“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
Прокуратураи вилояти Хатлон вазъи риояи қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва баррасии хабару иттилоот оид ба ҳодисаҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба онро дар соли 2025 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.
Таҳлил нишон дод, ки дар ин давра дар ҳудуди вилояти Хатлон 13 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ноҳияҳои Қубодиён, Фархор-2 ададӣ, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Вахш, А.Ҷомӣ, Данғара, Н.Хусрав, Хуросон, Ш.Шоҳин ва Мӯминобод- 1 ададӣ рост меоянд. Бо 12 ҳодисаи куштор хушбахтона ҷинояткорон муайян карда шуда, ҷиноятҳои одамкушӣ сари вақт ошкор карда шудаанд. Инчунин, бо қисмҳои дахлдори моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд. Дар 1 ҳолат бинобар сабаби фавти гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 27 қисми 1 сархати 7 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.
Аз 12 парвандаи ҷиноятии оғоз шуда, 10 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристонида шуда (Қубодиён, Фархор-2 ададӣ, Ҷайҳун, Данғара, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Н.Хусрав ва Хуросон-1 ададӣ), бо 2 парвандаи ҷиноятӣ ( Ш. Шоҳин ва Мӯъминобод ) тафтишоти пешакӣ ҳанӯз идома дорад.
Ҳамзамон, дар ин давра 3 ҷиноятӣ одамкушӣ, ки дар ҳолати ноаёнӣ содир гаштаанд, бо гузаронидани амалҳои зарурии тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ саривақт ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуданд (Данғара, Ҷ.Балхӣ ва Хуросон). Дар ин асос истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон Бобоева Ситора Муҳриддиновна барои куштори кӯдаки 3-солаи худ бо ҳукми суд ба муҳлати 18 сол, Салимов Ҷамшед Кароматуллоевич, истиқомакунандаи ноҳияи Данғара барои куштори шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Авғонистон Андешаи Расулӣ бо ҳукми суд ба муҳлати 13 сол ва сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ Боқиев Муҳриддин Музафарович барои куштори шаҳрванд Сангинов Давронҷон Бозорбоевич бо ҳукми суд ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Бояд қайд намоем, ки нисбати Бобева С.М. ва Боқиев М.З. бо қисми 2 ва нисбати Салимов Ҷ.К. бо қисми 1 моддаи 104-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинояти одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиши пешакӣ бурда ва ба суд ирсол карда шудааст.
Дар ин давра кормандони шуъбаи назорати тафтишоти пешакии прокуратураи вилоят ва муфаттишон ташаббускорӣ зоҳир намуда боз 8 адад кушторҳои қасдонаи солҳои пешинро ошкор намудаанд, ки нокушода боқӣ монда буданд.
Аз инҳо пешбурди 1 парвандаи ҷиноятӣ (ноҳияи Ёвон) дар асоси талаботи моддаи 230 қисми 1 сархати 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шуда,4 парвандаи ҷиноятӣ бинобар сабаби вафоти айбдоршавандаҳо (Кӯлоб-2, Кӯшониён-2) ва 1 парвандаи ҷиноятӣ бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан (Кӯлоб) дар пешбурд қатъ карда шуда, 1 парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуда, бо 1 парвандаи ҷиноятӣ (шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилоят) тафтишот ҳанӯз идома дорад.
Аз 24 нафар гумонбаршудае, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба содир намудани ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба он оғоз гардидааст 20 нафар мард буда, 4 нафар зан мебошад (ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Қубодиён ва Фархор). Бо ин парвандаҳои ҷиноятӣ 34 нафар ҷабрдида, аз ҷумла 16 зан ( 7 нафар хурдсолон-ноҳияҳои Фархор-3, Вахш-2, Хуросон-1 ва Қубодиён-1 нафар) ва 18 мард ( 3 нафар хурдсолон-ноҳияҳои Қубодиён-2 ва Фархор-1) мебошанд. Дар натиҷа 27 нафар ба ҳалокат расида, хушбахтона 7 нафар зинда мондаанд.
Бо ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, ки аз ҷониби муфаттишони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди тафтиш қарор дода шудаанд, аз ҷониби прокуратураи вилоят ва прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо назорат таъмин карда шуда, ҷиҳати тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисона ба муфаттишон дастурҳои хаттӣ дода шудааст.
Кормандони прокуратураи вилояти Хатлон бо мақсади дар муҳлат ошкор намудани ҷиноятҳои куштор ва сӯиқасд ба онҳо чораҳои судманд андешида, вобаста ба ҳар як ҳолати содиршавии ин қабил ҷиноятҳо фаъолияти худро дар асосӣ дастуру супоришҳо ва фармонҳои соҳавии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, кушиш бар харҷ медиҳанд, ки сари вақт чунин ҷиноятҳои махсусан ва хело мудҳишро ошкор намуда, тафтишоти пешакиро бо сифати баланди касбӣ ба анҷом расонанд.
Дар ин асос дар байни аҳолӣ ва тариқи васоити ахбори омма кормандони прокурорӣ ва тафтишотӣ оиди пешгирии ҷунин ҷиноятҳои ваҳим баромад намуда, ба онҳо моҳияти қонунҳо аз ҷумла моҳияти моддаҳои боби 2-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд”, моддаҳои марбутаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқиро фаҳмонида додаанд.
Нависандаи бузурги Николай Островский дар романи маъруфи худ “Пӯлод чӣ тавр обу том меёбад” андешаи жарфе дорад: “Аз ҳама чизи азизтарин барои инсон ин ҳаёти ӯст”.
Аз ин рӯ тамоми инсон, дар кадом ҳолате, ки бошад бояд андеша намояд, ки ин хашму ғазаб ва эҳсосоти бадбинии дар ботинаш пайдоша ӯро ба куҷо мебарад?! Як лаҳзаи ҳасосе, ки ин хашму ғазаб метавонад инсонеро ба ҳалокат расонад, баъдан ин ҳаракати ноҷо оқибати мантиқии худро хоҳад дошт, ки охираш ин ҷой гирифтан дар кунҷи зиндон ва ё ҳабси абад хоҳад буд.
Дар харобаҳои Ҳулбуки қадима, устоди бостоншиносони тоҷик академик Юсуфшоҳ Ёқубов замоне шоҳкосае ёфта буд,ки онҷо ин ибораҳои ниҳоят баланди фалсафӣ хакокӣ шуда буданд: “Хашм нишонаи бохтан аст!”
Оре, бузургони миллати мо оқибати хашму ғазаб ва беандешагиро аз замонҳои қадим омӯхта баромадаву дар тарозуи ақл баркашидаанд,аз ин рӯ пеш аз даст ба корду табар бурдан инсон бояд андешаи ояндаи худро кунад.
Педагоги навовари тоҷик, директори мактаби миёнаи №1 ба номи Аккашариф Ҷӯраеви ноҳияи Дарвоз, устоди равоншод Давлатҷон Зайниддинов дар хотираҳояш навиштае дорад: “Дасти шикаста кор мекунаду, дили шикаста не!”
Оре, инҷо низ мантиқи бузурге нуҳуфтааст ва қалеберо гар шикастӣ ва инсон вафтид, қалби фарзандону волидайну хешу табораш низ мешиканад!” Аз ин рӯ ҳар як инсон бояд сабру таҳамул дошта бошаду панду ахлоқи ниёгонро дар ин замина омӯзад ва маърифати фарҳангӣ ва ҳуқуқии худро баланд бардораду аз оқибати амали ноҷои худ андеша намояд!
Маҳамадализода Қиёмиддин,ҳуқуқшиноси дараҷаи 2, прокурор-криминалисти калони шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
















