ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ ВА ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Шӯъбаи оиди назорати маводи мухаддир ва тартиботу ҳуқуқи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон семинари якрӯзаро оиди усулҳои коҳиши истифодабарии маводи мухаддир ва нашъаҷаллобӣ тавассути хабарнигории риштаи варзиш сарпарастӣ намуд. Семинари мазкурро Иттиҳодияи хабарнигорони риштаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш зидди маводи мухаддир» гузаронид.
Дар семинар зиёда аз 20 нафар рӯзноманигорони соҳаи варзиш аз расонаҳои хабарии чопӣ, телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ иштирок намуданд. Онҳо усулҳои пахши иттилоот дар бораи робитаи байни варзиш ва тарзи солими ҳаётро мавриди муҳокима қарор доданд.
Баъд аз семинар аз 30 апрел то 2 май дар қасри теннис баргузории чемпионати навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо пешбинӣ шудааст. Чорабинӣ маводи тарғиботии ба варзишгарони ҷавон ва мухлисони онҳо равонашудаи алайҳи маводи мухадирро дар бар мегирад. Он ба ҷавонони зери хавфи истифодабарии маводи мухаддир қарор дошта равона шудааст.
Баъди чорабинӣ иштирокчиёни мусобиҳа ва устодони варзиш ба ҷойҳои истиқомати худ баргашта бо ҷавонони Душанбе, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд дар бораи дастовардҳои худ, хатарнокии маводҳои мухаддир, ва эҳтимоли дар оянда монеашавии истифодаи он ба расидан ба орзуҳои онҳо сӯҳбатҳо доир менамоянд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии муборизаи алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро тавассути барномаҳои коҳиши талабот ба маводи мухаддир идома диҳад. Шӯъбаи оиди назорати маводи мухаддир ва тартиботу ҳуқуқии Сафорати ИМА аз соли 1992 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоби умумии зиёда аз 29 миллион доллари амрикоӣ ҳамкорӣ мекунад.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2200-2010-04-27-04-09-26.html