19:37:41 02-уми Июни 2025 сол

СОМОН ЭЙР ДУ ҲАВОПАЙМОИ БОИНГ-737 МЕХАРАД

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон барои харидории ду фарванд ҳавопаймои "Боинг-737" бо ин ширкати тавлидкунандаи ҳавопаймоҳо тавофуқ кардааст.

 

Ҳазинаи харидории ин ду ҳавопаймои навъи "Next-Generation 737-900ERs" аз сӯйи "Сомон Эйр", ки аз нахустин ширкатҳои ҳавопаймоии хусусӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, 163 милюн дулор эълом шудааст. Музаффар Исҳоқов, мудири кулли ширкати "Сомон Эйр" ба далели ин ки "имрӯз рӯзи корӣ нест" аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ кард, вале манобеъи ширкати "Боинг" мегӯянд, ки ин аввалин хариди мустақими ҳавопаймоҳо аз ширкати "Боинг" тавассути "Сомон Эйр" аст.

 

Қаблан "Сомон Эйр" ба тариқи ғайримустақим ду ҳавопаймои "Боинг 737-800"-ро харидорӣ карда буд, ки то ҳол парвозҳое ба шаҳрҳои Русия, Олмон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом медиҳанд.

 

Ҳамчунин, гуфта мешавад ин чаҳорумин мавриди харидори ҳавопаймоҳои Боинг дар соли ҷорӣ будааст. Қаблан ин ширкат 25 ҳавопаймои навъи 787-8 ба ширкати Юнайтид Эйрлайнз (United Airlines), 10 ҳавопаймои навъи 737-800 ба ширкати ҳавопаймоии Эфиопия (Ethiopian Airlines) ва 20 ҳавопаймои 737 ба харидори дигаре, ки ҳувияташ маълум нест, фурӯхтааст.

 

Чунончи сойти ширкати "Боинг" рӯзи панҷшанбеи 4 март хабар додааст, ҳавопаймои навъи 737-900ER "ҷадидтарин узви хонаводаи 737" аст, ки зарфияти ҳамли 215 мусофирро дорад. Ин ҳавопаймо аз ҳавопаймоҳои дигари хонаводаи 737 ҳамчунин бо тағйироте дар тарҳи куллӣ ва наҳваи ҳаракаташ дар ҳаво тафовут дошта ва аз сатҳи олии коромадӣ бархурдор будааст.

 

Дар сойти ширкати "Боинг" аз қавли Шералӣ Кабиров, узви ҳайъти мудираи ширкати "Сомон Эйр" омадааст, ки истифода аз ҳавопаймоҳои навъи "Boeing 737" дар ин ширкат собит кардааст, ки ин навъи ҳавопаймоҳо "қобили эътимод ва судовар" ҳастанд.

 

Оқои Кабиров ҳамчунин гуфтааст: "Бо дарёфти ҳавопаймоҳои изофӣ, мо тасмим дорем шабакаи худро дар минтақа тавсеъа бахшем. Боинг як шарики муҳим ва арзишманди Сомон Эйр буда ва мо фикр мекунем ин воқеъа (харидории ду Боинги нав) барои ширкати мо фаромушнашуданист."

 

Марлин Дейлӣ, ноиб-раиси бахши фурӯши ширкати "Ҳавопаймоҳои Тиҷоратии Боинг", зимни тамҷид аз тасмими ширкати Сомон Эйр ба харидории боингҳои нав гуфтааст, ки ин ду ҳавопаймо бисёр ҷадид ва пурхаридор ҳастанд.

 

Вай афзудааст: "Бо харидории ду фарванд ҳавопаймои Boeing NG737 ширкати Сомон Эйр хоҳад тавонист машҳуртарин ҳавопаймо дар ҷаҳонро ба хидмати муштариёни худ бигуморад, ки аз эътимоди боло, харҷи ками маводди сӯхтӣ ва сарфаҷӯйӣ дар амалиёт бархурдоранд. Ин се омил барои муваффақияти ҳавопаймоҳо дар ҷаҳон бисёр муҳимманд."

 

Ширкати "Боинг" аз бузургтарин ширкатҳои тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои тиҷорию низомӣ, рокетҳо, ҷангандаҳо, мушакҳо, моҳвораҳо ва системҳои иртиботию амниятӣ ва дифоъӣ дар ҷаҳон ба шумор меояд, ки ба гуфтаи манобеъи он, дар 145 кишвари ҷаҳон муштарӣ дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1878-q-q-q-737q-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854