13:10:57 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/01_--01-a-aaaaaasudi-kodeks-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/01_--01-a-aaaaaasudi-kodeks-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/01_--01-a-aaaaaasudi-kodeks-2.jpg'

КОДЕКСИ НАВИ ҶИНОИИ МУРОФИАВӢ БА ҲУКМИ ИҶРО ДАРОМАД

Судури амри боздошти нафари гумонбар, ба ҳабси хонагӣ кашидани ӯ, гӯш додан ба гуфтугӯҳои телефонии афроди гумонбар аз имрӯз ба баъд дар Тоҷикистон танҳо бо иҷозати додгоҳ сурат хоҳад гирифт.

 

Сар аз имрӯз, якуми апрел, Кодекси нави ҷиноии мурофиавии Тоҷикистон кодекси кӯҳнаро, ки аз соли 1961 инҷониб амал мекард, иваз менамояд. Кодекси нав бархе аз салоҳиятҳои додситониро ба ихтиёри додгоҳҳо медиҳад. Аз ҷумла, ҳамакнун судури амри боздошт, тафтиш, шунидан ва сабти сӯҳбатҳои телефонӣ, ҳабси амвол ва ҳисобҳои бонкӣ ва ҳамчунин ҳабси хонагӣ ба ихтиёри додгоҳҳо мегузарад.

 

Кодекси нави ҷиноии Тоҷикистон, ки аз 50 боб ва 486 модда иборат аст, аз ҷумлаи талошҳо ҷиҳати ислоҳот дарнизоми адлияи кишвар номида мешавад. Мақомоти Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули кодекси навро мувофиқ намудани қонунҳои дохилӣ ба санадҳои байнулмилалӣ меноманд.

 

Ба гуфтаи мақомот, кодекси нав нақши додгоҳҳову додрасҳоро дар ҳимояи озодии инсон ва ҳуқуқҳои ӯ баланд мебардорад ва ҳамчунин нақши вакилони дифоъ низ муҳимтар мегардад.

 

Тафсилоти бештар дар бораи кодекси нав ва назари коршиносон ба он дертар нашр хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2034-2010-04-01-11-05-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854