ФУРӮШИ ШУМОРАҲОИ “ШИК” БАРОИ ХУДРАВҲО
Пулиси роҳи Тоҷикистон эълом кардааст, ки аз ин ба баъд шумораҳои ба истилоҳ “шик” аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта мешаванд. Ахиран дар Тоҷикистон дарёфти шумораҳое, ки аз арқоми ҳаммонанд ба мисли "1111" ё "3434" иборат аст, муд шудааст. Дар гузашта соҳибони худравҳо чунин шумораҳоро аз тариқи ошноӣ бо масъулони пулиси роҳ ва ё бо додани ришва дарёфт мекарданд.
Гуфта мешавад, маболиғе, ки аз фурӯши шумораҳои “шик” ба даст меояд, барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” масраф хоҳад шуд. Қувваталӣ Шарипов, як масъули пулиси роҳи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ рӯзи ҷумъаи 2 апрел зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки ҳамакнун куллияи шумораҳое, ки “шик” маҳсуб мешаванд, ба фурӯш гузошта мешаванд. Вай гуфт, ки феҳрасти чунин шумораҳо дар матбуъот мунташир шуда ва соҳибони худравҳое, ки ба дарёфти онҳо алоқаманд ҳастанд аз тариқи пардохти маболиғи изофӣ метавонанд, онҳоро дарёфт кунанд.
Ба эътиқоди бархе аз ронандаҳо, шумораҳои “шик” бозгӯйи мақом ва вазъи иҷтимоии соҳибони ин худравҳо аст ва ҳамчунин маъмурони пулиси роҳ дар муносибат бо чунин ронандаҳо чандон сахтгир нестанд.
Вале маъмурони пулис чунин иддаъоро радд мекунанд ва изҳор доранд, ки дар сурати нақзи қавоиди ҳаракат дар роҳ онҳо ҳатто соҳибони худравҳои дорои шумораи “шик”-ро низ ҷарима мекунанд. Аз сӯйи дигар, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки соҳибони бархе аз чунин худравҳо бидуни муҷозоте ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд ва маъмурони пулиси роҳ низ барои боздошти онҳо иқдом намекунанд.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе дар миёни шумораҳои "шик" рақами ҷаҳор “8” ё чаҳор “7” эътибор ва таваҷҷӯҳи бештаре доранд, зеро ба бовари ронандаҳо, соҳибони худравҳои дорои ин рақам, умдатан афроди наздик ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳастанд. Шумораҳое назири “0101” ё “1010” низ ба ҳамин далел дар радифи "шумораҳои боэътибор" қарор доранд.
Бархе аз ронандаҳо барои дарёфти шумораҳои "шик", ки ду сифр доранд ва ё ба гунае ба шумораҳои "боэътибор" наздиканд, талош мекунанд. Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон мегӯянд, ки фурӯши шумораҳои “шик” дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон як таҷрубаи маъмулӣ аст. Масалан, соле қабл як шайх аз Аморати Муттаҳидаи Арабӣ чунин як шумораеро бар ивази як милюн дулор харидорӣ кардааст.
Вале ба гуфтаи Қувваталӣ Шарипов, қарор аст, маболиғе, ки аз фурӯши чунин шумораҳо дар Тоҷикистон ба даст меояд, барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” масраф шавад. Дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ таҷрубаи фурӯши шумораҳои “шик”-и телефунҳои мобайл роҳандозӣ шуда ва ҳоло дар мавриди бархе аз шумораҳои мубойл истилоҳоте назири “шумораи талоӣ” ё “шумораи нуқрагин” роиҷ аст.
Ин дар ҳолест, ки аз авоили соли ҷорӣ ба ибтикори раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин кишвар иҷозаи истифода аз шишаи сиёҳ дар худравҳо бар ивази 500 дулор фурӯхта мешавад. Роҳандозии чунин амр низ "мусоъидат ба сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” унвон шуда буд. Давлати Тоҷикистон қасд дорад дар пайи иҷозаи истифода аз худравҳои шишасиёҳ солиёна 50 милюн сомонӣ ба даст оварад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2039-2010-04-02-11-44-59.html