ТАҒЙИРОТИ ИҚЛИМӢ ВА ОСЕБИ ОН БАР ТОҶИКИСТОН
Созмони Оксфам бахшҳои кишоварзӣ ва энержии Тоҷикистон ва ақшори фақири ҷомеъаи ин кишварро дар баробари тағйироти иқлимӣ осебпазир хондааст. Дар гузориши ин созмони бритониёӣ бо номи “Тағйироти иқлимӣ ва фақр дар Тоҷикистон”, ки рӯзи чаҳоршанбеи 17 феврал дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе муъаррифӣ гардид, Тоҷикистон дар канори 9 кишвари ҷаҳон аз осебпазиртарин мамолик аз тағйироти иқлимӣ унвон шудааст.
Дар ин гузориш омадааст дар ҳоле ки Тоҷикистон гозҳои гулхонаии камтаре ба фазо партоб мекунад ва аз ин лиҳоз дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар радаи 109-ум қарор дорад, вале дар муқоиса бо соири мамолики минтақа ин кишвар аз тағйироти иқлимӣ ва боло рафтани дамои ҳаво осеби бештаре дидааст.
Гуфта мешавад дар зарфи 50 соли ахир дамои ҳаво дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ним то 2 дараҷа боло рафта ва ин амр ба об шудани 20 дар сад аз майдони пиряхҳои ин кишвар мунҷар шудааст. Тибқи гузориши созмони Оксфам, имкон дорад то соли 2050 майдони пиряхҳои Тоҷикистон 30 дар сад коҳиш ёфта ва ин вазъ ба афзоиши мавориди ҷорӣ шудани селу обхезӣ ва дар ниҳоят, ба коҳиши 40-дарсадии сатҳи оби рӯдхонаи Омӯдарё мунҷар шавад.
Асароти тағйироти иқлимӢ ба арсаи кишоварзӢ
Андӣ Бейкер, раҳбари намояндагии созмони Оксфам дар Тоҷикистон, гуфт бар асоси пажӯҳише, ки ин созмон дар навоҳии Спитамен ва Ғончӣ, дар шимол, ва Восеъ, Фархор ва Темурмалик, дар ҷануби Тоҷикистон, дар моҳи октябри соли 2009 анҷом додааст, умдатан сокинони рустоҳо, бахусус кишоварзон аз тағйироти иқлимӣ осеб дидаанд.
Оқои Бейкер таъкид кард бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистон як кишвари умдатан кишоварзӣ буда ва беш аз 70 дарсади ҷамъияти он дар рустоҳо ба сар мебаранд, осеб дидани бахши кишоварзӣ метавонад боъиси камбуди маводди ғизоӣ, афзоиши теъдоди бекорон ва мизони фақр дар манотиқи рустоӣ шавад.
Аз ҷумла, Саидмузаффар Тӯрақулов, кишоварз аз ноҳияи Темурмалик, ба созмони Оксфам гуфтааст, ки дар чаҳор соли ахир бар асари боло рафтани дамои ҳаво ва гарон будани қимати куди шимиёӣ ҳосилноки мазореъи вай ҳудуди 30 дар сад коҳиш ёфтааст. Афзун бар ин, ба гуфтаи оқои Тӯрақулов, ба иллати хушксолии соли 2008 кишти ғалла нобуд шудааст. Тибқи гузориши созмони Оксфам, дар соли 2008 чиҳил дар сади маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бар асари хушксолӣ талаф гардидааст.
Аммо масъулони вазорати кишоварзӣ ва коршиносон дар Тоҷикистон ин рақамро ғайривоқеъӣ хонда ва гуфтанд, ки соли гузашта барои бахши кишоварзӣ мусоъид буда ва барои аввалин бор дар ин кишвар ба миқдори як милюну 200 ҳазор тун ҳосили ғалла ҷамъоварӣ шудааст. Қурбоналӣ Партоев, коршиноси умури кишоварзӣ таъкид кард, ки ба миқдори 1 то 2 дараҷа боло рафтани дамои ҳаво ба маҳсулнокии сабзиҷоту меваҷот асаре нахоҳад гузошт.
Коршиносони созмонҳои муҳити зист ин иддаъоро нодуруст хонда ва гуфтанд, ки баланд шудани дамои ҳаво ба афзоиши ҳашароти осебрасон мунҷар гашта ва тақозо барои обёрӣ низ бештар хоҳад шуд. Гузашта аз ин, ба эътиқоди ин коршиносон, кишт шудани ғаллот дар таллу теппаҳо хатари резиши хок ва фурӯ рафтани теппаҳоро ба миён оварда ва ба вазъияти муҳити зист латмаи ҷиддӣ ворид мекунад.
Мубоҳисот дар атрофи гузориши Оксфам
Бештари ширкаткунандагони ҳамоиш аз гузориши созмони Оксфам дар мавриди асароти тағйироти иқлимӣ ба сокинони Тоҷикистон истиқбол карда ва онро як гоми муҳим барои мутталеъ сохтани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти муҳити зисти Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, бархе аз донишмандони тоҷик арқом ва натиҷагириҳои ин гузоришро носанҷида ва муғойир бо арқоми расмии ин кишвар талаққӣ карданд.
Ба гуфтаи дуктур Абдулҳамид Қаюмов, донишманди тоҷик, дар гузориши созмони Оксфам аз пажӯҳишҳои илмӣ дар ин замина истифода нашуда ва танҳо ба мусоҳибаҳо бо сокинони панҷ ноҳияи Тоҷикистон иктифо шудааст. Дуктур Қаюмов гуфт аз ҷумла, донишмандони Тоҷикистон дар мавриди вазъи пиряхҳои ин кишвар ва асароти обшавии сареъи онҳо бар муҳити зисти минтақа пажӯҳишҳое анҷом додаанд.
Ӯ таъкид кард, ки барои роҳандозии маъмурияти илмию пажӯҳишии бахши муҳити зист сармояи ҳангуфте лозим аст ва дар сурати мусоъидати молии созмонҳои байналмилалӣ ин гуна маъмуриятҳо анҷом шуда ва вазъи воқеъии пиряхҳо ва мушкилои аслии муҳити зист рӯшан хоҳад шуд.
Андӣ Бейкер, раҳбари намояндагии созмони Оксфам дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар Кунфронси СММ дар мавриди тағйироти иқлимӣ дар Купенҳог дар моҳи декабри соли гузашта дар мавриди тахсиси ҳудуди 30 милёрд дулор кумакҳои молӣ барои муқобала бо паёмадҳои тағйироти иқлимӣ барои солҳои 2010 то 2012 тавофуқ шудааст. Дар назар аст дар соли 2020 ин маблағ то ба 100 милёрд дулор афзоиш ёфта ва бахши аъзами ин маболиғ ба кишварҳои фақире чун Тоҷикистон ироа шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1771-2010-02-17-20-28-22.html