БОЗДОШТИ ЯК МАҚОМИ АРШАДИ МАРЗБОНӢ
Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки як фармондеҳи аршади нерӯҳои марзбонии ин кишварро ба иттиҳоми фасод ва ҳамдастӣ дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, рӯзи 27 апрел дар нишасте матбуъотӣ аз боздошти сарҳанг Саймуддин Мирзоев, муъовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.
Оқои Саидов нагуфт, ки ин сарҳанг кай боздошт шуда, вале ба гуфтаи вай, Оқои Мирзоев ба иттиҳоми гирифтани 15 ҳазор дулор ришва боздошт шудааст. Вале бозрасон собит кардаанд, ки вай дар гузашта низ ҳудуди 300 ҳазор дулор ришва гирифтааст. Оқои Саидов афзуд, ки ришваситонии сарҳанги марзбонӣ бо қочоқи маводди мухаддир рабт доштааст.
Ба гуфтаи вай, маъмурони ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон низ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз фасодкорӣ орӣ набудаанд. Дар маҷмӯъ, кормандони Ожонсии мубориза бо фасод 33 нафар аз маъмурони пулис, Вазорати дифоъ, додситонӣ ва гумрукро ба ин иттиҳом боздошт кардаанд. Дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки то чӣ замоне маъмурони пулиси роҳ дар Тоҷикистон ба ришваситонӣ идома меиҳанд, оқои Саидов гуфт, ки “агар ҳамаи онҳо зиндонӣ шаванд, пас кӣ кор мекунад?”
Ҳимоят аз "Миллат"
Раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки ин ожонс бо ироаи номае ба додгоҳ, аз ҳафтаномаи “Миллат” дар қазияи додгоҳии вай бо Вазорати кишоварзӣ пуштибонӣ кардааст. Фаттоҳ Саидов, зимни таъйиди иддаъои “Миллат” дар мавриди "фасодзада" будани Вазорати кишоварзӣ гуфт, ки ба ин тартиб, даъвои Вазорати кишоварзӣ алайҳи “Миллат” дар додгоҳ рад хоҳад шуд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нашрияи “Миллат”-ро ба чопи матлаби носаҳеҳ дар робита бо фасодзада хондани ин ниҳод муттаҳам карда ва аз додгоҳ пардохти як милюн сомонӣ ҷаримаро тақозо карда буд. Аммо масъулони ин нашрия пешниҳоди созишро рад карда ва қасд доранд вазорати кишоварзиро ба нақзи ҳуқуқи худ дар додгоҳ муттаҳам кунанд.
Фаттоҳ Саидов дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки ҳафтаномаи “Миллат” иттилоъи дарҷшуда дар ин матлабро аз Ожонси мубориза бо фасод дарёфт карда ва куллияи он воқеъият дорад. Гузашта аз ин, вай афзуд, ки дар сохтори Вазорати кишоварзӣ нафароне раёсатҳои ин ниҳодро раҳбарӣ мекунанд, ки дар гузашта муҷозот шудаанд.
Вале ин ин мушкил танҳо хосси Вазорати кишоварзӣ набудааст. Оқои Саидов хабар дод, ки ахиран ба ҷурми даст доштан дар фасоди молӣ як масъули вазоратхонаеро боздошт шудааст, ки чаҳор маротиба аз сӯйи додгоҳ муҷозот шудааст.
“Вазъи мо аз Қирғизистон беҳтар аст”
Дар ин нишасти матбуъотӣ хабарнигорон аз оқои Саидов суол карданд, ки яке аз омилҳои нооромиҳо дар Қирғизистон ва барканории Президент Боқиев ба густариши фасод дар ниҳодҳои давлатӣ ва сари қудрат омадани пайвандони раиси ҷумҳур аст ва оё ин авомил хосси Тоҷикистон низ ҳаст?
Оқои Саидов гуфт: “Воқеъан дар Қирғизистон вазъи фасод нигаронкунанда буд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон чунин вазъ мушоҳида намешавад. Зеро Президент Раҳмон пайваста барои ҷилавгирӣ аз фасод тадобире рӯйи даст мегирад”.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигоре иддаъо дошт, ки табиъати фасоди молӣ аз фаъолияти мақомоти баландпоя сарчашма мегирад ва бояд мубориза бо фасод дар суфуфи болоии ҳокимият сурат бигирад, на дар пойин.
Раиси Ожонси мубориза бо фасод дар посух ба ин изҳори назар танҳо гуфт, ки “дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ вазъи фасод то ҳадде аст, ки мо дар хоби шаби худ ҳам надидаем”. Вай афзуд, ки дар бораи мизони баланди фасод дар Суис ва Суед иттилоъи кофие дорад.
"Миллиюнҳо" дулори “Тоҷикэйр”
Дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё бо интихоби Додситони кулли ҷадиди Тоҷикистон мухолифатҳои миёни ин ниҳод бо Ожонси мубориза бо фасод аз байн рафта ё хайр, Фаттоҳ Саидов гуфт, ки “дар гузашта низ чунин ихтилофоте вуҷуд надошт”.
Вале ӯ хабар дод, ки қазияи Ҳокимшо Тиллоев, раиси пешини ширкати “Тоҷик Эйр”, ки ба назари коршиносон, яке аз нуқоти ихтилоф байни додситонӣ ва ожонс маҳсуб мешавад, ҳамчунон идома дорад. Оқои Саидов хабар дод, ки ахиран ба буҷети Тоҷикистон беш аз ду милюну дусад ҳазор дулор аз хисороти “Тоҷик Эйр”, ки дар пайи фаъолиятҳои раҳбарони пешини он сурат гиифта буд, бозгардонда шудааст.
Раиси ожонси зидди фасод хабар дод, ки тибқи қавонин куллияи хисороте, ки дар пайи фаъолиятҳои марбут ба фасод ва ришваситонӣ ошкор мешаванд, ба буҷети кишвар интиқол дода мешаванд. "Ҳатто маблағи ришва ҳам. Ва худи ришвадиҳанда низ муҷозот ва равонаи зиндон мешавад."
Ба унвони мисол, оқои Саидов гуфт, ки дар моҳи ҷорӣ ду шаҳрванди Афғонистон ба далели додани 12 ҳазор дулор ришва ба маъмурони гумрук боздошт шудаанд ва парвандаи онҳо таҳқиқ мешавад. Онҳо қасд доштанд бо додани ришва миқдоре аз оҳанкӯҳнаеро ба хориҷ аз кишвар содир кунанд.
Як шаҳрванди Тоҷикистон низ ба як масъули ноҳия барои касби мақоми раиси маҳалла даҳ ҳазор дулор ришва дода ва ҳамакнун мунтазири сарнавишти худ дар боздоштгоҳ аст. Ин ҳама дар ҳолест, ки Тоҷикистон пайваста дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи кишварҳои фасодзадаи дунё арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон низ дар роҳи мубориза бо фасод тадобире рӯйи даст гирифтааст.
Ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз куллияи вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ дархост кард, ки барномаҳои доихилӣ барои мубориза бо фасодро таҳия карда, кумисиюнҳои вижаи ҷамъиятӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши фасодро таъсис диҳанд.
Ин тадобир то ҷоест, ки дар сохтори Ожонси мубориза бо фасод низ як бахши мубориза бо фасод дар дохили ин ниҳод таъсис дода шудааст. Вале Фаттоҳ Саидов мегӯяд, ки ҳадафи таъсиси чунин як бахше мубориза бо фасод нест. Вай афзуд: "Ин бахш таъмини амнияти кормандони Ожонси мубориза бо фасодро ҳадаф дорад. Вале ҳамзамон назорат мекунад, ки маъмурон аз салоҳиятҳои хидматиии худ берун нараванд".
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2203-2010-04-27-11-51-54.html