«Пардохти андоз - саодати мост!»
Аз тарафи гурӯҳи назорати иҷрои қонунгузори оид ба андози прокуратураи вилояти Хатлон, ҳолати иҷрои Фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016 таҳти №22 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба тақвияти самаранокии назорати прокурорӣ вобаста ба иҷрои қонунгузории андоз» ва аз 12 апрели соли 2022 таҳти №5-31 «Оид ба ташкили назорати прокурорӣ ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар давоми соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода, вазифаҳо барои соли 2026 муайян карда шуд.
Муайян карда шуд, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 10 декабри соли 2024 таҳти № 285, ҳаҷми умумии даромади буҷети вилоят ба ҳолати 1 декабри соли 2025 аз ҳамаи манбаҳои маблағузорӣ ба маблағи 4455,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 1591.4 млн. сомонӣ тасдиқ карда шудааст.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон бе назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамагӣ даромадҳо ба қадри 101 % таъмин гардида, ба буҷети вилоят 2493,5 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 13, 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Муайян карда шуд, ки дар давраи таҳлилӣ бо назардошти ҳамаи пардохтҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро пурра ва барзиёд иҷро намудаанд.
Дар вилояти Хатлон 11 шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳои ғайримусоидати молиявӣ дохил буда, фаъолияти молиявии иҷтимоӣ иқтисодӣ дар доираи буҷети худ амалӣ намуда, 14 шаҳру ноҳияҳои дигар мусоидати молиявӣ (субвенсия)-и давлатӣ гирифтанд.
Таҳлил нишон дод, ки тибқи нақшаи пешбинишуда ба ҳолати 1 декабри соли 2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ба андозаи 1591,4 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоят тибқи нақша 262.9 млн. сомонӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) пешбинӣ шуда , ба буҷети шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 иҷрои нақшаи даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 3773,5 млн. сомонӣ ё худ 102,7 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақша 97,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, андозҳои давлатӣ ба маблағи 2488,4 млн. сомонӣ, ё худ 100,4 % ба буҷети давлат ворид карда шуда, иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 1285.1 млн. сомонӣ ё худ 107,2 % ба иҷро расонида шудааст.
Аз андозҳои амалкунанда иҷрои 1 намуд, аз ҷумла андоз аз даромад 93 % таъмин карда нашудааст, аз ҳисоби андозсупорандагони Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон ба вуҷуд омадааст.
Нақшаи қисми даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоиро дар ин давра, ба ғайр шаҳри Норак 99,3 % ва ноҳияи Ёвон 80,6 %, дигар шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ ва барзиёд таъмин намудаанд.
Муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 қарзи ташкилоту муассисаҳо ва субъектони андозсупоранда дар назди буҷет ба маблағи 172,9 млн. сомонӣ ташкил дода, дар давраи таҳлилӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2025 он ба 263,7 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 90,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Аз маблағи умумии қарздори 63,2 млн. сомонии он фоизҳо буда, қарзи асосии андозҳо 200, 5 млн. сомониро дар бар мегирад.
Таҳлили гузаронида муайян намуд, ки яке аз сабабу омилҳои афзоишёбии бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят асосан роҳандози гардидани рақамикунонии барномаи СМИИА Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар навбати худ бақияи қарзи андозҳои беэътимод ва мушкилситон, ки бо сабабҳои вафот намудани ворисони субъектон, аломатҳои муфлисшавӣ, гузаштани мӯҳлати даъвои онҳо, дар кофтукови ҷиноятӣ ё дар маҳбас қарор доштани роҳбарон ва муассисони корхонаҳо ва субъектоне, ки солҳои тулони аз фаъолият боз мондаанд азнавбаҳисобгири гардида, ҷиҳати дурустии баҳисобгирӣ ва корбарии минбаъда дар хусуси давра ба давра кам кардани бақияи қарзи андозҳо ҳамчун қарзҳои эътирофнамуда ба ҳисоб гирифта шудааст.
Сабабҳои дигари зиёд гардидани бақияи қарзи андозҳо бошад аз ҷониби худи андозсупорандагон саривақт иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ ба ҳисоб меравад, ки талаботҳои моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар мавридҳо риоя намегардад, ки боиси афзоиш ёфтани бақияи қарзи андозҳо гардида истодааст.
Нақшаи даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоӣ дар Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 декабри соли 2025-ум 946.2 млн сомонӣ тасдиқ гардида, иҷроиши он ба андозаи 849,3 млн. сомонӣ ё худ 89,8 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақшаи дар назардошта 96,9 млн. сомонӣ кам мебошад. Аз ҷумла, андозҳои давлатӣ ба маблағи 749.2 млн. сомонӣ, ё худ 86,6 % ба буҷет ворид карда шуда, иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоӣ ба маблағи 100.2 млн. сомонӣ ё худ 119,8 % ба иҷро расонида шудааст.
Аз андозҳои амалкунанда иҷроиши 1 намуди он пурра таъмин нагардидааст, аз ҷумла андоз аз даромад 76,5 % боқимонда нақшаи андозҳо пурраю барзиёд таъмин гардидааст.
Дар давраи ҷамъбастӣ аз тарафи гурӯҳи назорати иҷрои қонунгузории андози прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо 136 (136) санҷишҳо гузаронида, бо натиҷаи он 3537 (3522) қонунвайронкуниҳои ошкор карда шуда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз ба субъектони андозсупоранда 1634 (1633) адад амр дода шуда, тибқи амрҳо ба буҷет бо рамзи “64” маблағи 104,4 (96,4) млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 194 (187) пешниҳод ирсол карда шуда, аз рӯи баррасии онҳо ва қарорҳои прокуророн нисбати 160 (140) нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 1127 (1122) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамзамон аз тарафи гурӯҳ ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба 383 (380)-адад қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пурра қонеъ гардида, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шудаанд.
Инчунин, дар ин давра ҷиҳати ба тариқи судӣ рӯёнидани маблағҳои қарзи андоз 2 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят пешниҳод карда шудааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, қонеъ карда шудаанд.
Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ин самт 29 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди пешбурди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Вобаста ба супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди «Рӯзи ягонаи қабули соҳибкорон дар мақомоти прокуратура» эълон гардидан, аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он иттилоот дар бораи рӯзи қабули соҳибкорон тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин иттиҳодия ва ассотсиатсияҳои соҳибкорон ба самъи субъектони фаъолияти соҳибкорӣ расонида шуда, рафти иҷроиши он зери назоратӣ доимӣ қарор дорад.Инчунин аз тарафи кормандони прокуратура дар ин давра дар ташкилоту мусисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти зиёда аз 200 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, мақсаду моҳияти қонунгузориҳо дар самти андоз фаҳмонида дода шуда, тариқи васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) низ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шудаанд.
Муродализода С.М., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид назорати иҷрои қонунгузории андоз, мушовири адлияи дараҷаи 2
















