05:58:18 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/03_--01-a-aaaaaaislamicpartyemblem-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/03_--01-a-aaaaaaislamicpartyemblem-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/03_--01-a-aaaaaaislamicpartyemblem-2.jpg'

БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ аз боздошти як узви ин ҳизб дар устони Хатлон хабар додааст. Масъулони ин ҳизб мегӯянд, ки ин узви ҳизб дар устони Хатлон тавассути додситонии Тоҷикистон боздошт шудааст. Муҳаммадалии Ҳайит, муъовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи ҷумаъи 2-уми апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки Муҳаммадрӯзи Бурҳонов, яке аз фаъолони ҳизби онҳо дар ноҳияи Вахши Устони Хатлон, панҷ рӯз аст, ки дар боздоштгоҳи муваққатии ин ноҳия ба сар мебарад.

 

Ба гуфтаи оқои Ҳайит, кормандони додситонии ноҳияи Вахш, оқои Бурҳоновро бар асоси моддаи 150 қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар эҷоди мавонеъ барои фаъолияти кумиссюни ҳавзаи интихоботӣ муттаҳам кардаанд.

 

Вай афзуд: “Оқои Бурҳонов дақиқ баъд аз як моҳи баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон, яъне 27-уми март боздошт шуд. Бар асосии иттилоъе ки ба мо кормандони интизомӣ додаанд, оқои Бурҳонов дар эҷоди мавонеъ барои кори кумисюни ҳавзаи интихоботӣ муттаҳам мешавад."

 

Аммо оқои Ҳайит муътақид аст, ки оқои Бурҳонов муртакиби ҳеҷ ҷурме нашудааст. Вай мегӯяд: “Муҳаммадрӯзи Бурҳонов танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи шумориши оро дар ин ҳавза аз ҷояш бархест ва изҳори хушнудӣ кард, ки намояндаи ҳизби мо, ки дар ин ҳавза номзад шуда буд, пирӯз шудааст.”

 

Зимнан, бино ба иттилоъи ҳизби неҳзати исломӣ Эммуҳаммад Тауров, узви ин ҳизб, ки дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Вахш пирӯз шуда буд, то ҳол ваколати намояндагиро дарёфт накардааст. Масъулони ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳоли ҳозир барои озод кардани Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов аз боздоштгоҳи ин ноҳия талош доранд.

 

Ин дар ҳолест, ки баъд аз эъломи натиҷаи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, масъулони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз мавориди зиёди тақаллубот дар шумориши оро ба муассисоти зиддахл шикоят бурда буданд. Гуфта мешавад бештари аз ин шикоёт бепосух мондаанд.

 

Аз сӯйи дигар бархе аз раҳбарони аҳзоби мухолифи давлати феълии Тоҷикистон, аз эҳтимоли таъқиби иддае аз фаъолони ҳизби худро баъд аз интихоботи ахири порлумонӣ баъйид намедонанд.

 

Аз ҷумла ба бовари масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти Муҳаммадрӯзи Бурҳонов, узви ин ҳизб ба пофишориҳои вай барои ифшои "натоиҷи воқеъии шумориши оро" дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Вахш бастагӣ дорад.

 

Ҳарчанд бар асоси иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар раъйгирӣ 7,74 дарсади орои умумиро ба даст оварда, вале масъулони ин ҳизб исрор мекунанд, ки ин ҳизб дар интихоботи порлумонӣ ҳудуди 30 дар сади орои умумиро касб кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2046-2010-04-03-05-33-37.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854