ПАРВАНДА АЛАЙҲИ МИЛИСАҲО БО ИТТИҲОМИ "ОДАМКУШӢ"
Додситонии Суғд алайҳи 2 корманди шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Исфара – Манучеҳр Акбаров ва Шокиров Фирдавс бо иттиҳоми одамкушӣ мутобиқи банди 104 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Бар пояи маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, ин ду корманди интизомӣ онҳо як сокини ноҳияи Исфара – Усмон Бобоевро моҳи феврал баъд аз бозгашташ аз муҳоҷирати Русия ба гумони ҳамдастӣ бо ҲИУ боздошт намуда, ба идораи ниҳоди мазкур ба Хуҷанд меоранд ва ҳамон рӯз ҷисми беҷони ӯро ба оилааш месупоранд.
Волидайни Усмон Бобоев даъво доранд, ки фарзандашон зери зарбу лат мурдааст ва дар ин маврид ба идораву ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Мақомоти интизомии Суғд сабаби марги вайро на аз зарбу лат, балки аз нафасгиршавӣ аз беморӣ меноманд. Бо дастури додситони кулл барои таҳқиқи ин қазия як гурӯҳи вижа машғул шудааст.
Дар чаҳор соли қабл як узви фаъоли Ҳизби наҳзат дар Исфара низ боздошт шуда ва аз шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия ҷасадашро ба манзилаш бурда буданд. Мақомоти пулис гуфта буданд, Саъдулло Маъруфов, узви фаъоли ҲНИТ дар Исфара худро аз табақаи саввуми бинои ШКД-и ноҳия берун партофта, худкушӣ карда буд. Вале наздикони ӯ ва ҳамҳизбиёнаш гуфта буданд, ба қавли мақомот бовар надоранд ва он маргро маҷбурӣ медонанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2202--qq.html