01:40:27 03-уми Июни 2025 сол

ДУШАНБЕ - ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ НОМУНОСИБ БАРОИ ЗИНДАГӢ

Тибқи як таҳқиқоти анҷомдодаи ширкати «Мерсер»-и Амрико Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бадтарин шаҳр дар миёни пойтахтҳои ҷаҳон барои зиндагӣ унвон шудааст. Зимни ин пажӯҳиш саъй шудааст, ки шаҳрҳои муносиб ва номуносиби дунё барои зиндагӣ ташхис шавад. Ин таҳқиқот Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро бадтарин шаҳрҳо барои зиндагӣ номидааст.

 

Ду пойтахт дар раддабандии сатҳи зиндагӣ дар шаҳрҳои ҷаҳон ҷойҳои охирини 209 ва 210-ро ишғол карданд. Пойтахти Австрия - Вена, шаҳрҳои Тсюрих ва Женева беҳтарин шаҳрҳо барои зистан унвон шуданд.

 

Шаҳрҳои беҳтарин барои зиндагӢ

Ҳарчанд 16 шаҳри Аврупо дар байни 25 шаҳри беҳтаринанд, сатҳи зиндагӣ дар Лейптсиг ва Афина пасттарин дар Аврупо шумурда шудааст. Ин раддабандии солонаро ширкати амрикои "Мерсер" омода ва нашр кардааст.

 

Душанбе ба унвони шаҳр таърихи тӯлоние надорад. Дар соли 1924 он як деҳаи калон ва минтақаи тиҷоратие дар водии Ҳисор буд, ки ба маҳзи таъсиси Тоҷикистон ба унвони воҳиди маъмурӣ ва сиёсӣ дар ҳайати Шӯравии пешин маркази он эълон шуд. Душанбе имрӯз бино ба омори расмӣ бештар аз як миллион нуфус дорад, аммо бино ба омори дигар наздики ду миллион нафар дар ин шаҳр ба сар мебарад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2373-2010-05-28-08-34-38.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854