МАҲКУМИЯТИ ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИК ДАР ӮЗБАКИСТОН
Додгоҳе дар шаҳри Тошканд як табаъаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми даст доштан дар қатли Марк Вайл, коргардони яке аз теотрҳои ин шаҳр, ба ҳудуди 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Гуфта мешавад Ёқуб Ғафуров, табаъаи 37-солаи тоҷик, ки дар баҳори соли гузашта ба ҳамроҳии гурӯҳе аз афрод аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон боздошт шуд, аз соли 2001 ба ин сӯ мавриди ҷустуҷӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон қарор доштааст.
Ба навиштаи сойти "Узметроном" додгоҳи Мирободи шаҳри Тошканд рӯзи чаҳоршанбеи 17 феврал се тан аз аъзои ин гурӯҳро дар қатли Марк Вайл, коргардони теотри "Илҳом" дар ин шаҳр муҷрим шинохтааст. Ин манбаъ мегӯяд додгоҳ Ёқуб Ғафуров ё Ёқуб Аҳрорзодаро, ки зарбаи марговареро бар ҷисми ин ҳунарманди теотр ворид карда буд, ба муҳлати 20 сол ба зиндон маҳкум кард. Вай панҷ соли аввалро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.
Додгоҳ ҳамчунин Қаҳрамон Пулодов ва Алишер Сатторов, кормандони собиқи пулиси Ӯзбакистонро низ дар робита ба ин парванда барои 17 сол ба зиндон равона кардааст. Аммо ин афрод мавриди афв қарор гирифта ва давраи маҳкумияташон ҳудуди чаҳору ним сол коҳиш дода шудааст. Додгоҳ оқои Ғафуровро маъоф накардааст. Гуфта мешавад фарди дигаре ҳам ба номи Умед Исҳоқов ҳамчунон мавриди пайгарди пулиси байналмилалӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол сойтҳои "Узметроном" ва "Узнюз", ки худро хабаргузориҳои мустақил дар Ӯзбакистон муъаррифӣ мекунанд, дар истинод ба манобеъи додгоҳӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар иттилоъоте дар бораи Ёқуб Ғафуров, ки шаҳрванди Тоҷикистон муъаррифӣ мешавад, мунташир кардаанд. Аз ҷумла ба навиштаи ин ду манбаъ, оқои Ғафуров аз соли 2001 ба ин сӯ тибқи ду моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯйи маъмурони интизомию амниятии ин кишвар қарор доштааст.
Аммо мақомоти интизомию амниятии Тоҷикистон дар ин бора ҳануз ибрози назаре накардаанд. Дар баҳори соли 2009 маъмурони интизомии Ӯзбакистон гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо шахсе ба номи Машрап Бердиев, мутаваллиди соли 1962 ва табаъаи Русия ҳам будааст.
Сипас, таҳқиқот мушаххас карда, ки ин шахс дарвоқеъ оқои Ғафуров буда ва бо шиносномаи ҷаълии Русия ва бо номи дрӯғин то соли 2007 дар он кишвар ба сар мебурд ва баъдан, дар пайи ташдиди низоми шиноснома дар Русия ба Тошканд рафта ва бо як табаъаи Ӯзбакистон издивоҷ кардааст. Ин манобеъ ҳамчунин навиштаанд, ки дар ҷараёни бозпурсӣ оқои Ғафуров эътироф карда, ки дар қатли ҳунарманди теотр даст доштааст.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки қабл аз сафар ба Русия аз ҷумлаи мухолифони давлати Тоҷикистон буда ва ба ҳамин далел ночор шудааст кишварашро тарк кунад. Манобеъи интизомии Ӯзбакистон ҳамчунин гуфтаанд, ки Ёқуб Ғафуров як шахси мазҳабӣ буда ва дар моҳи майи соли гузашта нахуст ба занни ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи "Ваҳҳобия" боздошт шуда ва дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Тошканд нигоҳ дошта мешуд.
Вале иқрори вай ба даст доштан дар қатли коргардони теотр гиреҳи ин ҷурмро боз кардааст. Тоҷикистону Ӯзбакистон бар асоси қарордодҳои ду кишвар дар чорчӯби Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд метавонанд зиндониёнро ба кишварҳои ҳамдигар мустарад кунанд. Вале то кунун аз мавориди истирдоди атбоъи ин ду кишвар ба ҳамдигар иттилоъе дар даст нест.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1777-2010-02-18-14-50-43.html