«Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ иҷро мешавад!»
Вобаста ба иҷрои нақшаи дохилиидоравии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи «Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи сипаригаштаи соли 2026 корҳои муайяне ба иҷро расонида шудаанд.
Азҷумла вобаста ба иҷрои банди 5-уми нақшаи мазкур оиди ташкил намудани баромадҳо тариқи телевизион ва радио бо мақсади дарку фаҳмиши шаҳрвандон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои ба онҳо воридгашта низ кормандони прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо пайваста истифода бурдаанд.
Масалан, ёрдамчии калони прокурори вилоят Зайниддинов В.Д. санаи 25-уми январи соли 2026 тариқи барномаи “Инсон ва қонун”-и ТВ «Хатлон» ва санаҳои 5-уми феврал тариқи барномаи “Қонун ва ҷомеъа”-и Радиои Хатлон доири мавзӯъҳои “Нақши прокуратура дар роҳи нигоҳ доштани волоияти қонун дар ҷомеъа ва пешгирии ҷинояткорӣ” ва қабули тағироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намудааст.
Ба ин монанд сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура Нӯъмонзода З.,ёрдамчиёни калони прокурори вилоят вобаста ба назорат дар самти андоз ва коррупсия Муродализода С., Шайдуллозода О. ва дигарон доири мавзӯъҳо вобаста ба.назорати прокурорӣ дар самтҳои зериназоратии худ худ тариқи барномаҳои “Инсон ва қонун”-и Радиои вилояти Хатлон ва “Қонун ва ҷомеъа”-и Телевизиони вилояти Хатлон баромад намуда, доираи васеъи шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион бо фаъолияти прокуратура дар ин самтҳои назоратӣ ва санадҳои ҳуқуқии дар ин самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура мавҷудбуда шинос гаштаанд.
Бояд гуфт, ки чунин баромаду сӯҳбатҳо ҳамчунин аз тарафи ёрдамчии калони вилоят Азимзода А., прокурори калони шуъбаи назоратиумумӣ Насриддинзода З.С., сардори шуъбаи назорати риояи иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар Ҷамолиддинзода К., прокурори ин шуъба Раҷабзода Н.И., сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизим ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Ҳасанзода А., собиқ прокурор-криминалисти калон Маҳмадализода Қ.,собиқ сардори бахши иҷрои конунгузориҳо дар самти замин Абдуғафурзода И., прокурори ин бахш Саидзода А., дар давраи сипаригаштаи соли равон доири мавзӯъҳои гуногун ба монанди Паёми роҳбари давлат, ҷашни дарпешистодаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, ҷашни Ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ тариқи барномаҳои ин радио ва телевизион анҷом дода шуда, ин баромадҳо аз то се маротибагӣ намоиш ва тариқи эфир пахш гаштаанд.
Дар ин давра дигар кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят дар самтҳои алоҳидаи назорати прокурорӣ тариқи радио ва телевизион баромад намуда, аҳолиро доири қонунгузориҳо дар самти замин, оиди музди меҳнат, нафақа, хизматрасони дар самти соҳаи тандурустӣ,ҳуқуқи истеъмолкунандагон, оиди шаҳрсозӣ ва меъморӣ, оиди ҳифзи табиат, самти андозсупорӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд,танзими ҷашну маросим ва ғайраҳо воқиф намуда, дониши ҳуқукии онҳоро то андозае боло бурдаанд.
Ҳамчунин вобаста ба иҷрои банди 11-и нақшаи зикршуда оиди ташкил ва гузаронидани «Рӯзи ахбороти ҳуқуқӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайяне ба иҷро расонида шуда, бо салоҳдиди бархе аз раисони Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят «Рӯзи ягонаи ахбороти ҳуқуқӣ» ташкил карда шуда,ташкили чунин рӯзҳо дар роҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ нақши муайяни худро ба ҷой гузошта истодаанд.Кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳри ноҳияҳо низ дар чунин рӯзҳо мутташакилона доири мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ баромад намудаанд.
Аз тарафи прокуратураи вилоят барои ҷоннок намудани кор вобаста ба ташкил ва гузаронидани рӯзи ягонаи ахбори ҳуқуқӣ тибқи нақшаи корӣ ба раисони Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус,Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ дар моҳи феврали соли равон ёрии амалӣ расонида шудааст.
Умуман дар давраи сипаригаштаи соли равон дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ 1728 маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳо баромад намуда, тавассути воситаҳои ахбори умум 395 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта баромад кардаанд.
Вобаста ба иҷрои банди 12-и нақшаи ишораёфта оиди ташкил намудани барномаи махсуси маърифати ҳуқуқӣ, дар телевизион ва радио иттилло дода мешавад, ки дар Телевизиони вилояти Хатлон барномаи махсуси «Инсон ва Қонун» ташкил карда шуда, мақсади ин барнома баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буда, прокуратураи вилоят доимо бо ин барнома алоқаи зич дошта, кормандони дастгоҳи марказии прокуратура вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо пайваста оиди масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ тариқи ин барнома баромад менамоянд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин барнома ҳафтае як маротиба доир мегардад. Дар радиои вилояти Хатлон ҳамчунин барномаи ҳарҳафтаинаи махсуси «Қонун ва ҷомеъа» ва дар он рубрикаи «Тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ» амал намуда, кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ пайваста тариқи ин барномаи ҳуқуқӣ баромад намуда, дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор мебошанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар вилоят ҳамчунин телевизиони шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, дар ин телевизионҳо низ барномаҳои «Маърифати ҳуқуқӣ» амал намуда, нақши намоёни худро дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мегузоранд.
Дар ин давра тавассути воситаҳои ахбори умум 395 маротиба, азҷумла, дар матбуот 152 маротиба, ба воситаи радио 131 маротиба ва тавассути телевизион 112 маротиба баромадҳо анҷом дода шудаанд. Вобаста ба иҷрои банди 13-и нақша оиди гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон ва донишҷӯён доир ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои сӯистеъмоли он, инчунин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавию варзишию фарҳангӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ аз тарфи кормандони прокуратура корҳои муйяне ба иҷро расонида шуда, дар ин давра доири пешгирии ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои мухадира ва сӯъистеъмоли он зиёда аз 120 вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шудааст.Чунин вохӯрию сӯҳбатҳо ҳамчунин бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва мактабу муассисаҳои дигари таълимӣ аз тарафи кормандони прокуратура зиёд анҷом дода шудаанд.
Вобаста ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо низ корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони прокуратура нуқтаҳои қонунгузориҳои кишвар дар байни аҳолӣ, фаҳмонида дода шудааст. кишвар ба аҳолӣ хабар расонида шудааст.
Ҳамчунин аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят дар бозорҳои ҳудуди вилоя ва дигар марказҳои савдо бо истеъмолкунандагон вохӯрӣ гузаронида шуда, ба суолҳои онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шудааст.
Чунин вохӯриҳо аз тарафи кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо низ ба анҷом расонида шудааст.Ба замми ин аз тарафи прокуратураи вилоят барои беҳтар шудани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва дар ин замина беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти тарбиявӣ аз тарафи муттасадиёни соҳа тариқи васоити ахбори омма низ баромадҳо анҷом дода шудааст.
Прокуратураи вилояти Хатлон ба иҷрои бандҳои нақшаи мазкур вобаста ба иҷрои Барномаи “Таълиму тарбияи ҳукуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030” диққати ҷиддӣ дода, минбаъд низ баҳри баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои дахлдор хоҳанд андешид.
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1
















