13:41:14 02-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ҶАРОИМ БА ДУНБОЛИ ҚОНУНИ АФВ

Кормандони интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар ду ҳафтаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар шаш мавриди қатл ба таври бераҳмона сабт шудааст. Ба гуфтаи онҳо чунин теъдоди мавориди қатл дар фурсати кӯтоҳ бесобиқа будааст.

 

Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохила ё кишвари Тоҷикистон ин шаш мавриди қатл дар шаҳри Душанбе ва як маврид дар вилояти Бадахшон сабт шудааст. Бархе аз кормандони вазорати кишвар ва пулис таъкид мекунанд, ки маъмулан пас аз эъмоли Қонуни афв мавориди ҷурм барои муддате боло меравад. Аммо ба гуфтаи онҳо ба хусус мавориди қатл дар оғози соли ҷорӣ ба хусус нигаронкунанда аст.

 

Дар яке аз ин маворид писари 10 сола дар яке аз таҳхонаҳои шаҳри Душанбе таҷовуз ва баъдан кушта шудааст. Дар мавриде дигар зану шавҳари мусин дар манзили худ кушта шуда ва сипас бадани онҳоро қисмат кардаанд.

 

Шаш мавриди қатли бераҳмона, дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки Қонуни афви поизи соли гузашта дар ҳоли ба иҷро даромадан аст. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ин мавориди қатл ба зиндониёне, ки ба тозагӣ аз зиндонҳо раҳо шудаанд марбут будааст.

 

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев гуфт, ки муҷримини чаҳор мавриди қатл ки ахиран рух дода, боздошт шудаанд. Вай ба ин савол, ки оё муттаҳамони қатл, воқеъан афроде ҳастанд, ки ахиран мавриди Қонуни афв қарор гирифтаанд ё хайр, гуфт: "Ман фақат инро гуфта метавонам, ки бархе аз онҳо қаблан зиндонӣ будаанд."

 

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон таҷруба нишон медиҳад, ки пас аз ба таври густарда мавриди афв қарор гирифтани зиндониён иртикоби ҷиноёти кучак низ афзоиш меёбад. Равоншиносон ва масъулони пулис мегӯянд, бархе аз зиндониён ба ин хотир муртакиби ҷиноят мешаванд, ки ба зиндон баргарданд. Зеро ба гуфтаи онҳо баъзе аз онҳо пас аз солҳои тӯлонӣ дар зиндон наметавонанд худро ба зиндагии оддӣ мутобиқ созанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1571-afzoishi-jaroim-ba-dunboli-konuni-aft.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854