23:22:41 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/16_--01-a-aaaaaavolcanofora--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/16_--01-a-aaaaaair_tj22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/16_--01-a-aaaaaavolcanofora--2.jpg'

"ЭЙР БОЛТИК" ПАРВОЗ БА ДУШАНБЕРО МУТАВАҚҚИФ КАРД

Ғубор ва ва хокистари ношӣ аз оташфишоне, ки дар Исланд ба вуқӯъ омад, дар фаъолияти фурӯдгоҳи Душанбе низ таъсироти ғайримустақиме гузоштааст. Аз ҷумла, парвози ҳавопаймо дар хатти сайри Душанбе-Рига ба таъвиқ дароварда шудааст. Масъулони фурӯдгоҳи Душанбе мегӯянд, ки то ҳол рӯшан нест, ки ин парвоз чӣ замоне сурат хоҳад гирифт.

 

Парвози ҳавопаймо миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Латвия аз сӯйи ширкати ҳавоии “Эйр Болтик” ҳафтае ду маротиба сурат мегирад, вале ба далели ғубори ношӣ аз отшафишони Исланд, куллияи парвозҳои ин ширкат то 48 соъат мутаввақиф шудаанд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯйи фурӯдгоҳи Душанбе, рӯзи ҷумъаи 16 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки таъвиқи парвоз дар масири Душанбе-Рига ба далели наомадани ҳавопаймо аз пойтахти Латвия сурат гирифтааст ва масъулони ин ширкат гуфтаанд, ки то 48 соъати дигар ин парвоз сурат нахоҳад гирифт.

 

Дар сойти интернетии ширкати “Эйр Болтик” ба мусофирони парвозҳои ин ширкат пешниҳод шудааст, ки билетҳои худро бозгардонанд ва ё аз парвозҳои ширкатҳои дигар истифода кунанд. Ба ин далел, ба гуфтаи оқои Шодиев, ба мусофирони парвози Душанбе-Рига низ пешниҳод шудааст, ки аз парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Фронкфурти Олмон истифода кунанд.

 

Тайғун Солонгаров, масъули бахши танзими парвозҳои “Сомон Эйр” ба Би-би-сӣ гуфт, ки воқеъан мусофирони “Эйр Болтик” ба онҳо барои парвоз то Олмон муроҷиъа мекунанд. Вай гуфт, ки то ҳол “Сомон Эйр” парвози ҳавопаймои худ ба Фронкфурти Олмонро ба таъвиқ надаровардааст ва умед дорад, ки ин парвоз соъати яки имшаб сурат бигирад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамаи парвозҳо дар кишварҳои урупоӣ мутаваққиф шуда ва эҳтимоли идомаи ин амр то поёни ин ҳафта вуҷуд дорад, мумкин аст парвози ҳавопаймои ин ширкат ба Олмон ҳам ба таълиқ андохта шавад.

 

Зимнан, ғубор ва хокистари ношӣ аз оташфишоне (вулкан) дар Исланд парвози ҳавопаймоҳо дар бештари кишварҳои урупоиро мухтал кардааст. Ин маҳдудият дар парвоз тибқи қавонини байналмилалӣ ва ба ин далел эҷод шудааст, ки эҳтимол дорад хокистари оташфишон боъиси аз кор мондани мутури ҳавопаймо ва суқути он шавад. Дар соли 1989 ҳавопаймои хутути ҳавоии KLM, ки аз Омстердом ба Олоско парвоз мекард, бо ворид шудан ба ғубори оташфишонии кӯҳи Redoubt ҳар чаҳор мутураш аз кор афтод.

 

Пас аз убур аз миёни абри оташфишонӣ хадамаи ҳавопаймо бо рӯшан кардани дубораи мутурҳо муваффақ шуданд дар Олоско ба замин бинишинанд. Бо ин ҳол ба мутури ин ҳавопаймо осеби ҷиддӣ ворид шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2125-q-q-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854