АБДУЛЛОЕВА: “ДАВЛАТ БОЯД АЗ ПИЗИШКОН ҲИМОЯТ КУНАД"
Маркази тарҳҳои марбут ба ислоҳоти арсаи беҳдошти Тоҷикистон аз муассисоти беҳдоштӣ дар ҳудуди 40 ноҳия дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҳимояти молӣ кардааст. Фаъолияти ин марказ аз соли 2006 бад-ин сӯ идома дорад. Дар ин муддат ин марказ ба маблағи беш аз 25 милюн дулор тарҳҳои мухталиферо дар заминаи ислоҳоти арсаи беҳдошт ва таъмини фанновариҳои ҷадид барои муассисоти беҳдоштӣ иҷро кардааст.
Зарринаи Хушвақт бо Маърифат Абдуллоева, мушовири маркази тарҳҳои ислоҳоти беҳдоштии Тоҷикистон, дар мавриди барномаҳои умдаи ин марказ мусоҳибае анҷом додааст:
-Хонум Абдуллоева, лутфан бигӯед, ки ҳоло дар кишвар бемории фалаҷи кӯдакон буруз карда ва оё маркази Шумо низ дар робита бо ин мушкил барномаҳое иҷро мекунад?
-Барномаҳои вижае дар робита бо бемории фалаҷи кӯдакон, ки дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон буруз кардааст, дар маркази мо ҳоло мавриди иҷро нест. Зеро барномаҳои мо бештар дар заминаи кумак ба ислоҳоти системи беҳдошт анҷом мешаванд.
Вале мо низ иттилоъ дорем, ки дар як моҳи ахир теъдоди беморони фалаҷ, бавижа фалаҷи кӯдакон, афзоиш ёфтааст. Ба ин сабаб, мо бояд ба масъулони Вазорати беҳдошти Тоҷикистон муроҷеъа кунем, то аз онҳо дар робита бо ин мушкил ва ширкати мо дар ҳалли он посух гирем.
-Аммо агар Вазорати беҳдошт ниёз ба кумакҳое дар ин робита дошта ва барои кумак ба шумо муроҷеъа кунад, посухи шумо чи хоҳад буд?
-Албатта, дар ин маврид мо бо созмонҳои кумакунандаи худ машварат хоҳем кард ва дар сурати бо мушкил рӯбарӯ шудани Тоҷикистон дар заминаи аз байн бурдани ин беморӣ мо кӯшиши хоҳем кард то он ҷое ки дар салоҳияти мо ҳаст, ба пизишкони тоҷик дар роҳи мубориза бо ин беморӣ кумак кунем.
Аз ҷумла дар бораи ин беморӣ дар заминаи иттилоърасонӣ ба мардум метавонем корҳое анҷом диҳем. Дар мавриди роҳҳои дигари ширкати хеш дар мубориза бо ин беморӣ бояд бо масъулони вазорат машварат кунем.
-Пас лутфан бигӯед, ки ҳоло авлавиятҳои аслии барномаҳое, ки маркази шумо аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад, чи аст?
-Барномаҳое, ки мо аз онҳо ҷонибдорӣ мекунем, мухталиф ҳастанд. Ва онҳо бар мабнои дархости Вазорати беҳдошт ё тандурустии Тоҷикистон дар заминаи гузарондани ислоҳоти сохторӣ ва ҳалли мушкили маблағгузорӣ барои онҳо амалӣ мешаванд.
Ин барномаҳои мо дар ду вилояти бузурги Тоҷикистон, яъне дар Суғд ва Хатлон анҷом мешаванд. Аз ҷумла мо барои 300 муассисаи беҳдоштӣ дар ин ду вилоят таҷҳизоти фаннӣ ва утумубилҳои заруриро таъмин кардем.
Ҳамчунин, мо аз фаъолияти пизишкони хонаводагӣ ҳимоят мекунем ва беш аз 55 таъсисоти беҳдоштӣ бо кумаки барномаи мо бунёд ё бозсозӣ шуд ва фанновариҳои ҷадид ба онҳо ворид кардем. Он ислоҳоте, ки дар ҳоли ҳозир вазорати беҳдошт анҷом медиҳад, мо зербинои онро омода кардем.
Аз соли оянда дар вилояти Суғд барномаи кафолати давлатӣ бояд амалӣ гардад ва аз ин сабаб дар соли ҷорӣ нақшаи мо дар устони Суғд ҳимояти молӣ аз раёсати беҳдошти ин вилоят барои амалӣ кардани ин барномаи кафолатҳои давлатӣ мебошад.
-Хонум Абдуллоева, Шумо мутахассиси арсаи беҳдошт ҳастед ва аз ин рӯ мушкилот ва пешрафтҳои ин арсаро хуб медонед. Лутфан бигӯед, ки чи душвориҳои аслие дар ин арса ҳаст ва ниёз ба рафъи он вуҷуд дорад?
-Теъдоди зиёди муассисоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва мо бояд истифодаи муассир аз онҳоро роҳандозӣ кунем. Ба ин хотир, мо бояд қабл аз он таҳқиқоте анҷом диҳем, ки воқеъан муассисоти беҳдоштие, ки дар навоҳӣ вуҷуд доранд, ба дархостҳои сокинони маҳал ва бо дарназардошти бемориҳое, ки он ҷо сар мезанад, ҷавобгӯ ҳастанд ё хайр?
Ва яке аз барномаҳои мо дар соли ҷорӣ афзоиши машваратҳои коршиносони байналмилалӣ дар ин замина хоҳад буд. Мо бояд ба Вазорати беҳдошти Тоҷикистон кунсепсиюни ҷадиде дар мавриди мавқеъияти муассисоти беҳдоштӣ пешниҳод кунем.
Бархе аз сармоягузорон ва мушовирони байналмилалӣ ба мо мегӯянд, ки мо муассисаҳое дорем, ки аз назари иқтисодӣ аз онҳо истифодаи муассир сурат намегирад. Агар мо дар ин ҷодда ба муваффақиятҳое ноил шавем, он замон мо ба ироаи хадамоти беҳдоштӣ бо кайфияти хуб низ даст меёбем.
-Яке аз мушкилоте, ки бештари пизишкон ва аксари кормандони арсаи беҳдошт бо он мувоҷеҳ ҳастанд, камбуди ҳуқуқ ё маъоши моҳиёнаи онҳост. Ба гуфтаи худи масъулони вазорати беҳдошт низ муассисоти ин арса бо камбуди мутахассисон рӯбарӯ ҳастанд. Оё барои беҳбуди вазъи молии кормандони арсаи беҳдошт дар Тоҷикистон низ маркази шумо фаъолиятҳое анҷом медиҳад?
-Саволи хеле баҷост! Зеро яке аз сабабҳои паст будани сифати хадамоти пизишкӣ дар Тоҷикистон низ ночиз будани маъоши кормандони арсаи беҳдошт аст. Ва ҳамчунин рафтани бисёре аз кормандони арсаи беҳдошт, бавижа пизишкон, ба хориҷ низ бахше аз ҳамин мушкил аст.
Яке аз барномаҳои маркази мо, ки дар даст дорем, таҳияи истротежии истифода аз захоири инсонӣ дар арсаи беҳдошт аст. Мо қабл аз ҳама бояд бубинем, ки теъдоди кормандони ин арса дар қаламрави Тоҷикистон кофӣ аст ё не ва оё истеъдоди онҳо то чи дараҷа ҳаст?
Мо бояд асосҳои маблағгузорӣ барои ҳуқуқи кормандони арсаи беҳдоштро таҳқиқ кунем ва машваратҳои дақиқро ба масъулон ироа кунем. Давлати Тоҷикистон бояд аз пизишкон, парасторон ва кормандони дигари арсаи беҳдошт ҳимоят кунад, то онҳо ба хориҷ муҳоҷират накунанд.
-Ташаккур барои суҳбат!
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2206--q.html