“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
Санҷишҳои прокурорӣ собит намуд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда дар фаъолияти масъулини мақомотҳои марбута дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудию норасогиҳо ба назар расида, аксаран фаъолияти масъулини соҳа ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқу тарғиб ва фаҳмонда додани талаботҳои қонуни зикршуда, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар байни наврасону ноболиғон ба таври дахлдор амалӣ карда намешаванд.
Аз ҷумла, вобаста ба масъалаҳои риояи шарту шароитҳои тарбия, таълим, нигоҳубини кӯдак, бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон чораҳои андешидаи масъулини соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят нокифоя буда, то ба ҳол қонунвайронкуниҳо, ба монанди ба таҳсил пурра фаро нагирифтани ноболиғон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва содирнамоии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба мушоҳида мерасанд.
Таҳлил нишон дод, ки танҳо дар се моҳи соли 2026 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 30 (26) ҷиноят аз ҷониби 40 (25) нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2025, 4 ҷиноят аз тарафи 15 нафар зиёд мебошад. Дар содиркунии ин ҷиноятҳо 38 нафар ноболиғон хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Н.Хусрав, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, Панҷ, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ва Ш.Шоҳин содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст.
Аммо содиркунии ҷиноят аз тарафи ноболиғон дар шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ-3, Вахш, Ҷайҳун, Норак 2-ҳолатӣ, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Хуросон, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор ва Муъминобод 1- ҳолатӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Аз шумораи ҷиноятҳои аз тарафи наболиғон ба қайд гирифташуда, дуздӣ 13 (11), расонидани зарари миёна ба саломатӣ 3 (1), авбошӣ 5 (2), таҷовуз ба номус ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона 1 (0), алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16 солагӣ нарасидааст 1 (0), вайрон кардани ҳаракати қоидаҳои роҳ 1 (0), қасдан несту нобуд кардани молу мулки ғайр 1 (0) ва дигар намуди ҷиноятҳо 5 (4) ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлил нишон дод, ки аз 30 ҷинояти дар ин давраи соли равон содирнамудаи ноболиғон 13 ҷиноят ё 43,3%-и онро ҷиноятҳои дуздии молу мулки ғайр ташкил медиҳад.
Оӯзиши ҳолати кор нишон дод, ки сабабҳои даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон аз як тарафи беназоратии падару модар бошад, аз тарафи дигар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарғиботию ташвиқоти оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон мебошад.
Ба худкушӣ даст задани ноболиғон то ҳол масъалаи ташвишовар боқӣ монда, дар ин давра 3 нафар ноболиғ, ки ҳамагӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд даст ба худкушӣ заданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат кам мебошад.
Сабабу омилҳои ба худкушӣ даст задани ноболиғон муноқишаҳои оилавӣ, авҷ гирифтани бемориҳои рӯҳи, ранҷидан аз насиҳати падару модар ва дигар ҳолатҳо мебошад. Қатъи назар аз кам шудани ин ҳодисаи номатлуб юбояд падару модар, омӯзгорон, ниҳодҳои дигари масъул ва ҷомеъа барои аз байн рафтани ин ҳолатҳро чораҳои қатъӣ андешанд.
Вобаста ба пешгиии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, дар байни ноболиғон ва дигар ниҳодҳои дахлдор аз тарафи кормандони прокуратура бо истифодаи васоити ахбори омма зиёд анҷом дода шуда, чунин вохӯриҳо минбаъд низ пайваста роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.
Шарифзода Дилшод Шомиддин, Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1
















