02:50:15 01-уми Июни 2025 сол

ТАРКИШ ДАР ПАНҶ ДУ КӮДАКРО КУШТ

Дар ноҳияи Панҷ ду кӯдаки хурдсол бар асари таркиши маводи тарканда ҷони худро аз даст додаанд ва якеи дигар феълан дар бемористон бистарист.

 

Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо хабар медиҳад, рӯзи 19-уми январи соли 2010 дар ҷамоати Меҳровар, қишлоқи Гушун-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ду писарбачаи синни мактабӣ Шарипов Ҳазратшо (соли таваллудаш 1995), Амирбеков Шукрихудо (соли таваллудаш 1998) бо ҳамроҳии Шарипов Сайфулло (соли таваллудаш 2004) ҳангоми бозӣ кардан дар канори ҷуйбори калон аз даруни гил маводи оҳанини номаълумро меёбанд, онро ба даст гирифта, ба наздикии хирмангоҳ бурда, ба он бо санг зарба мезананд ва дар натиҷа таркиши маводи тарканда ба вуҷуд меояд.

 

Бар асари ин инфиҷор Шукрихудои 12-сола дар ҷои ҳодиса аз захмҳои вазнин ба ҳалокат мерасад ва Ҳазратшои 15-сола баъди як рӯз дар шифохонаи марказии ноҳияи Панҷ бо сабаби ҷароҳатҳои зиёд ҷон аз даст медиҳад. Сайфуллои 6-сола айни ҳол дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе таҳти муолиҷаи табибон қарор дорад.

 

Ин марказ бо таъкид ба он ки чӣ гуна кунҷковии бемаврид нисбат ба маводи ношинос ва тасодуфан дарёфтшуда, метавонад пайомади марговарро ба бор оварад, хабар медиҳад, ки дар мактабе, ки кӯдакони ҳалокшуда таҳсил мекардаанд, лавҳаи махсус роҷеъ ба «Хатари Мина» қарор дорад, ки аз хавфи мина ва муҳимоти тарканда огоҳ месозад. Дар ин мактаби № 39-и деҳаи Гушун инчунин маводҳо оид ба Барномаи «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» дар байни хонандагон тақсим шуда будааст.

 

Бино ба баъзе маълумоте, ки дастраси Марказ шудааст, ҷое, ки кӯдакон маводи таркандаро ёфтаанд, қаблан партобгоҳи нерӯҳои сарҳадии Русия будааст. Канда шудани риштаи ҳаёти ду писарбача дар Панҷ шумори қурбониёни мина ва маводҳои таркандаро дар Тоҷикистон ба 358 нафар расонидааст ва шумораи умумии ҷабрдидагон 449 нафарро ташкил медодааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1616-2010-01-26-10-22-46.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854