13:50:25 02-уми Июни 2025 сол

ФАВТИ ДУ БЕМОР ПАС АЗ ПАЙВАНДИ ГУРДА

Аз се бемор, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон дар онҳо амали пайванд ё трансплантатсияи гурда ё куля анҷом шуда буд, ду нафари онҳо ахиран фавт кардаанд. Ба гуфтаи Соҳибназар Раҳмонов, муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, фавти ин ду нафар баъд аз ду моҳи анҷоми амалиёт сурат гирифта ва ба фаъолияти пизишкон ҳеч рабте надоштааст.

 

Оқои Раҳмонов рӯзи чаҳоршанбеи 13 январ дар нишасте хабарӣ гуфт ин амалиёти душворро, ки дар авоили моҳи ноябр барои бори нахуст дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе сурат гирифт, пизишкони тоҷик анҷом додаанд. Он замон расонаҳои гурӯҳӣ аз муваффақияти пизишкони тоҷик хабар дода ва навишта буданд, ки ҳамакнун бемороне, ки ниёз ба табдили гурда доранд, барои иҷрои ин амр ба хориҷ аз кишвар сафар нахоҳанд кард.

 

Соҳибназар Раҳмонов мегӯяд, ки анҷоми чунин амалиёт дар оғоз душвориҳоеро ба дунбол дорад, вале бо ин вуҷуд дар фавти ин беморон пизишкон муқассир нестанд. Вай афзуд, ки баъд аз анҷоми чунин амалиёт беморон бояд муддате аз доруҳои гаронқимате истифода кунанд ва таҳқиқи ин ду ҳодиса ошкор кардааст, ки афроди фавткарда аз ин муқаррарот сарфи назар кардаанд.

 

Оқои Раҳмонов хабар дод, ки бо вуҷуди фавти ин ду бемор, қарор аст таҷрубаи анҷоми амалиёти табдили гурда ё пайванди гурда дар Тоҷикистон идома ёбад. Зеро ба гуфтаи вай, ҳамасола дар ин кишвар ҳудуди 50 нафар ба чунин амал ниёз доранд. Муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон дар суҳбате ҷудогона ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло бархе аз ниёзмандон барои анҷоми чунин амал ба Чин ё Эрон сафар мекунанд, ки дар ниҳоят махориҷи ин амр ҳудуди 70-80 ҳазор дулорро ташкил медиҳад.

 

Вале ба гуфтаи вай, дар муасиссаҳои давлатии беҳдоштии Тоҷикистон чунин амал 29 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 6,5 ҳазор дулор арзиш дорад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдошт пардохти панҷоҳ дарсади ин маблағро ба зимма мегирад. Ҳоло ба гуфтаи оқои Раҳмонов, ҳудуди 25 нафар аз бемороне, ки ба пайванди гурда ниёз доранд, таҳти муроқибат ва омӯзиши пизишкон қарор доранд ва интизор меравад дар зудтарин фурсат ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.

 

Муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло аз хориҷи кишвар таҷҳизоти вижае барои ташхиси сиҳҳатии гурдаҳое, ки пайванд мешаванд, харидорӣ шудааст. Ба гуфтаи Соҳибназар Раҳмонов, барои анҷоми амалиёти муваффақи пайванди гурда истифода аз доруҳои гаронқимат, ки вазорати беҳдошт харидорӣ кардааст, зарурист. Минбаъд, ба гуфтаи оқои Раҳмонов, танҳо он идда аз ниёзмандоне амал мешаванд, ки тавони молии истифода аз ин доруҳоро доранд.

 

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Салимов, вазири беҳдошти Тоҷикистон, хабар дод, ки то авохири соли ҷорӣ дар ин кишвар маркази амалиёти табдили аҷзои ҷигар низ фаъол мешавад. Ҳамзамон қарор аст дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ду маркази ҳамли маснуъӣ ба фаъолият оғоз кунад ва бад-ин манзур таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ хоҳад шуд.

 

Зимнан, соли гузашта мавзӯъи муҷоз сохтани ҳамли маснуъӣ дар Тоҷикистон баҳсҳоеро дар порлумони ин кишвар ба дунбол дошт. Ҳоло, ба гуфтаи оқои Салимов, теъдоди зиёде аз занҳо дар Тоҷикистон, ки мушкили ҳамл доранд, ночор ҳастанд барои ҳомила шудан ба марокизи беҳдоштии кишварҳои хориҷӣ муроҷеъа кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1538-favti-du-bemor-pas-az-payvandi-gurda.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854