19:26:21 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaafghandrug226bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaafghandrug226bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaafghandrug226bbc.jpg'

БОЗДОШТИ ЯК ТАБАЪАИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ

Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як табаъаи афғон ба занни ҳамдастӣ дар қочоқи миқдори зиёде аз маводди мухаддир хабар дод. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазорат, ин сокини Афғонистон дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Ҷалолиддин Садриддинов, як масъули ин дафтар, рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми март ба Би-би-сӣ гуфт, ки кормандони вазорати умури дохилӣ барои боздошти ин шаҳрванди Афғонистон амалиёти вижае анҷом додаанд.

 

Оқои Садриддинов афзуд: ӯзи 23-уми марти соли равон кормандони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорат Некмуҳаммад валади Самад, сокини Афғонистонро ба занни қочоқи беш аз 18 килуграм маводди мухаддир боздошт карданд. Ин фард қасд дошт дар ҳамдастӣ бо Зарифхон Маликов, як сокини ноҳияи Ҳамадонии устони Хатлон, ки 14-уми март боздошт шуда буд, ин маводди мухаддирро дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯш расонад."

 

Ин масъули дафтари матбуъотии Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз, дар шаҳри Душанбе чанд нафари дигар низ бо маводди мухаддир боздошт шуда буданд. Вай афзуд: "Аз ҷумла 21-уми март аз утумубили Нуралӣ Шарипов, як сокини шаҳри Душанбе як килуграму 736 грам ҳеруин кашф ва мусодира шуд."

 

Ба гуфтаи масъулони Вазорати кишвари Тоҷикистон, ин табаъаи Афғонистон ба убури ғайриқонунӣ аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон низ муттаҳам дониста шуда ва таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита бо ин ҷурм идома дорад. Чаҳор рӯз қабл, масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як сокини дигари Афғонистон дар ноҳияи Шуғнони устони Бадахшон хабар дода буданд.

 

Ба гуфтаи онҳо, ин табаъаи афғон кӯшиши интиқоли 15 килуграм маводди мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон кард ва кормандони ожонс вайро дар рустои марзии Ёмчи ноҳияи Шуғнон боздошт кардаанд. Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз сад сокини Афғонистон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки аксари онҳо барои интиқоли маводди мухаддир боздошт шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1992-2010-03-24-14-59-19.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854