҳои мансабиашро сӯиистифода намуда, аз рӯи манфиатҳои шахсиаш нисбати номбурдагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб надода, аз рӯи тобеият ба суди ноҳия барои баррасӣ ва таъини ҷазо ирсол накарда, онҳоро бебаррасӣ монондааст, ки дар натиҷа 9 нафар қонунвайронкунандагон аз ҷавобгарӣ ва ҷазои маъмурӣ дур монда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ва давлат ба таври ҷиддӣ поймол карда шуда, маблағи 104280 сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст.

Нисбати Бойгаров Т.Э. ва дигарон 24 июли соли 2025 бо моддаи 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Баъзе ҳолатҳое ҷой дорад, ки аъзоёни комиссияҳои назди ҷамоату шаҳракҳо ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят талаботи қонуни дар боло зикргаштаро нодида гирифта, аз рӯи манфиатдории шахси қонунвайронкуниҳои ошкоршударо барасмият надароварда ва ё онро пинҳон мекунанд.

Чунончи, Алиев Абдулҳафиз Азимович аз 12 марти соли 2021 дар вазифаи мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён фаъолият карда, вазифаҳои хизматии худро ба таври дахлдор ба роҳ намонда, дидаву дониста, ки сокини деҳаи Дониёрқул-1 Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” ноҳияи Кӯшониён Ҷураев Маҳмараҷаб Додарбекович бе тавсияномаи комиссияи доимии маҳаллии ҷамоат туйи арусии духтараш Ҷураева Мафтуна Маҳмараҷабовнаро, баргузор намуда истодааст, рӯзи 14-уми июни соли 2025 бо ҳамроҳи мутахассиси пешбари бахш Сафаров Диловаршоҳ ва сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия Ҳамидов Мирзобек Рустамович ба манзили истиқоматии Ҷураев М.Д. рафта, якҷоя дар маъракаи номбурда, иштирок намуда, бевосита дар доираи ваколатҳояш оид ба ҷой доштани вайронкунии талаботи қонун нисбати Ҷураев М.Д. санади ошкор намудани қонунвайронкунӣ ва маводи дахлдор тартиб надода, ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷойдоштаро ба расмият надароварда, аз баҳисобгирӣ пинҳон кардаанд.

Санаи 13 августи соли 2025 нисбати Алиев А.А. Сафаров Д.С. ва Ҳамидов М.Р. бо моддаи 668 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба РАНДМ ва МК дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар ирсол карда шуд.

Дар давраи соли 2025 ҷамъан бо натиҷаи 81 санҷиш баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 194 пешниҳод, 66 амр, 15 эътироз оварда шуда, дар натиҷаи баррасии онҳо 198 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст. Инчунин 218 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 4 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Прокуратураи вилоят минбаъд низ ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, оид ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунии ошкоршуда чораҳои судманд меандешад.

Насриддинзода З.С., Прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ