00:47:12 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/04_--01-a-aaaaaatallroad226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/04_--01-a-aaaaaatallroad226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/04_--01-a-aaaaaatallroad226.jpg'

ШИРКАТИ "IRS" БА ПУЛСИТОНИИ ҒАЙРИМУҶОЗ МУТТАҲАМ ШУД

Ширкати "Innovative Road Solutions" (“IRS”) аз 1 майи соли ҷорӣ барои истифода аз роҳи "Душанбе-Чаноқ" ба таври ғайриқонунӣ маблағ меситонад. Дар ин бора Амонулло Ашӯр, раиси идораи зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон аст, ки рӯзи сешанбеи 4 май ба хабаргузории маҳаллии "Asia-Plus" итилоъ додааст.

 

Ба гуфтаи оқои Ашӯр, ин ширкат таъруфаҳои истифода аз роҳро, ки ҳоло аз ронандаҳо ситонда мешавад, бо Идораи зиддиинҳисорӣ ҳамоҳанг накардааст. Вай гуфт: “Тибқи қонун бояд таъруфаҳо аз 1 май соли ҷорӣ мавриди таҷдиди назар воқеъ мешуданд. Таъруфаҳо бо ин ширкат барои як моҳ таъйин карда шуда буданд.” Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ашӯр, таъруфаҳои ин роҳ баъд аз як моҳ пас аз таҳлилҳои фоида ва хароҷоти ин ширкат бояд бознигрӣ мешуданд.

 

Вай афзуд: “Ширкати бритониёии "Innovative Road Solutions" (“IRS”) сатҳи зиндагии мардумро ба назар нагирифта, намехоҳад дар таъруфаҳо таҷдиди назар кунад. Ҳамчунин, ин ширкат аз вазъи молӣ ва иқтисодии худ ба идораи зидиинҳисорӣ намехоҳад гузориш диҳад. Ин ширкат ба идораи зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки вазъи молӣ ва иқтисодии ин ширкат сирри молии ширкат маҳсуб мешавад.”

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки идораи зидиинҳисорӣ тибқи шартномаи имзошуда ҳақ доштааст аз вазъи молӣ ва иқтисодии ин ширкат огаҳ бошад. Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи сешанбе идораи зиддиинҳисорӣ ба вазорати нақлиёт, раёсати ширкати “IRS” ва мақомоти ноҳияи Варзоб мусавваба дар бораи манъи ситондани маблағ барои истифода аз роҳи "Душанбе-Чаноқ"-ро равон кардааст.

 

Амонулло Ашӯр дар ин бора гуфт: “Ширкати бритониёӣ бояд дар муддати як ҳафта ба хадамоти (идораи) зиддиинҳисорӣ дар бораи вазъи молӣ ва иқтисодии худ гузорише пешниҳод кунад. Ҳамчунин, ин ширкат бояд дар таъруфаҳои худ таҷдиди назар кунад. Дар сурати иҷро накардани дастури мақомоти ваколатдори давлатии зидиинҳисорӣ, тибқи қонунгузории Точикистон нисбат ба ин ширкат чора андешида мешавад”.

 

Ба гуфтаи оқои Ашӯр, ба вазорату идороти кишвар аз таъруфаҳои баланди ин ширкат арзу шикоятҳои зиёде аз мардум расидааст. Вай афзуд: "Мо ба ин гуна таъруфаҳои баланд, ки барои мардуми Тоҷикистон бисёр сангин аст, иҷоза намедиҳем."

 

Раиси Идораи зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон афзуд, ки таъруфаҳо бояд бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шаванд. Барои мисол, дар Эрон барои истифода аз 50 килуметр роҳ 88 дирам месупоранд, дар Русия 2 дирам. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин кишварҳо дар баробари роҳи пулакӣ роҳи бепул вуҷуд дорад.

 

Ҳамчунин, оқои Ашӯр афзуд, ки ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» аз тамоми намуди андоз ё молиёт, ба ғайр аз андози иҷтимоъии кормандон, озод карда шудааст. Маблағҳое, ки ин ширкат ба даст меоварад, на барои пардохти қарзи гирифташуда барои бозсозии ин роҳ, балки барои таъмири роҳ масраф хоҳанд шуд.

 

Ин дар ҳолест, ки ахиран сокинони бархе аз рустоҳои атрофи роҳи Душанбе-Чаноқ алайҳи пулакӣ шудани ин ҷодда 10 ҳазор имзо ҷамъоварӣ карда буданд. Онҳо дар номаи саркушодае унвонии Президент Раҳмон хостаанд, ки арзиши молиёти ин роҳ пойин бурда ва ҷамъоварии он ба дӯши давлат вогузор шавад.

 

Рӯзи 31 март дар посгоҳи Чорбоғ, воқеъ дар даҳкилуметрии роҳи Душанбе-Хуҷанд, маросими пулакӣ шудани роҳи утумубилгарди Душанбе–Чаноқ баргузор шуд. Барои соҳибони утумубилҳо ва комюнҳо мутобиқи бори мошинҳояшон, барои убур аз ҳар як килуметри роҳи 345-килуметрии Душанбе-Чаноқ пардохти аз 30 дирам то як сомонию 88 дирам муъайян шудааст. Аммо ахиран масъулони ин ширкат дар ҳамоише эълом карданд, ки барои сокинони ноҳияи Варзоб, ки аз ин роҳ истифода мекунанд, таъруфаҳоро коҳиш додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2244--qirsq-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854