20:37:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

КАШФИ БЕШ АЗ 100 КГ ҲЕРУИН ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН

 

 Дар пайи амалиёти кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, беш аз 100 кг ҳеруин кашф ва забт шудааст.

Масъулони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 16 июн ба Би-би-сӣ гуфтанд, ин миқдор ҳеруин, зимни амалиёти фаврӣ дар наздикии марзи ин кишвар бо вилояти Бодканди Қирғизистон, 300 метр дуртар аз роҳи утумбилрави Хуҷанд - Конибодом кашф ва мусодира шудааст.

Зеро ба гуфтаи ин масъулон, қочоқбарони маводи мухаддир, ки гуфта мешавад ду нафар будаанд, маводро гузошта ва бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави Қирғизистон паноҳ бурданд.

Ҳамакнун мушаххас шудааст, ки маводи забтшуда тавлиди Афғонистон буда ва барои бори аввал аст, ки ин миқдор ҳеруин дар қаламрави вилояти Суғд кашф ва мусодира шудааст. 

Ҳарчанд гузоришҳо ҳокист, ки дар муддати панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд, ҳудуди 300 кг маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки нисфи онро ҳеруин ташкил медиҳад.

Аммо масъулони ожонс мегӯянд, кашфу мусодираи беш аз 100 кг ҳеруин дар шимоли Тоҷикистон ба фаъолияти кормандони ин ниҳоди амниятӣ дар чорчӯби амалиёти мавсум ба "Кӯкнор -2009" таъаллуқ мегирад. 

"Кӯкнор-2009" идома дорад

Ин дар ҳолест, ки масъулони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, амалиёти "Кӯкнор - 2009" бо ширкати куллия ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ин кишвар дар қалмрави кишвар ҷараён дорад.

Ба гуфтаи Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи гузашта дар чорчӯби ин амалиёт дар қаламрави ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон беш аз 2 ҳазору 300 бех бангдона ва хашхош кашф ва нобуд карда шудааст. 

Оқои Раҳматуллоев ҳамчунин гуфт, ки кормандони ин ниҳод дар навоҳии Шаҳринав ва Рӯдакӣ, воқеъ дар ҳумаи пойтахт низ, ҳудуди 400 бех бангдонаро кашф ва аз тариқи сӯзондан, нобуд карданд. 

Ҳарчанд ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, амалиёти Кӯкнор - 2009" дар қаламрави кишвар идома дорад, аммо нахустин моҳи иҷрои ин амалиёт, дар сареътарин муддат, натиҷагирӣ хоҳад шуд. 

Душанбе ба "Кӯкнор -2009" пайваст

Тибқи мусавабаи Маҳмадсаъид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе амалиёти "Кӯкнор - 2009" дар қаламрави шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ маврид иҷро гузошта мешавад.

Шавкат Саъидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ҳадаф аз иҷрои ин амрро кашф ва нобуд кардани рустаниҳои нашъадор ва тақвияти муқобала алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави пойтахти Тоҷикистон унвон кард. 

Бар асоси ин мусаваба, амалиёти "Кӯкнор - 2009" дар қаламрави пойтахт аз 1 июни ҷорӣ то 30 ноябр идома хоҳад дошт.

Ба ин далел бо дастури шаҳрдории Душанбе, дар чаҳор ноҳияи пойтахт ситодҳои вижа ба манзури иҷрои ин тадбир таъсис хоҳад шуд.

Ҳамчунин пулис ва Идораи амнияти шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки тарҳи тадобири марбут ба иҷрои амалиёти "Кӯкнор -2009" ро таҳия ва ба шаҳрдорӣ ва Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир пешниҳод кунад.

Ин дар ҳолест, ки кормандони Вазорати кишвари Тоҷикистон, танҳо дар шаби гузашта дар шаҳри Душанбе, пойтахт, беш аз 60 кг маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ кашфу мусодира кардаанд.

Зимнан, амалиёти "Кӯкнор -2009" дар як моҳи қабл нахуст дар минтақаи Рашт, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон шурӯъ шуд ва сипас дигар манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифт. 

Дар оғоз ин амалиёт дар минтақаи Рашти Тоҷикистон дар ҳоле, шурӯъ гардид, ки шоъеоте аз ҳузури теъдоде аз аъзои гурӯҳи марбут ба Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар, мунташир гардид. 

Аммо Вазорати кишвар ин шоъеотро радд карда ва гуфтааст, ин амалиёт ба аъзои гурӯҳҳои мухолифи пешин ҳеҷ иртиботе надорад. Интизор меравад, амалиёти "Кӯкнор - 2009" то авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ идома пайдо кунад.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi