21:18:45 13-уми Майи 2026 сол

“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”

Прокуратураи вилоят баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ноболиғон ва ҷавонон дар асоси чорабиниҳои нақшавӣ ва қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва вилоят оид ба ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бевосита ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони маъюб ва кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд равона шудаанд, инчунин, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро дар қисми огоҳкунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба танзим медароранд ва дигар ҳолатҳои ба ин самти назорати прокурорӣ вобастабуда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

4 tarbiyai durusti farzand 55215454Дар давраи сипаригаштаи соли 2026 аз тарафи дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят дар ҳамоҳангӣ бо прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ 81 маротиба санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи он 442 амр, 202 пешниҳод, 380 эътироз оварда шуда, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 581 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 327 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 532 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи 9,1 млн сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.

Дар давраи таҳлилӣ бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт 85 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 324 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 314 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 58 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 168 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Восеъ), 2 парвандаи ҷинояти бо моддаи 169 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 141 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, маблағи 292 036 сомонӣ зарарҳои расонидашуда ошкор карда шуд, ки аз ин 201 986 сомонӣ зарар ба давлат буда, дар рафти тафтиши пешакӣ маблағи 115473 сомонии он барқарор карда шудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ҷой дошта, вобаста ба ин ҳолатҳо 20 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Дар ҳудуди вилоят 1401 муассисаҳои таълимӣ, аз ин 53 муассисаи ибтидоӣ, 125 муассисаи асосӣ, 1158 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 19 гимназия, 25 литсей, 8 мактаб–интернати кӯдакони ятим, 1 мактаб–интернати ёрирасон, 4 мактаб–интернати кӯдакони лаёқатманд (3 мактаб–интернат барои кӯдакони лаёқатманд ва 1 мактаб–интернат барои кӯдакони лаёқатманди ятим) ва 4 интернати наздимактабӣ фаъолият намуда истода, дар онҳо 9 00 598 нафар хонанда, аз ҷумла 436 252 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 33 413 хонанда нисбати соли таҳсили 2023-2024 зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии вилоят 48 263 нафар омӯзгор, аз он 29 613 нафар занон кору фаъолият намуда истодаанд, ки 1061 нафар нисбати соли хониши гузашта зиёд мебошад. Аз ин, бо таҳсилоти олӣ 34 086 нафар, бо таҳсилоти олии нопурра 2 477 нафар, бо таҳсилоти миёнаи махсус 10 208 нафар, 1 492 нафар омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, дар шуъбаю бахшҳои ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии омӯзгорӣ аз истеҳсолот ҷудо нашуда, таҳсил намуда истодаанд.

Дар вилоят 182 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда истоданд, ки нисбат ба соли гузашта 8 адад зиёд буда, дар онҳо 21319 нафар кӯдак ба тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди вилоят 1268 адад марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият доранд, ки 84144 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 17 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1793 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар ҳудуди вилоят иншоотҳои садамавии соҳаи маориф 15 адад, ба сохтмон ва таъмири асосӣ ниёздошта 50 адад мебошад, ки дар маҷмуъ 65 ададро ташкил медиҳад ва аз ин шумора дар 14 адад корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 13 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 13 нафар корманди муассисаҳои соҳаи маориф ва таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла нисбати 1 нафар мутахассис пешбари шуъбаи маориф (Фархор), 8 нафар директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (Ҷ.Балхӣ-2, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритус, Восеъ, Ховалинг ва Ш.Шоҳин 1-нафари) ва 1 нафар масъулин (Левакант) оғоз карда шудааст.

Санҷиши ҳолати истифодаи самараноки заминҳои муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки то инҷониб ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани заминҳои муассисаҳои таълимӣ ҷой дорад.

Масалан, бо қарори раиси шаҳри Бохтар аз 18 декабри соли 2025 таҳти №1018 ба қарори раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) аз 27 майи соли 2010 таҳти №258 “Дар бораи вобаста намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин” тағйиру илова ворид карда шуда, калимаҳои “дар масоҳати 0,34га” ба калимаҳои “дар масоҳати 0,30га” иваз карда шуда ва майдони қитъаи замини аз сохтмон озод дар масоҳати 400 м2 воқеъ дар маҳаллаи Хатлон, кӯчаи ба номи С.Вализода 3 ба заминҳои захираи шаҳр дохил карда шудааст. Майдони 400 м2 қитъаи замини бо қарори болозикр ба фонди захираи шаҳр гирифташуда дар тарҳи 286 харитаи заминистифодабарии шаҳри Бохтар ҷойгир буда, мувофиқи китоби баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои шаҳри Бохтар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №271 тасдиқ карда шудааст, ба ҳудуди заминҳои муассисаи давлатии таълимӣ дохил шуда, заминистифодабарандаи он Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошад.Бинобар хилофи талаботҳои моддаҳои 3, 9 ва 172 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул гардидани қарори мазкур аз тарафи прокуратураи вилоят 16 марти соли 2026 аз болои он эътироз оварда шуд.

Дар вилоят 14 муассисаҳои интернатӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 4 адад мақоми ҷумҳуриявӣ, 1 адад мақоми вилоятӣ, 1 адад парваришгоҳи наздимактабӣ, 1 адад интернати бачагони болаёқат, 1 адад мактаб-интернати ёрирасон ва 6 адад интернатҳои маҳаллӣ мебошанд. Дар онҳо 2502 нафар тарбиятгирандагон, ки аз онҳо 595 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.

Ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуда,бо натиҷаи санчишҳо баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта чораҳои эътиноии прокурорӣ андешида шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ собит намуд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда дар фаъолияти масъулини мақомотҳои марбута дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудию норасогиҳо ба назар расида, аксаран фаъолияти масъулини соҳа ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқу тарғиб ва фаҳмонда додани талаботҳои қонуни зикршуда, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар байни наврасону ноболиғон ба таври дахлдор амалӣ карда намешаванд. Аз ҷумла, вобаста ба масъалаҳои риояи шарту шароитҳои тарбия, таълим, нигоҳубини кӯдак, бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон чораҳои андешидаи масъулини соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят нокифоя буда, то ба ҳол қонунвайронкуниҳо, ба монанди ба таҳсил пурра фаро нагирифтани ноболиғон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва содирнамоии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба мушоҳида мерасанд.

Кормандони прокуратураи вилоят вобаста ба баланд бардоштани маърифаи ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф ва толибилмон ҳамчунин санҷишҳоро амалӣ намуда, барои беҳтар шудани фаъолият дар муасисаҳои таҳсилотӣ бевосита ба омӯзгорону масъулони соҳаи маориф ёрии амалӣ расонида, ҳамчунин 140 маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳо ва ҳамчунин тариқи васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) вобаста ба мавзӯъҳои ҳуқуқӣ баромад намудаааст.

Шарифзода Дилшод Шомиддин, Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ