01:06:51 03-уми Июни 2025 сол

КӮМАКИ ИМА БА ЗАРАРДИДАГОНИ СЕЛ ДАР КӮЛОБ

Ҳавопаймои неруҳои ҳавоии ИМА С-130 бо  8,5 тонна бор иборат аз дорувории дарунрагӣ, захмбанд, матоҳои назофатии кӯдакона, антибиотикҳо, доруҳои зидди касалиҳои пӯст, доруҳои зидди табларза ва қуттиҳои лавозимоти беҳдошт барои зарардидагони офати табии дар вилояти Хатлон ба майдони ҳавоии Душанбе фаромад. Маблағи умумии ин лавозимот ба беш аз 500,000 доллари ИМА баробар аст.

 

Подполковник Ларри Ҳаррисон, Атташеи низомии сафоратхонаи ИМА, барои омодасозии интиқоли ин кӯмак бо Ситоди марказии неруҳои Амрико (CENTCOM) ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кардааст. «Вазифаи аввалиндараҷаи мо иборат аз интиқоли саривақтии лавозимоти тиббӣ ба ҷойҳои эҳтиёҷмандтарин аст.

 

Кормандони сафоратхона, ки бо беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб ҳамкории зич мекунанд, бо духтурони ин беморхонаҳо, ки мустақиман бо зарардидагони сел кор мекунанд, тамос гирифтанд. Мо аз онҳо пурсидем, ки ба чи гуна лавозимот ниёз доранд. Мо ба Ситоди марказии неруҳои Амрико дархости онҳоро пешниҳод кардем ва айнан маводҳоеро гирифтем, ки ба духтурон заруранд» – афзуд Ҳаррисон.

 

Сафири ИМА Кеннет Гросс эъломияи офати табииеро пахш намудааст, ки дар он хисороти ҷиддии ба ноҳияи Кӯлоб расонидашуда ва дархости кӯмак аз тарафи ҳукумати Тоҷикистонро эътироф намуд. Аз ҳамон лаҳза инҷониб ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба хонаводаҳои зарардида ба маблағи зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона пешниҳод намуд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2378-2010-05-28-20-44-58.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854