00:48:56 03-уми Июни 2025 сол

АМРИКО: "ТОҶИКИСТОН БО ГУРУСНАГӢ РӮБАРӮСТ"

Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое шомил кардааст, ки аз гуруснагӣ азият мекашанд. Ба ин феҳраст ба ҷуз аз Тоҷикистон , Эфиюпӣ, Кения, Либериё, Непол, Ҳоитӣ ва Ҳондурос низ шомил шудаанд. Ин матлаб дар ҷараёни ҳамоише дар Вошингтун дар робита бо пуштибонӣ аз кишварҳое, ки бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд, матраҳ шудааст. Роҷив Шоҳ, раиси Ожонси тавсеъаи байналмилалии Амрико, рӯзи ҷумъаи 20 май дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки беҳбуди авзоъ дар таъмини амнияти ғизоӣ дар ин кишварҳо аз роҳи сармоягузорӣ ба бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати минтақавӣ имконпазир мешавад. Моҳе қабл мақомоти Амрико изҳор дошта буданд, ки феҳрасти кишварҳои бо гуруснагӣ мувоҷеҳро то ба бист кишвари Осиё, Офриқо ва Амрикои Ҷанубӣ коҳиш медиҳанд. Дар ҳамоиши рӯзи панҷшанбе Роҷив Шоҳ гуфтааст, ки коҳиши феҳраст имкон медиҳад, ки “аз зарфияти кишварҳои шарики мо барои таъмини амнияти ғизоӣ ба сурати муассир истифода шавад ва заминаҳои рушди онҳо таъмин шавад”. Зимнан, тибқи гузориши ахири Барномаи Ҷаҳонии Ғизои СММ, беш аз сеяки ҷамъияти Тоҷикистон аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд. Бархе аз сокинони манотиқи рустоӣ дар сӯҳбатҳои ҷудогона изҳор доштанд, ки тӯли як соли ахир гӯшт нахӯрдаанд. Тибқи ин гузориш, ки дар моҳи апрел мунташир шуда буд, беш аз панҷоҳ дарсади сокинони Тоҷикистон бо камбуди ғизо рӯбарӯ шудаанд. Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки 81 дарсади хонаводаҳои тоҷик дар фасли баҳор захираи ғизо надоранд. Дар канори камбуди ҷойи кор ва бозгашти муҳоҷирон, фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” аз сабабҳои ин вазъият унвон шуда буд. Аз сӯйи дигар, бар асоси як пажӯҳиши муштараки Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, 17 дарсади кӯдакон дар ин кишвар ба сабаби сӯитағзия бо камвазнӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва 23 дарсади кӯдакон кӯчактар аз андозаи маъмулӣ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, Президент Раҳмон дар паёми ахири худ ба порлумони ин кишвар хабар дода буд, ки мизони фақр дар миёни сокинон то панҷоҳ дарсад расидааст. Ин рақам дар соли 2003 73 дарсадро ташкил медод. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, давлати Тоҷикистон якҷо бо кишварҳо ва созмонҳои кумаккунанда тавонистааст дар чанд соли ахир ҳудуди як милюн нафар аз ҷамъияти ин кишварро аз фақр берун кашад. Вале ба эътиқоди коршиносон, паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, аз ҷумла коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик, ба афзоиши дубораи мизони фақр дар Тоҷикистон мунҷар шудааст. Би-Би-Си

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854