01:13:17 03-уми Июни 2025 сол

НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ БАҲОИ БЕНЗИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Тасмими давлати Русия ба ситондани аворизи гумрукӣ барои содироти маводди сӯхт ба Тоҷикистон ба боло рафтани нархи бензин дар ин кишвар мунҷар шудааст.

 

Дар чанд рӯзи ахир баҳои як литр бензин дар Тоҷикистон то ба 50 дирам боло рафта ва баҳои он ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Дар ҳамин ҳол, Идораи зиддиинҳисори Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ин амр тадобиреро рӯйи даст гирифтааст. Субҳи рӯзи ҷумъа дар бархе аз бензинфурӯшиҳои шаҳри Душанбе таҷаммӯъи худравҳо мушоҳида мешуд, ки ба гуфтаи масъулони бензинфурӯшиҳо ин амр аз камбуди захираи маводди сӯхт гувоҳӣ медод.

 

Саидҷаъфар, як ронандаи 35-сола, бо асабоният мегӯяд, ки дар як ҳафтаи ахир ҳамарӯза қимати бензин даҳдирамӣ боло меравад. Вай мегӯяд, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст ва ночор аст қимати роҳкиро барои муштариёнро боло бубарад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки маводди сӯхтӣ ба манотиқи ҷануби Тоҷикистон аз марказ интиқол дода мешавад, баҳои он дар он ҷо нисбат ба марказ ва шимоли кишвар бештар афзоиш ёфтааст.

 

Дар ҳоле ки қимати бензини 92 дар Душанбе ба 3,7-3,8 сомонӣ расида, аммо манобеъи маҳаллӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки рӯзи ҷумъа дар бензинфурӯшиҳои ин шаҳр арзиши бензини 92-95 то ба 4 сомонӣ афзуд.

 

Ронандагони кӯлобӣ ҳамчунин нигаронанд, ки афзоиши нархи бензин ва коҳиши воридот бар кайфияти он ҳам таъсир мегузорад. Аслан Ёқубов, як ронандаи маҳаллӣ, ки дар масири Кӯлоб –Душанбе мусофир мекашонад, мегуяд: "Ҳангоми афзоиши нархи сӯзишворӣ соҳибкорони маҳаллӣ навъҳои сӯзишвории бесифатро омехта намуда, ба фурӯш мегузоранд."

 

Мусофирон ҳам аз он ибрози норизоятӣ мекунанд, ки дар баробари афзудани нархи маводди сӯхтӣ роҳкиро низ гаронтар мешавад. Гузашта аз ин, агарчи баъдан арзиши сӯзишворӣ мумкин аст ба ҳолати аввала баргардад, аммо арзиши роҳкиро маъмулан пойин намеояд.

 

Қимати маводди сӯхтӣ дар шимоли Тоҷикистон маъмулан нисбат ба манотиқи марказӣ ва ҷануби кишвар арзонтар аст, аммо ҳоло дар он ҷо низ ронандагон аз афзоиши нархи бензин ибрози нигаронӣ мекунанд. Ваҳҳоб, ронандаи як токсӣ, ки дар ҷоддаи Истаравшан-Хуҷанд мусофир мекашонад,мегӯяд, ки афзоиши ногаҳонии баҳои бензин ба изофаи пулакӣ шудани ин ҷодда "ҳамёни тиҳии (холии) мардуми фақирро боз ҳам тиҳитар хоҳад кард."

 

Дар нуқтаҳои фурӯши маводди сӯхтӣ дар Хуҷанд бензини навъи 92 ба маблағи 3,6 сомонӣ ва навъи 80 ба маблағи 3,5 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Аммо Манучеҳри Толиб, як сокини Истаравшан, гуфт, ки бензини 92 дар ин ҷо то ба 4 сомонӣ ва навъи 80 то ба 3,8 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, Идораи зиддиинҳисори Тоҷикистон мегӯяд, ки аз субҳи рӯзи ҷумъаи 21 май дар куллияи манотиқи кишвар кумисиюнҳои вижа барои ҷилавгирӣ аз афзоиши баҳои маводди сӯхт фаъол шудаанд.

 

Елена Раҳимова, як масъули ин ниҳод, ба Би-би-сӣ гуфт, ки сабаби аслии болоравии қимати маводди сӯхт дар бозорҳо тасмими давлати Русия ба ситондани аворизи гумрукӣ ба маблағи 203 дулор барои содироти бензин ба Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи вай, ҳоло то 70 дарсади маводди сӯхтии Тоҷикистон аз Русия ва боқимонда аз Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбакистон ворид мешавад.

 

Бо ин вуҷуд, хонум Раҳимова мӯътақид аст, ки ширкатҳои воридкунандаи маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон бидуни далоили воқеъӣ баҳои бензинро боло бурдаанд. Зеро ба қавли ӯ, ин ширкатҳо миқдори зиёди маводди сӯхтиро қабл аз роҳандозии аворизи гумрукии Русия захира карда буданд ва набояд онро бо арзиши бештар ба фурӯш гузоранд.

 

Ба ин далел, Идораи зиддиинҳисорӣ тасмим гирифтааст, ки аз роҳҳои идорӣ аз болоравии баҳои бензин дар бозорҳои Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки ҳатто дар сурати муассир будани ин амр, баъд аз анҷоми захираи ширкатҳо, чӣ гуна метавон аз болоравии нархи бензин ҷилавгирӣ кард?

 

Дар ҳамин ҳол, масъули яке аз ширкатҳои воридкунандаи маводди сӯхтӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки қаблан онҳо як тун бензини навъи АИ-92-ро бо арзиши ҳудуди 900 дулор ворид мекарданд. Ҳоло ин рақам ба беш аз 200 дулор афзоиш ёфта ва онҳо наметавонанд бензинро бар зарари худ бо нархи камтар ба фурӯш гузоранд.

 

Давлати Русия дар авоили моҳи апрел тасмим гирифта буд, ки барои бензини содиротӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аворизи гумрукӣ ба маблағи 203 дулорро таҳмил хоҳад кард. Русҳо сабаби ин иқдомро узви иттиҳодия гумрукӣ набудани ин ду кишвари Осиёи Марказӣ хонданд.

 

Бо таъсиси иттиҳодияи гумрукӣ миёни Белорус, Русия ва Қазоқистон тасмим шудааст, ки онҳо таъруфаҳои гумрукии худро бояд яксон созанд. Вале, ба эътиқоди Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии мавсум ба “Индем”, дар ин сурат бояд дар қиболи Озарбойҷон ва Арманистон, ду узви дигари кишварҳои ҳамсуд, низ ки ба иттиҳодияи гумрукӣ напайвастаанд, чуинн аворизе таҳмил мешуд, ки нашуд.

 

Ба гуфтаи оқои Дӯстов, роҳандозии чунин аворизи гумрукӣ як навъ фишор аст. Вай афзуд: “Дар Қирғизистон Русия то ҷойе ба ҳадафи худ расид. Вале дар мавриди Тоҷикистон сабаб дигар аст. Ба эҳтимоли зиёд, Русия мехоҳад давлати Тоҷикистонро ба имзои созишномаи ҷадиде дар бораи тамдиди муҳлати истиқрори пойгоҳи низомияш барои то 25 соли дигар водор созад”.

 

Зимнан, чунин аворизе алайҳи Қирғизистон дар авоили моҳи апрел роҳандозӣ шуда буд. Нахуст, давлати Қурбонбек Боқиев барои лағви он талошҳои номуваффақе анҷом дод. Ҳоло, давлати муваққати Қирғизистон низ дар ин замина бо мақомоти Русия музокироте анҷом медиҳад.

 

Вазорати тиҷорат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ибрози назар дар бораи ин мавзӯъ худдорӣ мекунад. Ба гуфтаи як масъули ин вазорат, фарде, ки ин бахши иқтисодро бар ӯҳда дорад, ба шаҳри Сан-Питерзбурги Русия сафар кардааст ва то замони бозгашти ӯ онҳо наметавонанд дар ин бора изҳори назар кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки Русия бо роҳандозии аворизи гумрукии ҷадид барои маводди сӯхтӣ қасд дорад ба аҳдофи дарозмуддати худ дар Тоҷикистон ба сурати фаврӣ даст ёбад.

 

Вай афзуд: “Тахмин задан мумкин аст, ки ин аҳдоф ба тарҳҳои иқтисодӣ, назири мушорикат дар сохтмони нерӯгоҳҳо рабт дошта бошад. Дар ин замина мавзӯъи истифодаи муштарак аз фурӯдгоҳи Айниро набояд фаромуш кард. Ва муҳиммтар аз ҳама, ин мавзӯъи тамдиди замон ва шароити истиқрори пойгоҳи 201 аст. Ҳарчанд гуё дар ин бора қаблан тавофуқоте миёни раҳбарони ду кишвар ҳосил шуда буд, аммо фикр мекунам, чунин шароит Кремлинро қонеъ намесозад”.

 

Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ки дар вокуниш ба эъмоли аворизи гумрукии тоза аз сӯйи Русия давлати Тоҷикистон низ бояд иқдомоте анҷом диҳад. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки ҳоло ширкати “Газпромнефт”-и Русия то чиҳил дарсади бозори маводди сӯхтии Тоҷикистонро забт карда ва ба харидории фурӯшгоҳҳои маводди сӯхтӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар идома медиҳад.

 

Ба эътиқоди оқои Дӯстов, ин шеваи фаъолияти як ширкати хориҷӣ барои амнияти Тоҷикистон хатарзост ва мақомоти тоҷик бояд дар мавриди идомаи фаъолияти ширкати “Газпромнефт” дар ин кишвар тасмимоте бигиранд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик бар ин назаранд, ки идомаи афзоиши баҳои маводди сӯхтӣ вазъи иқтисоди осебпазири Тоҷикистонро метавонад боз ҳам душвортар созад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/2331-2010-05-21-11-36-22.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854