ТАЛАФОТИ ҶОНӢ БАР АСАРИ ҲАВОДИСИ ТАБИЪӢ
Дар навоҳии Шаҳристон ва Айнӣ, дар шимоли Тоҷикистон, ду нафар бар асари ҳаводиси табиъӣ ҷон бохтаанд. Бино ба гузориши дафтари матбуъотии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, дар пайи борандагии шадид ва раъду барқ Тӯлқин Суванқулови 43-сола, сокини рустои Янгиқӯрғони ноҳияи Шаҳристон, бар асари исобати барқ (раъду барқ) кушта шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Мунира Назариева, сухангӯйи ин кумита, дар наздикии рустои Искодари ноҳияи Айнӣ аз рӯдхонаи Зарафшон ҷасади зане берун оварда шудааст, ки ба ҳангоми борандагии шадид дар ин рӯдхона ғарқ шуда буд. Хонуми Назариева гуфт, ки шоми 26 май низ Маҳина Абдураҳмоноваи 16-сола, сокини ҷамоъати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари исобати барқ ба ҳангоми вуқӯъи раъду барқ ҷони худро аз даст додааст.
Тибқи иттилоъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, ба ин тартиб теъдоди талафоти ҷонӣ бар асари борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар як моҳи ахир ба 46 нафар расида, беш аз 200 нафар захмӣ ва беш аз 50 нафар беному нишон шудаанд.
Ин манбаъ гуфт, ки бар асари борандагии шадид ва вазидани боди сахти рӯзи гузашта шаҳру навоҳии Хуҷанд, Табошар, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ғончии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, осеб дида ва ҳамакнун Кумисиюни авзоъи изтирорӣ мизони хисороти воридаро арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин, шаби гузашта бар асари боридани жола ба мазореъи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои сокинони рустоҳои ноҳияи Файзобод, дар шарқи Тоҷикистон, осеби ҷиддӣ ворид шуда ва тибқи натиҷагириҳои муқаддамотӣ 80 дар сади киштзор хароб гардидааст.
Гуфта мешавад аз оғози соли ҷорӣ то кунун бар асари ҳаводиси табъиӣ беш аз 2000 воҳиди маскунӣ, 30 пули иртиботӣ, даҳҳо килуметр роҳ ва хатти барқу телефун хароб гардида ва тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, ба иқтисоди кишвар ба миқдори 600 милюн дулори омрикоӣ хисорот ворид шудааст.
Дар пайи дархости кумаки давлати Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар ба осебдидагони ҳаводиси табиъӣ дар вилояти Хатлон маводди ғизоӣ, хайма, таҷҳизоти беҳдорӣ ва дору ироа кардаанд.
Сокинони Тоҷикистон ба манзури кумаки молӣ ба осебдидагони ҳаводиси табиъӣ ба ҳисоби бонкии “Амонатбонк”-и ин кишвар ба миқдори 1 милюну 200 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 300 ҳазор дулори омрикоӣ маблағ ворид кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2374-2010-05-28-08-38-59.html