06:37:37 14-уми Июли 2026 сол

“Қонунгузориҳо вобаста ба истифодаи қувваи барқ!”

Прокуратураи вилоят дар самти таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 68 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 2924 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 613 амр, 48 эътироз ва 93 пешниҳод оварда шуда, нисбати 250 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1374 нафар моддӣ, 505 нафар маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 65.1 млн сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 44 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 10 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 14 парвандаҳои ҷиноятии дорои хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ мебошанд.

quvvai barq 89554216545455Ҷамъбастӣ нишон дод, ки кормандони баъзе аз шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ бояд масъалаи пешгирии дуздии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, пешгирии талафот ва напардохтани маблағи истифодаи қувваи барқро гиранд, лекин баръакс дар баъзан мавридҳо худ даст ба қонунвайронкунӣ зада, маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъоварикардашударо азонихуд намуда, бо ин роҳ ба манфиати давлат ва шабакаҳои барқ зарарҳои молумулкӣ мерасонанд.

Чунончи, Ғуломов Д.Р. дар вазифаи назоратчии шабакаҳои барқи ноҳияи Дустӣ кор карда, аз соли 2024 то моҳи майи соли 2026 бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз 113 муштарӣ, ҷамъ маблағи 15794 сомониро ҷамъоварӣ карда, онро азонихуд ва ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон 04 июни соли 2026 нисбати Ғуломов Д.Р. бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ба ҳамин монанд, нисбати 20 нафар назоратчиёни Шабакаҳои барқии вилояти Хатлон, аз ҷумла назоратчии шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар Баҳридинов Н., назоратчиёни шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ Юсупов С., Палвонов М., назоратчии шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳритус Раматуллоев А., назоратчиёни шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон Раҳимзода Қ, Розиқов С.Р., назоратчии Шабакаҳои барқии ноҳияи Дустӣ Ғуломов Д., назоратчиёи ноҳияи А.Ҷомӣ Мирзоев Л., Айматов Р ва назоратчии Шабакаҳои барқии ноҳияи Восеъ Анваров О., ки ҷамъ 384601 сомонӣ маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро аз муштариён ҷамъоварӣ намуда, аз они худ намудаанд, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ё ин ки масъулини Шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ бо мақсади хуб нишон додани натиҷаҳои кории худ ва кам намудани талафоти қувваи барқ 8 млн 297 ҳаз 372 кВт соат қувваи барқи истифоданашударо дар суратҳисоби идораву муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои мазкур ворид намуда, ғайриқонунӣ ба маблағи 2 млн 685 ҳаз 577 сомониро қарздор намудаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур 25 апрели соли 2026 аз ҷониби прокуратураи вилоят бо моддаҳои 299 қисми 1 ва 340 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Инчунин, аз беназоратии масъулини шабакаҳои барқ истифода намуда, баъзе соҳибкорон ва шаҳрвандон ба ғайриқонунӣ истифода намудани қувваи барқ даст задаанд, ки ин ҳолат метавонад ба рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ таъсири манфӣ расонад.

Чунончї, Наврӯзов Г.И. истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Вобкант қаблан соли 2025 барои бидуни ҳисобкунаки барқи истифода намудани қувваи барқ дар пойгоҳи обкашӣ (насоси обкашӣ) бо моддаи 382 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, такроран ба дуздии барқ даст задааст.

Бинобар ин, 22 майи соли 2026 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Қубодиён нисбати Наврузов Г.И. бо моддаи 253 иловаи 1 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Қарзи истифодаи қувваи барқ ба ҳолати 1 июни соли 2026 1 миллиарду 211 миллиону 165 ҳазор сомониро ташкил дода, ки аз ин, 418 миллиону 685 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 34,57 % ба аҳолӣ тааллуқ дошта, нисбат ба аввали соли 2026 ба маблағи 44 млн. 200 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 22 млн. 516 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 50,94% ба аҳолӣ ва 21 млн 683 ҳазор сомонӣ ба дигар ташкилоту корхонаҳо рост меояд.

Маблағи қарз ба ташкилоту муассисаҳо (саноат) 401 млн. 838 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 33,17%, корхонаҳои буҷетӣ 86 млн. 190 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 7,11% ва аҳолӣ 418 млн. 685 ҳазор сомон, ё ин ки 34,57% рост меояд.

Бештари қарзҳо ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар 173,4 млн., Кӯлоб 158,06 млн., Восеъ 73,4 млн., А.Ҷомӣ 63,9 млн., Кӯшониён 62,6 млн., Қубодиён 44,7 млн., Ҷ.Балх, 43,1 млн., Левакант 40,8 млн., Данғара 35,8 млн., Фархор 32,4 млн., Шаҳритус 31,6 млн., Панҷ 29,0 млн., Вахш 75,3 млн., Дӯстӣ 28,7 млн., Ҷайҳун 28,2 млн., Ховалинг 26,0 млн., Ҳамадонӣ 25,4 млн., Хуросон 23,3 млн., Темурмалик 16,6 млн., Муъминобод 15,6 млн., Ш.Шоҳин 7,2 млн.,Н.Хусрав 5,5 млн. ва Балҷувон 2,6 млн. сомонӣ рост омада, ба истиснои шаҳрҳои Бохтар, Кулоб ва ноҳияи Данғара дар дигар шаҳру ноҳияҳо тамоюли болоравӣ дорад.

Дар ин давра дар асоси амрҳои прокурорӣ маблағи 65.1 млн. сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ барқарор карда шудааст. Инчунин, вобаста ба рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ 51 аризаи даъвогӣ ба маблағи 50,1 млн. сомонӣ ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ оварда шудааст, ки онҳо баррасӣ ва қонеъ карда шуда, аз он маблағи 8,6 млн сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар маҷмӯъ бо санадҳои эътиноии прокурорӣ ба маблағи 115,2 млн сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ чораандешӣ карда шуда, аз ин маблағи 73,8 млн. барқарор гардидааст, ки аз қарзи умумии 1,2 милиард сомонӣ 6,9% -ро ташкил медиҳад.

Прокуратураи вилояти Хатлон ба риояи иљрои қонунгузориҳои дар самти энергетика ва дар ин асос оиди истифодаи қувваи барқи диққати љиддї дода, назоратро вобаста риояи иљрои қонунгузорҳо дар ин самт пурзӯр хоҳад кард.

Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараљаи 2 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ