РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОСЕБДИДАГОНИ СЕЛ КУМАК МЕКУНАД
Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раёсати бахши ҳимоят аз соҳибкорон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро ба ӯҳда дорад, гуфтааст, ки барои осебдидагони сел дар Кӯлоб ду манзил бунёд мекунад. Дар ин бора коноли якуми телевизиюни давлатии Тоҷикистон шаби гузашта (21 май) хабар дод. Дар ин хабар аз ҷумла омада буд, ки "дар канори шаҳрвандони хайрхоҳи дигари кишварамон" Рустами Эмомалӣ, низ ваъда кард, ки барои осебдидагони сел дар Кӯлоб ду хона бунёд мекунад.
Бар асоси арзёбиҳои имдодгарони байналмилалӣ, дар асари селу борандагиҳои шадиди соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 40 нафар кушта, 300 нафар захмӣ, 33 нафар нопадид ва ҳудуди 4500 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Иқтисоди ин кишвар беш аз 600 милюн дулор хисорат дидааст. Ҳамакнун бештари осебдидагони сел дар хаймаҳое, ки имдодгарон кумак кардаанд, дар майдони марказии шаҳри Кӯлоб ба сар мебаранд ва вазъи беҳдории онҳо вахим арзёбӣ мешавад.
Президент Раҳмон дар рӯзи дувуми ҳодиса аз Кӯлоб боздид кард ва мақомҳои давлатиро дастур дод, ки то моҳи ноябр барои осебдидагон дар маҳалле дигар замин ихтисос дода ва манозиле бунёд кунанд. Пештар чанде аз ниҳодҳои давлатию ширкатҳои хусусӣ ва иддае аз тоҷирону соҳибкорон ва мансабдорон ваъдаи бунёди манозил барои осебдидагонро карда буданд. Аммо маълум нест, ки мансабдорони давлатӣ, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ, ҳазинаи бунёди манозилро аз куҷо фароҳам мекунанд.
Бархе манобеъ мегӯянд, ки мақомот тоҷирон ва соҳибони ширкатҳои хусусиро ба бунёди манозил барои осебдидагон водор сохта ва ё аз онҳо барои сохтани манозил сармоя талаб мекунанд, вале ин иттилоъ ба таври расмӣ таъйид нашудааст. Рустами Эмомалӣ, ки писари бузурги Президент Раҳмон аст, ба ҷуз раёсати яке аз бахшҳои кумитаи сармоягузорӣ ҳамчунин узви маҷлиси шаҳри Душанбе ва муъовини раиси кумитаи ҷавонон аст.
Ба гуфтаи фаъолони ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки раҳбарии онро оқои Раҳмон ба ӯҳда дорад, Рустами Эмомалӣ дар интихоботи 28 феврал 70 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст оварда ва бар курсии ваколат дар маҷлиси шаҳри Душанбе нишастааст. Дар гузашта Рустам ба ҳайси мубтакир ва бозигари тими футболи “Истиқлол” маъруф буд. Ин тим феълан яке аз тимҳои пуртарафдори футбол дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Рустами Эмомалӣ танҳо фарзанди Президент Раҳмон нест, ки вориди саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон шудааст. Соли гузашта Озода Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳур, низ ба симати муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон мансуб шуд ва ҳоло ин симатро ба ӯҳда дорад.
Бархе аз хешовандони оқои Раҳмон, аз ҷумла Матлубхон Давлатов, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси "Ориёнбонк" ва чанде дигар низ дар даврони раёсати ҷумҳурии вай ба симатҳои баланд ё пурдаромаде даст ёфтаанд.
Мунтақидони Президент Раҳмон ӯро ба тақлид аз раҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва пеш бурдани сиёсатҳои кодрии маҳалгароёна, хешовандсолорӣ, тамаркузи қудрат ва афзоиши ихтиёроташ аз роҳи тағйири қонуни асосӣ муттаҳам кардаанд, вале тарафдоронаш сиёсатҳои ӯро аз ҳар гуна нуқсу тахаллуф мубарро медонанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2338-2010-05-22-08-57-35.html