09:12:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАШ КУШТА ДАР СОНЕҲАИ РОҲ ДАР ДАРВОЗ

 

Дар як сонеҳаи роҳ дар ноҳияи Дарвози устони Бадахшон шаш нафар кушта ва аҷсоди онҳо дар рӯдхонае нопадид шудааст. Ба гуфтаи Мизроб Доробов, сухангӯйи бахши Вазорати кишвари Тоҷикистон дар устони Бадахшон, ин ҳодиса соъати 9.30-и шоми рӯзи душанбе рух додааст.

Вай гуфт, ки ба иллати риъоят нашудани қавоиди роҳ аз сӯйи ронандаи худрави “Нива” ин худрав аз баландии начандон бузург ба рӯдхонаи Вишхарвак сарозер шуда ва аҷсоди ронанда ва 5 нафар аз мусофирон нопадид шудааст. Ба гуфтаи оқои Доробов, масъулони пулиси роҳ дар минтақа ба ҷустуҷӯйи аҷсоди кушташудагон, ки ҳама сокинони ноҳияи Дарвоз будаанд, машғӯланд, аммо то ҳол ин аҷсодро пайдо накардаанд. Ин севумин сонеҳаи роҳ дар як моҳи ахир дар Бадахшон аст, ки дар натиҷаи он аҷсоди кушташудагон нопадид мешавад.

Тибқи иттилоъи масъулони пулиси роҳ дар Бадахшон, рӯзи 6 июн низ дар ҳодисае мушобеҳ дар масири Душанбе-Хоруғ (Рушон) аҷсоди чаҳор тан аз мусофирони як худрав гум шуд ва ду нафар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористони марказии устон дар Хоруғ мунтақил шуданд.

Дар пайи ҷустуҷӯҳои зиёд ҷасади як тан аз онҳо, ки сокини шаҳри Хуҷанд будааст, дар маҳалли Нусайи Бадахшони Афғонистон ва ҷасади як шаҳрванди Чин дар ноҳияи Рӯшони устони Бадахшони Тоҷикистон пайдо шудааст.

Аммо аҷсоди ду кӯдак, ки яке 8-сола ва дигаре 9-моҳа будаанд, то ҳол пайдо нашудааст.
Ҳамчунин, дар як сонеҳаи дигари роҳ, ки 15 июн дар маҳалли Бидроги ноҳияи Дарвоз рух дод, ронанда ва як мусофири як мошини “Камаз” кушта шуданд.

Гуфта мешавад ҷасади ронандаи ин комюн, ки сокини ноҳияи Бохтари устони Хатлон будааст, то ҳол пайдо нашудааст.

Тибқи иттилоъи масъулони пулиси роҳ дар Бадахшон тайи 6 моҳи ахир дар қаламрави ин устон 14 сонеҳаи роҳ сабт шудааст, ки дар асари онҳо 19 тан кушта шуда ва 12 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

Бадахшон устоне кӯҳистонист, ки роҳҳои пурхатаре дорад. Дар гузашта низ борҳо аз савонеҳи маргборе дар ин минтақа гузориш шудааст.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi