НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН - НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН
Мавонеъ дар роҳи озодии баён
Ба гуфтаи Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, дар соли гузашта вазъи озодии баён дар ин кишвар беҳбуд наёфта, вале танҳо теъдоди нашрияҳо боло рафтааст. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон нашрияе, ки ҳар рӯз мунташир шавад ё шабакаи телевизиюнии мустақил пайдо нашуда ва рӯзноманигорон дар дарёфти иттилоъ аз мақомоти бо мушкил мувоҷеҳ гаштаанд. Афзун бар ин, бархе аз нашрияҳо ва родию ва телевизиюнҳо аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ мавриди сонсур қарор гирифта ва хабарнигорон ба додгоҳ кашида шудаанд.
Аз сӯйи дигар, 31 октябри соли 2009 дар бораи “Пардохти махориҷи созмону ниҳодҳо дар иртибот бо додани иттилоъ” як мусаввабаи давлати Тоҷикистон тасвиб гардид, ки мунҷар ба эътирозу норизоятии намояндагони расонаҳо шуд.
Ба эътиқоди бештари рӯзноманигорон, ин мусавваба бо замонати ҳуқуқӣ барои васоили ахбори умумӣ муғойират дошта ва дар роҳи дарёфти иттилоъи сареъ ва дақиқ монеъ эҷод кардааст. Абдусаттор Нуралиев, устоди Донишгоҳи исловии Тоҷикистон, ба Идораи ҳуқуқи башар гуфтааст, ин дар ҳолест ки Қонуни Асосӣ ва қонуни матбуъоти ин кишвар ба ҳар шаҳрванд ҳаққи ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоъро замонат додааст.
Аммо Маҳмуд Сараев, намояндаи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин интиқодро рад карда ва гуфтааст, ки ин мусавваба танҳо бо суолоти расмии ба масъулони давлат пешниҳодшуда рабт дошта ва дар фаъолияти расонаҳо нақши манфӣ надорад. Гузашта аз ин, то ҳол ҳеч рӯзноманигори тоҷик барои дарёфти иттилоъ ба ниҳодҳои давлатӣ маблағе пардохт накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар соли гузашта 27 мавриди маҳдудият дар заминаи дарёфти иттилоъи муҳимро сабт карда ва ин раванд идома доштааст.
Ба унвони мисол, аз мавориди тавассути вазорати беҳдошт мамнӯъ шудани додани иттилоъ дар бораи тафсилоти марги Хуршед Бобокалонов, як масъули Маркази саратоншиносии Тоҷикистон, ва иҷозаи вуруд надодан ба Ҷамшеди Маъруф, хабарнигори нашрияи “Суғд”, ба як нишасти хабарии ҳукумати вилояти Суғд ёдоварӣ шудааст.
Ҳамчунин, тибқи гузориши Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, дар соли гузашта мавориди таъқиби қазоии рӯзноманигорон афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, Озодбек Хосабеков, хабарнигори "Asia Plus", барои чопи матлабе дар бораи фасод дар сохторҳои давлатӣ дар вилояти Бадахшон ва нашрияи русизабони “Крим-инфо” барои чопи матолиби интиқодӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.
Зимнан, дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе қазияи нашрияҳои "Asia Plus", "Озодагон" ва "Фараж" бо додрасҳои Додгоҳи олӣ ва қазияи нашрияи “Миллат” бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳоло баррасӣ мешаванд.
Мушкилот дар бахши озодии виҷдон
Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши худ ба мушкилоти ҷиддӣ дар заминаи озодии мазҳабӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст. Гуфта мешавад дар соли гузашта дар Тоҷикистон фаъолияти бархе аз созмонҳои мазҳабии хориҷӣ мутаваққиф шуда, дар мадорису донишгоҳҳо пӯшиши ҳиҷоб мамнӯъ гардидааст. Ҳамчунин, додгоҳҳои Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии мавсум ба “Шоҳидони Яҳува”-ро мамнӯъ кардаанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созмонҳои байналмилалии “Алянс Мишн”, “Адра Интернешнл” ва “Каритас”-ро барои "тарғиби ақоиди мазҳаби масеҳӣ" дар миёни сокинони кишвар ба додгоҳ кашидааст. Дар ин гузориш назари Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ё маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, дар бораи ғайриқонунӣ эълом шудани фаъолияти пайравони ҷараёни “Салафия” дар ин кишвар дар январи соли гузашта оварда шудааст, ки ӯ мухолифати худро бо таъқиби ҷиноии аъзои ин равия иброз доштааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ таъкид кардааст, ки “Салафия” созмони муташаккил нест, ки фаъолияти он мамнӯъ шавад, балки як ақида аст.
Бо ин вуҷуд, тибқи гузориши Идораи ҳуқуқи башар, дар соли гузашта дар вилояти Суғд 156 пайрави ҷараёни “Салафия” боздошт шудаанд. Ҳамчунин, дар соли 2009 парвандаҳои тарафдорони созмонҳои мазҳабии “Ҳизбуттаҳрир”, “Шоҳидони Яҳува”, “Ҷамоъати таблиғ” ва Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар додгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Зимнан, созмонҳои байналмилалии дигар низ дар соли гузашта аз мушкилот дар заминаи озодҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод карда буданд. Аз ҷумла, дар баёнияи намояндагии Омрико дар Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ) таъкид шудааст, ки қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба давлати Тоҷикистон барои "назорат бар фаъолияти мазҳабиён ихтиёроти аз андоза беш додааст, ки ин амр бо таъаҳҳудоти Тоҷикистон дар баробари САҲУ дар заминаи озодии эътиқод ва озодии таҷаммӯъот муғойират дорад”.
Ҳамчунин, дар ин баёния таъкид шуда буд, ки тибқи ин қонун барои робита бо диндорон аз кишварҳои дигар мувофиқати ниҳодҳои давлатӣ лозим буда ва барои мудохилаи давлат дар таъйини имом-хатибон ва фаъолияти масоҷид замина фароҳам шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1876-2010-03-06-08-18-21.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ