10:00:45 13-уми Майи 2026 сол

“Қонунгузориҳои самти андоз амалӣ мегарданд!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ба ҳолати риояи иҷрои қонунгузории андоз пайваста диққат медиҳад.

2 andoz poyai davlat 665245124585Дар вилояти Хатлон 11 шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳои ѓайримусоидати молиявӣ дохил буда, фаъолияти молиявии иҷтимоӣ иқтисодӣ дар доираи буҷети худ амали намуда, боқимонда 14 шаҳру ноҳияҳо мусоидати молиявӣ (субвенсия)-и давлатӣ гирифтанд. Нақшаи қисми даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоиро дар ин давра, ба ғайр шаҳри Норак 98,7 %, ноҳияҳои Ёвон 69,6 % ва Данѓара 98,7 дигар шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ ва барзиёд таъмин намудаанд.

Муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 қарзи ташкилоту муассисаҳо ва субъектони андозсупоранда дар назди буҷет ба маблағи 296,4 млн. сомонӣ ташкил дода, дар давраи таҳлилӣ дар натиҷаи андешидани чораҳои судманд бо ҷамъбасти 3 - моҳаи якуми соли 2026 он ба 293,4 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ кам карда шуд. Аз маблағи умумии қарздори 63,1 млн. сомонии он фоизҳо буда, қарзи асосии андозҳо 230, 3 млн. сомониро дар бар мегирад.

Таҳлили гузаронида муайян намуд, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани бақия қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда ин аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудани андози иҷтимоӣ ѓайрибуҷетии нимсолаи дуюми соли 2025 дар моҳи январи соли ҷорӣ бошад, аз дигар тараф бошад дар муҳлат иҷро накардани уҳдадориҳои андозҳои ҳисобшуда аз ҷониби субъектони дигар хоҷагидор ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати кам кардани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Аз ҳисоби шумораи соҳибкорони инфиродӣ 9687-адад тибқи патент, 20132 тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 8441-адад тибқи шаҳодатнома ва 73319 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Ба ҳолати 1 марти соли 2026 шумораи умумии андозсупорандагони қарздор ба 22674 адад расида, нисбат ба аввали сол ба миқдори 2220 адад зиёд буда, аз ҷумла 4162 адад шахсони ҳуқуқӣ (85 адад зиёд) ва 18512 адад соҳибкорони инфиродӣ (2135 адад зиёд) рост меояд.

Аз ҷониби Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар ин давра ба миқдори 1084-адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 31.7 млн. сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз ин ҳисоб 378 адад қарорҳои қабулшуда иҷро карда шуда ба буҷет 13,2 млн. сомонӣ ё худ 41.4 % ворид гардида, 706 адад қарорҳо ба маблағи 18.6 млн. сомонӣ ё худ 58.6 % бе иҷро мондааст.

Ҳамчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти ҳудудии андоз вобаста ба 2248-ҳолат протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 6.4 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 2,8 млн. сомонӣ ҷаримапулӣ руёнида шуда, 3.4 млн. сомонӣ норўёнида мондааст.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби Раёсати андоз дар вилоят ва Нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳо дар фаъолияти 650 адад андозсупорандагон корҳои назоратӣ, аз қабили хариди назоратӣ гузаронида, бо натиҷаи он 2,6 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз он 1,4 млн. сомонӣ маблаѓи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷет рўёнидида шудааст.

Дар давраи ҷамъбастӣ 3-моҳаи якуми соли равон аз тарафи гурўҳи назорати иҷрои қонунгузории андози прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо вобаста ба назорати таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи андоз корҳои муайяне ба сомон расонида шуда, вазъи риояи қонунгузории андоз дар ҷойҳо 61 маротиба санҷида шуда, 1569 қонунвайронкуниҳои ошкор карда шуда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз ба субъектони андозсупоранда 683 адад амр дода шуда, тибқи амрҳо ба буҷет бо рамзи “64” маблағи 36,8 (32,3) млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад Инчунин, аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 80 пешниҳод ирсол карда шуда, аз рўи баррасии онҳо ва қарорҳои прокуророн нисбати 72 нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 453 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Ҳамзамон аз тарафи гурўҳ ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба 253-адад қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пурра қонеъ гардида, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шудаанд.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар фаъолияти субъектони андозсупоранда аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 13 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди пешбурди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумла, андозсупорандагон 76 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо бо аҳолӣ вохўрӣ гузаронида шуда, аз васоити ахбори омма низ босамар истифода бурда шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд ҳам кўшиш ба харҷ медиҳад, ки назоратро дар ин самти назоратӣ пурзўр намуда, сифату самаранокии санҷишҳои прокурориро боз ҳам баланд бардошта, оиди ҳар як камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргашта саривақт чораҳои таъсиррасонии прокурориро меандешад.

Муродализода С., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назоратииҷрои конунгузории андоз,мушовири адлияи дараҷаи 2 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ