ЭЪТИРОЗИ СОКИНОНИ ҲУШЁРӢ АЗ РОҲИ ПУЛАКӢ
Даҳҳо сокинони деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб рӯзи дуввум аст, ки ба нишони эътироз аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе–Чаноқ гирдиҳамоӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, барои убури гузаргоҳи шоҳроҳ, ки дар дохили ин деҳа сохта шудааст, маҷбуранд 7,5 сомонӣ пардохт кунанд.
Деҳаи Ҳушёрӣ дар 40-километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст ва гузаргоҳи дуввуми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар маркази ин деҳа сохта шудааст. Ба гуфтаи гирдиҳамомадагон, масъулини гузаргоҳ барои истифодаи роҳ дар дохили ин деҳа, ки ҳамагӣ 200 метрро ташкил медиҳад, бештар аз меъёр роҳпулӣ талаб мекунанд. Шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ ягона роҳи мошингард дар деҳаи Ҳушёрист. Пулакӣ шудани ин роҳ сокинони ин деҳаро ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ кардааст.
Онҳо мегӯянд, барои рафтан ба бемористон, мактаб ва дидорбинии наздикон низ маҷбуранд пули роҳро пардохт кунанд. Қиёмиддин Исмоилов, яке аз эътирозгарон, мегӯяд, «манзили модари ман аз гузаргоҳ поёнтар ҷойгир аст ва барои дидорбинии ӯ ман бояд барои истифода аз роҳи пулакӣ 15 сомонӣ пардохт кунам».
Зариф Ҳасанов, сокини дигари ин деҳа, меафзояд, «ман дар шаҳри Душанбе кор мекунам ва моҳонаам 135 сомониро ташкил медиҳад. Вале аз сабаби гаронии роҳкиро чанд рӯз мешавад, ки ба кор намеравам».
Ба гуфтаи эътирозгарон, бо сабаби гарон будани убури ин пораи роҳ мардуми Ҳушёрӣ дар дохили деҳа борҳои худро на бо мошин, балки бо даст ва бо хару асп интиқол медиҳанд. Эътирозгарон талаб доранд, ки гузаргоҳи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз ин деҳа бардошта шавад ва ё нархи убури он барои сокинони маҳаллӣ коҳиш дода шавад.
Шамъигул Раҷабова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Варзоб бо мардуми эътирозагар мулоқот карда ва гуфтааст, ки дар воқеъ мақомот дар ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкили пешомада барои сокинони ноҳияи Варзоб ҳастанд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ ду ҳафта қабл пулакӣ эълон шуд. Тибқи нархномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, қимати убури ҳар як километри ин роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шудааст.
Идораи зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар барномаи пулакӣ кардани ин роҳ арзонтарин таруфаҳо тасдиқ шудаанд. Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2106-2010-04-13-19-31-55.html