«Маърифати ҳуқуқӣ - нишонаи эҳтиром ба қонун аст!»
Ҷамъбаст ва таҳлил нишон дод, ки кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи ҷамъбасти 6-моҳаи якуми соли 2026 баҳри иҷрои фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16-уми декабри соли 2025, дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолият дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ,корҳои муйянеро ба сомон расонидаанд.
Дар давраи ҷамъбасти зикршуда дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ 2796 маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳо баромад намуда, тавассути воситаҳои ахбори умум 692 маротиба оид ба натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта баромад кардаанд.
Аз ҷумла, дар матбуот 258 маротиба, ба воситаи радио 210 маротиба ва тавассути телевизион 224 маротиба баромад анҷом дода шуда, 12 вокуниш ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии васоити ахбори омма нишон дода шудааст.
Прокуратураи вилоят дар ин самти фаъолият пеш аз ҳама ҳамкориро бо воситаҳои ахбори умум дуруст ба роҳ монда, масъалаҳои муҳими аҳамияти умумидавлатӣ доштаро, ки ба вазъи қонуният вобастагӣ доранд, ба воситаи матбуот, радио ва телевизион ба самъи аҳолӣ расонидааст.
Масалан, тавассути барномаи «Инсон ва Қонун»-и ТВ-и Хатлон ва барномаи «Қонун ва Ҷомеъа»-и радиои вилоятӣ рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо оиди фаъолияти мақомоти прокуратура дар роҳи пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими қонуният баромад намуда, аҳолиро оиди кори прокуратура ва таъмини волоияти қонун аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шинос менамоянд.
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо ВАО дар ин давра ҳамкориҳо бо барномаҳои дигари радиои вилояти Хатлон вусъати тоза пайдо намуда, вобаста ба сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон ва нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар ҳамчунин ҳамкорӣ бо барномаи ҷавонии Радиои вилоятӣ ба роҳ монда шуда, имконият фароҳам сохта шуд, ки ҷавонони вилоят тавассути радио оиди ҳуқуқу манфиатҳои худ ва сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон ҳарчи бештар огоҳӣ пайдо намуда, савияи донишҳои сиёсию ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки қисмати зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил менамояну онҳо қувваи пешбар ва ояндадорӣ миллат маҳсуб меёбанд ва табиист, ки ҳамасола роҳбарияти прокуратураи вилоят ба ин масъала диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Вобаста ба иҷрои талаботҳои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 27 аз 15-уми феврали соли 2016 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба ташвиқу тарғиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа» пайваста диққат дода мешавад.Ҳамчунин дар ин давра кор бо расонаҳои хабарии «Авесто», «Ховар», «Азия-Плюс» ва дигар агентиҳои иттилотӣ хубтар ба роҳ монда шуда, ин амал бошад имкониятеро пеш овард, ки ба таври таъҷилӣ ва дар мӯҳлати кӯтоҳ аз тарафи гуруҳ оиди фаъолияти прокуратура дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ дошта, таҳлилҳо оиди ҳодисаҳои худкушӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, оиди ҳифзи муҳити зист, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагону ғайраҳо ҷораҳо андешида шуда , дар ин самт ба самъи аҳолӣ сари вақт тариқи ин оҷонсиҳо ва сайтҳои интернетӣ хабар расонида шавад.
Вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» ва гузаронидани чорабиниҳои тарғиботи ҳуқуқӣ ба хусусияти чунин чорабиниҳо аҳамияти хоса дода шуда, он дар доираи чорабиниҳои ҳуқуқи-соҳавӣ, ҳуқуқӣ-ҷамъиятӣ ва ҳукуқӣ-иттилотӣ сурат гирифтааст.
Дар ин асос корҳои тарғиботӣ дар асоси ин се рукни асосии ба роҳ мондани тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқии аз фармони фавқулзикри Прокурори генералии кишвар бароянда роҳандозӣ карда мешавад.
Ба ғайр аз тартиб додани нақша-чорабиниҳо вобаста ба масъалаҳои зикршуда, ҳамчунин бо мақсади муташшакилона ва сифатнок амалӣ намудани фаъолиятии кории прокуратура, нақша-чорабиниҳо вобаста ба мавзӯъҳои алоҳида бинобар муҳимияти масъала тартиб ва тасдиқ гашта, кор дар ин асос ба роҳ монда мешавад.
Тибқи нақшаи прокуратураи вилоят оиди баромад дар ташкилоту муассисаҳо, нақша-чорабиниҳо оиди баромади кормандони прокуратураи вилоят тариқи ВАО махсусан ба вохӯриҳо дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва маҳаллаҳо, минтақаҳои осебпазир аҳамияти хоса дода шудааст.Роҳбарияти прокуратураи вилояти Хатлон бо назардошти ваҷҳҳои ишораёфта ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ба кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои поёнӣ дастур дод, ки вохӯрию сӯҳбат, дигар чорабиниҳои моҳияти ҳуқуқӣ доштаро пеш аз ҳама дар деҳот зиёдтар ба роҳ монанд.
Дар асоси супориши прокурори вилоят ҳамчунин тамоми прокуророни шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки оиди фаъолияти прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо вобаста ба нигоҳ доштани низоми қонуният дар маҳаллаҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар нашрияҳои даврии шаҳру ноҳияҳо мақолаҳо чоп намуда, аҳолиро оиди фаъолияти прокуратураҳо воқиф намоянд.Супориши зикршудаи прокурори вилоят дар ин давра бо пуррагӣ ба иҷро расонида шуда, аз тарафи дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва тамоми 25 прокуророни шаҳру ноҳияҳо дар васоити ахбори оммаи маҳаллӣ мақолаҳо вобаста ба ҷамъбасти соли 2025 ва 3-моҳаи якуми соли равон 52 мақола дар нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо ба табъ расида, аҳолӣ оиди фаъолияти прокуратураҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, ба роҳ мондани тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар маҳаллаҳо вофиқ гардонида шуд.
Дар ин давра вобаста ба фаъолияти прокуратура оиди назорати риояи иҷрои қонунгузориҳо дар самти андоз, оиди мубориза бо терроризм ва экстремизм, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, танзими ҷашну маросим, тағйироту иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мубориза бо коррупсия, риояи қонунгузориҳо вобаста ба қоидаҳои бехатарии роҳ, истифодаи дурусти нерӯи барқ ва ғайраҳо пайваста тариқи радио ва телевизион баромадҳо анҷом дода шудааст.
Риояи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 9 -уми апрели соли 1997 зерри №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зерқонунии он дар прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, барои тарзи санҷиши он ба прокурорҳои поёни тавсияҳои методӣ дода шудааст.
Дар давраи ҷамъбастӣ 6 моҳаи якуми соли равон аз тарафи прокуратураи вилоят фаъолияти Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Панҷ, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Левакант, Қубодиён, М.С.Алии Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Ҷ.Румӣ, Дӯстӣ, аъзоёни шӯроҳои мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ба шӯроҳо ва аъзоёни онҳо барои беҳтар шудани фаъолияти таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ тибқи супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ расонида шуд.
Вобаста ба ошкор гаштани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва шӯроҳои мазкур унвонии сардорони раёсатҳои адлия, тандурустӣ, маориф ва фарҳанги вилоят 4 пешниҳод ирсол ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта талаб карда шуда, ҳамчунин оиди натиҷаи санҷиши фаъолияти Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар барномаи “Инсон ва қонун”-и ТВ Хатлон баромади танқидии ёрдамчии калони прокурори вилоят Варқаи Зайниддин намоиш дода шуд.
Чунин баромад тариқи барномаи “Қонун ва ҷомеъа”-и Радиои вилояти Хатлон низ анҷом дода шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои ошкор кардани ҷиноятҳо, натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи зиёди аҳли ҷомеъа қарор доранд ва амалияи санҷишҳои прокурорӣ тибқи талаботи фармони зикршудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ин масъала ба прокуророни шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ба прокуратураи вилоят оиди амалия санҷишҳои муҳими прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ҷалбкунанда сари вақт ахборотҳоро пешниҳод намоянд.
Дар давраи ҷамъбасти 6 моҳаи якуми соли равон вобаста ба супориши доимиамалкунандаи Прокурори генералии кишвар оиди ирсоли маводҳо барои ҷой намудан дар сомонаи Прокуратураи генералии ҶТ маводҳо, дискҳо бо 32 сабти навор, оиди баромади кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аз барномаи «Инсон ва қонун»-и ТВ «Хатлон» ва маводҳои таҳлили амалияи назорати прокурорӣ ва мақолаҳо ирсол карда шудааст.
Ба масъалаи риояи ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 7-уми феврали соли 2009, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва тахлилии воситаҳои ахбори омма» диққати ҷиддӣ дода шуда, дар мактубу супоришҳои худ аҳамияти иҷрои ин фармон пайваста таъкид карда шуда, 12 маводи дар нашрияҳои даврии кишвар чопгашта мавриди санчишу вокуниш нишон додан қарор дода шудаанд.
Аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят толори судӣ низ ҳамчун воситаи пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он истифода истифода бурда мешавад. Кормандони прокуратураи вилоят дар ин давра баҳри баланд бардоштани накши тарбиявии судҳои сайёр ва минбари суди диққати махсус додаанд.Дар ин муддат аз тарафи судҳои вилоят дар маҷлисҳои сайёри судӣ 669 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 688 нафар судшаванда баррасӣ гардидааст.
Қайд бояд намуд, ки дар баррасии онҳо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ таъмин карда шуда, дар танаффуси судӣ онҳо дар назди иштирокчиёни мурофиа, дар иштироки васеъи аҳли ҷомеъа баромадҳо карда, моҳияти хавфнокии ҷиноятҳои содирнамудаи судшавандагон ва сабабу шароитҳоеро, ки ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидат кардаанд фаҳмонида додаанд.
Дар ин самт аз ҳама бештар кормандони прокуратураҳои ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ховалинг, Вахш, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Панҷ, Ш.Шоҳин, Муъминобод,Кӯшониён, Ҷайҳун, Восеъ, Н.Хусрав, А.Ҷомӣ, Ёвон Норак, Кӯлоб ва дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят саҳм гузоштаанд.
Кормандони прокуратураҳо бояд гуфт, ки дар баррасии парвандаҳои ҷиноятии зиёд дар судҳои сайёр иштирок карда, дар танаффуси судӣ минбари судиро бо мақсади тарғибу ташвиқи қонунҳо истифода бурдаанд.Гузаронидани ҷалласаҳои судҳои сайёр барои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳимеро мебозанд, аз ин рӯ прокуратураи вилоят барои фаъолнокии онҳо ва ширати пайвастаи прокурорҳо дар ҷалласаҳои судҳои сайёр пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.
Прокуратураи вилояти Хатлон дар ин самти муҳими фаъолияти прокурорӣ кӯшиш менамояд, ки корро беҳтар ба роҳ монда, ҳамкориро бо васоити ахбори омма зичтар намуда, дар таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон алалхусус вобаста ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ, фарҳанги ҳуқуқии анозсупорандагон,тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ фаъолиятро беҳтар намуда, диққату андешаи шаҳрвандонро бештар ба фазои иттилотии кишвар ҷалб намуда, дар балан бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии дахлдор саҳми назарравси худро гузорад.
Варқаи Зайниддин,Ёрдамчии калони прокурори вилоят мушовири адлияи дараҷаи 1
















