01:20:53 06-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/03_--01-a-aaaaaaphone-ge-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/03_--01-a-aaaaaaphone-ge-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/03_--01-a-aaaaaaphone-ge-2.jpg'

ГУФТУГӮИ ОБАМА ВА ҶИНТАО ДАР БОРАИ ЭРОН

Кохи Сафед мегӯяд, ки Борок Обама, раиси ҷумҳури Амрико, тайи тамосе телефунӣ бо Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин дар мавриди мавзӯъи барномаи атомии Эрон гуфтугӯ кардааст. Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, ки оқои Обама дар ин тамоси яксоъата "бар аҳамияти ҳамкории ду кишвар барои итминон аз ин ки Эрон ба таъаҳҳудоти байналмилалиаш амал мекунад, таъкид кардааст." Раиси ҷумҳури Чин низ дар муқобил хостори равобити "солим ва пойдор" бо Амрико шуд.

 

Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар мавриди аҳамияти иҷрои мувофиқатномаҳои Гурӯҳи 20 барои тақвияти рушди иқтисодӣ суҳбат карданд. Чин, ки аз аъзои доими Шӯрои Амният ва дорои ҳаққи вету аст, равобити маҳкаме бо Эрон дорад. Ин кишвар дар моҳҳои ахир бо тарҳи эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Эрон мухолифат мекард, аммо мақомҳои Амрикоӣ мегӯянд Пекин батозагӣ барои баррасии таҳримҳои тоза чароғи сабз нишон додааст.

 

Оқои Обама ахиран гуфт умедвор аст, ки таҳримҳои тоза алайҳи Эрон "тайи чандин ҳафтаи" оянда дар чаҳорчӯби Шӯрои Амният вазъ шавад. Сузон Ройс, намояндаи Амрико дар Созмони Милал рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Чин омодаи гуфтугӯҳои "ҷиддӣ" бо кишварҳои ғарбӣ дар бораи қатъномаи тоза алайҳи Эрон аст.

 

Кишварҳои ғарбӣ иддаъо мекунанд Эрон ба дунболи силоҳи атомӣ аст, иттиҳоме, ки Эрон рад мекунад. Кохи Сафед пештар аз тасмими Чин дар бораи пешнавис ба гуфтугӯҳои марбут ба афзоиши таҳримҳои Эрон истиқбол кард. Бил Бортон, сухангӯйи Кохи Сафед, ибрози умедворӣ кард сафари пеши рӯйи Ҳу Ҷинтао, дар авосити апрел, ба Вошингтун заминасози иқдоми қотеътар дар баробари барномаи атомии Эрон бошад.

 

Ба гуфтаи оқои Бортон, тасмими Чин ба иттиҳоди ҷаҳонӣ дар баробари барномаи атомии Эрон ва ҳаракат ба сӯйи эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи ин кишвар кумак мекунад. Намояндагони аъзои Гурӯҳи 5+1 рӯзи чаҳоршанбе барои баррасии таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон конфронс доштанд.

 

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Чин, рӯзи панҷшанбе гуфт кишвараш ҳамчунон барои дастёбӣ ба як роҳи сулҳомез барои танишҳои атомии Эрон ва Ғарб талош мекунад. Саъид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, ин ҳафта ба Пекин сафар кард, то бо мақомҳои чинӣ дар бораи таҳаввулоти марбут ба музокироти атомӣ гуфтугӯ кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2045-2010-04-03-05-18-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854