ҲУШДОР АЗ БОРИШҲОИ ШАДИД ДАР ДУ РӮЗИ ОЯНДА
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз боришҳои шадид дар ду рӯзи оянда ҳушдор медиҳад. Ин марказ таъкид мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон резиши боронҳои шадид, жола ва дар пайи он, вуқӯъи селобҳо дар назар аст. Масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон низ изҳор доштанд, ки кормандони он дар саросари кишвар ба ҳолати омодабош даромадаанд.
Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, хабар дод, ки аз 21 то 23 май дар манотиқи марказӣ ва ҷануби кишвар тағйири вазъияти ҳаво ва резиши боронҳои шадид пешбинӣ шудааст. Вай афзуд, ки ин хатари вуқӯъи селоб бештар навоҳии марказии Тоҷикистон, водии Рашт, ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанберо таҳдид мекунад. Эҳтимоли вуқӯъи селобҳо дар маҳаллоти шарқии пойтахти Тоҷикистон низ вуҷуд доштааст.
Хонум Байдуллоева мегӯяд, ки дар пайи селобҳо эҳтимоли тира шудани оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад ва ба ин далел хонаводаҳоро лозим аст захираи оби ошомидании мавриди ниёзи худро фароҳам созанд. Зеро боришҳои як ҳафтаи ахир дар манотиқи атрофи Душанбе сабаб шуда, ки оби нӯшиданӣ, ки ба шаҳр тавзеъ мешавад, ғализ ва гилолуд шудааст.
Дар навоҳии Ховалинг ва Шӯроободи минтақаи Хатлон низ эҳтимоли бориши шадид ва вуқӯъи селобҳо вуҷуд дорад. Вале ҳадс зада мешавад, ки шиддати он ба гунаи ҳаводиси авоили моҳи май нахоҳад буд. Дар вилояти Суғд шиддати бод афзоиш меёбад, вале дар навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан ва Ғончии ин вилоят боришҳои шадид пешбиниӣ шудааст.
Дӯстмурод Забиров, як масъули маркази матбуъотии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, хабар дод, ки гурғҳҳои наҷоти ин кумита ба ҳолати омодабош даромадаанд. Бо ин вуҷуд, вай аз сокинони кишвар даъват кард, ки мувозиби худ бошанд ва ҷӯйбору роҳҳои обгузари маҳаллоти худро аз ошғол тоза кунанд, то аз хатари селобҳо ҷилавгирӣ шавад.
Ба гуфтаи вай, таҷрубаи чанд ҳафтаи ахир собит кардааст, ки баста будани роҳҳои обгузар мӯҷиби афзоиши мизони хатароти селоб, аз ҷумла дар минтақаи Кӯлоб, шудааст. Тибқи омори расмӣ, бар асари ҳаводиси табиъӣ дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон 30 то 40 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар захмӣ, 33 нафар нопадид ва ҳудуди 4500 нафар бесарпаноҳ мондаанд.
Ҳамчунин, беш аз ду ҳазор воҳиди маскунӣ, 30 пули иртиботӣ, даҳҳо килуметр роҳҳо ва хутути барқу телефун хароб гардида ва тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, ба иқтисоди кишвар ба маблағи 600 милюн дулори омрикоӣ хисорот ворид шудааст. Ҳавошиносон мегӯянд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ мизони боришҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта то ду баробар зиёд будааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2323-2010-05-20-11-27-58.html