МАНЗИЛИ ЗИСТ БАРОИ ФОҲИШАҲОСТ?
11 марти соли равон аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ дар ноҳияи Истаравшан далели мавҷуд будани фоҳишахонаҳо, даллагӣ ва занҷаллобӣ ошкор карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷумла, аз ҷониби кормандони бахши мазкур нисбати шаҳрванд Насриддин Маҳмадалиев бо моддаи 239 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.
Н. Маҳмадалиев посбони ҶММ «Аъзам» - и ноҳияи Истаравшан буда, мунтазам ба даллагӣ ва занҷаллобӣ машғул шуда, ҷои кориашро ба фоҳишахона мубаддал кардааст. унончи, ӯ ба ивази 20 сомонӣ ба шаҳрвандон Шарипов ва Абдураупова барои алоқаи ҷинсӣ карданашон шароит муҳайё намудааст. Далели шайъӣ - маблағ аз ҷониби кормандони бахши мазкур гирифта шуда, нисбати ҷинояткор чораҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ҳамчунин як далел аз ҷониби кормандони шӯъбаи 4 Раёсати кофтукови ВКД низ ошкор карда шуд. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Юрий Маринин, соли таваллудаш 1954, истиқоматкунандаи кӯчаи Ломоносови пойтахт дастгир карда шуд. Ӯ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.
Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ дар хонаи ӯ шаҳрвандон Алимов бо Бурҳонова дастгир шудаанд. Муайян карда шуд, ки соҳибхона барои онҳо бо мақсади алоқаи ҷинсӣ карданашон шароит муҳайё намудааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Жасмин Назарова, МИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1927-2010-03-14-09-56-34.html