02:02:52 03-уми Июни 2025 сол

ДОНИШМАНДОН: ТЕЛЕФУНИ ҲАМРОҲ ХАТАР НАДОРАД

Телефунҳои ҳамроҳ (мобилӣ) хатари ибтило ба бемории саратони мағзро афзоиш намедиҳанд. Ин натиҷаи пажӯҳише фарогир дар ин замина аст. Донишмандон аз Ожонси Байналмилалии Омӯзиши Саратон зимни таҳлили додаҳое дар мавриди даҳҳо ҳазор нафар ба ин натиҷа расидаанд, ки истифодаи дарозмуддат аз телефуни ҳамроҳ бо бурузи бемории саратон ҳеч иртиботе надорад.

 

Донишмандон қаблан ҳам мегуфтанд, ки ҳеч гуна меконисми биюлужике, ки телефуни ҳамроҳ аз тариқи он битавонад бар бофтаҳои инсон таъсир гузорад, вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, бисёриҳо чунин мепиндоранд, ки ин гуна иртибот вуҷуд дорад. Донишмандон умедворанд, ки натоиҷи ин мутолеъа биму нигаронии онҳоро бартараф созад. Дар мутолеъаи анҷомшуда беш аз панҷ ҳазор зан ва мард аз 13 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд, ки дар байни солҳои 2002 то 2004 бемории "саратони мағзи сар" дар онҳо ташхис шуда буд.

 

Аз беморон хоста шуд сабт кунанд, ки чи миқдор вақти худро барои гуфтугӯ аз тариқи телефуни ҳамроҳ сарф мекунанд. Сипас, натоиҷи сабтшударо бо натоиҷи гирифташуда аз афроди дигаре, ки синну сол, ҷинс ва тарзи зиндагии мушобеҳе доштанд, муқоиса шуд.

 

Профессор Энтонӣ Свердлов, яке аз пажӯҳишгарон мегӯяд: "Ин мутолеъа ба пурсишҳое дар бораи ки оё хатари истифода аз телефуни ҳамроҳ дар тӯли беш аз 15 сол вуҷуд дорад ё на, ва оё телефуни ҳамроҳ метавонад ба бемориҳои ҷиддитаре мунҷар шавад, посух намедиҳад. Аммо агар хатари бузург ва мустақиме дар ин замина вуҷуд дошт, мо онро пай мебурдем."

 

Дар ҷараёни ин пажӯҳиш ҳамчунин ошкор шудааст афроде, ки тӯли ҳафта лоақал як бор аз телефуни ҳамроҳ истифода мекунанд, нисбат ба онҳое, ки аслан аз он истифода намекунанд, камтар дар маърази хатари ибтило ба саратони мағз қарор доранд. Ҳарчанд пажӯҳишгарон мӯътақиданд, ки ин як навъ тасодуф буда ва ба ҷанбаҳои муҳофизатии майдони электромагнитии телефуни ҳамроҳ ҳеч иртиботе надорад.

 

То кунун пажӯҳишҳои зиёде дар ин маврид анҷом шуда, вале ҳеч пажӯҳише собит накардааст, ки телефуни ҳамроҳ ё мобилӣ дар бурузи бемории саратони мағз ва ё бемориҳои дигар нақше дошта бошад. Вале расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз чанде қабл ба таблиғоти густардае алайҳи телефунҳои ҳамроҳ пардохта ва онро омили бисёре аз бемориҳо, аз ҷумла саратони мағз, мехонанд.

 

Таблиғоти зидди телефуни ҳамроҳ дар пайи суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар порлумон ва интиқодоти ӯ аз мардум барои истифодаи ба гуфтаи ӯ "беш аз андоза" аз телефунҳои ҳамроҳ оғоз шудааст. Дар пайи ин суханронӣ ҳатто мақомот дар шаҳри Душанбе, пойтахт, ба барчидани овезаҳои таблиғотии ширкатҳои фароҳамгари иртиботи мобилӣ пардохтанд ва таблиғоти ин ширкатҳо дар родию ва телевизиюнҳои давлатӣ низ башиддат маҳдуд шудааст.

 

Мунтақидон ин иқдомро бо усули иқтисоди озод ва мафодди қонуни асосии Тоҷикистон муғоир арзёбӣ карда ва бо ишора ба суханони Президент Раҳмон мегӯянд, ки вай талош дорад нокомии худ ва аъзои кобинааш дар ҳалли мушкилоти иҷтимоъии мардумро аз дӯши худ соқит карда ва худи мардумро дар фақру нодории густарда муқассир қаламдод кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2334-2010-05-22-05-47-04.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854