USAID ЛОИҲАИ ИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛИРО ОҒОЗ МЕНАМОЯД
Сафири ИМА ҷаноби Кен Гросс ва Машовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев ифтитоҳи расмии лоиҳаи Оҷонсии Иёлоти Мутахидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) “Ташаббуси рушди маҳаллиро” (ТРМ) эълон карданд.
Дар давоми се соли оянда лоиҳаи ТРМ бо мақомоти идоракунии маҳаллии шаш ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич намуда оиди беҳтар намудани сифати хизматрасонии онҳо ва афзун намудани иштироки шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд. Ҳукумати ИМА барои иҷроиши ин лоиҳа маблағи 6.9 миллион доллари амрикоиро сарф хоҳад намуд.
Ифтитоҳи ин лоиҳа ҳамаи шарикони маҳаллӣ, давлатӣ ва байналмилалиеро, ки дар ислоҳоти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунанд, ба ҳам пайваст намуд. Аз зумраи ин шарикон мансабдорони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти идоракунии маҳаллӣ, аъзоёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва адлия мебошанд.
Сафир ҷаноби Гросс дар ифтитоҳи лоиҳа суханронӣ намуда аз ҷумла чунин иброз дошт: “Беҳтар намудани Ҳокимияти маҳаллӣ барои гулгулшукуфии Тоҷикистон аҳамияти хеле калон доранд. Дар сатҳи маҳаллӣ якҷоя кор карда, ҷамоатҳо ва мансабдорони ҳукуматӣ метавонанд мушкилоти зиёди худро таври устувор ҳал намоянд”. Ин зарурат аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътироф шудааст ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ТРМ USAID корҳоро дар ҷабҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бо мақсади ғайримутамарказонии онҳо давом медиҳад.
Дар охири ин лоиҳа ба роҳбарони маҳалҳо ва шахсони масъули ҳар як ноҳия ва ҷамоати интихобшуда доир ба назария ва таҷрибаҳои беҳтарини идоракунии маҳал, мавқеъ ва масъулияти ҳар як вакили мардумии маҷлисҳои маҳаллӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Инчунин кормандони мақомотҳои маҳаллӣ доир ба таҳия намудани нақшаҳои рушди стратегӣ ва ба нақшадарории хизматрасониҳо бо ҷалби шаҳрвандон омӯзонида мешаванд.
Аз моҳи октябри соли 2010 сар карда лоиҳаи ТРМ ба мақомоти маҳалҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои хурдҳаҷми инфрасохторӣ, ки аз тарафи ҷомеъаҳои маҳаллӣ интихоб ва аз рӯи афзалият ҷудо намуда шудаанд, грантҳо пешниҳод хоҳад намуд.
Барномаи «Ташаббуси рушди маҳаллӣ» яке аз барномаҳои сершумори дастгирӣ ба Тоҷикистон мебошад, ки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) аз номи мардуми Амрико амалӣ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе зиёда аз 900 миллион долларро ба барномаҳои дастгирии рушди иқтисод, институтҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маориф масраф намудааст.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2199-usaid-.html