АЛИЗОДА: “АЗ ЗИНДОНҲО ШАХСАН ДИДАН ХОҲАМ КАРД”
Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, вуҷуди мавориди шиканҷа дар фаъолияти зиндонҳо ва ниҳодҳои интизомии ин кишварро таъйид кардааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон изҳор дошт, ки мушкили шиканҷа дар фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ дар ин кишвар мушоҳида намешавад.
Оқои Ализода дар ин бора дар мусоҳибае бо IWPR, маҷаллали бритониёии бозтоби масоили ҷангу сулҳ, ки ба натоиҷи нахустин соли фаъолияти Омбудсмен ё ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон марбут буд, матраҳ кардааст. Ба гуфтаи вай, дар зарфи як сол ба ин ниҳод 895 дархости шаҳрвандӣ ворид шудааст, ки 300 маврид аз он аризаи хаттӣ буда ва боқимонда шифоӣ буда ва аксари онҳо аз ҳукми додгоҳҳои кишвар шикоят мекунанд.
Аммо ба гуфтаи оқои Ализода, вай наметавонад иддаъо кунад, ки “умдатан дар додгоҳҳо мавориди нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон сурат мегирад. Додгоҳ ниҳодест, ки аз ҳукми он ҳамеша як ҷониб норозӣ мемонад”.
Ба навиштаи IWPR, атбоъи кишварҳои хориҷӣ низ ба Омбудсмени Тоҷикистон муроҷеъа кардаанд. Маъмулан, ин афрод шаҳрвандони Афғонистон буда ва дархости мусоъидат барои кӯчидан ба кившарҳои севвумро доштаанд.
Зариф Ализода ҳамчунин аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, бештаре аз онҳо дар даҳаи 1930 сохта шуда ва ниёз ба бозсозии комил доранд. Ба эътиқоди вай, бидуни кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ иҷрои ин аҳдоф душвор аст.
Аз посухҳои оқои Ализода чунин бардошт мешавад, ки вай то ҳол аз вазъи зиндонҳо расман дидан накардааст, ҳарчанд созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба вуҷуди мушкилоти густурда дар маҳбасҳои Тоҷикистон ишора мекунанд. Омбудсмени Тоҷикистон гуфтааст, “ҳаққи боздид аз зиндонҳоро дорам ва дар зудтарин фурсат шахсан аз онҳо дидан хоҳам кард”.
Оқои Ализода афзудааст, ки аз мавориди шиканҷа дар зиндонҳо ва дигар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хабар дорад. Ба иттилоъи вай, ба ниҳоди Омбудсмени Тоҷикистон аз номи сокинони кишвар чанд муроҷеъае дар ин замина ворид шудааст ва онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар посух ба ин суол, ки чаро Тоҷикистон то ҳол ба Конвенсиюни байналмилалии манъи шиканҷа напайвастааст, оқои Ализода гуфтааст, ки ин ниҳод қасд дорад барои баррасии ин мавзӯъ чанд мизи гирд баргузор кунад.
Вай гуфтааст, пайвастани Тоҷикистон ба ин Конвенсиюн махориҷи молиеро дар назар дорад, ки дар сурати тасвиби он афроде, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд аз ҳаққи дарёфти ҷубронпулӣ бархурдор хоҳанд шуд.
Хабарнигори IWPR ин саволро матраҳ мекунад, ки чаро Омбудсмен бо вуҷуди ин ки расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон матолиби зиёде аз мавориди фурӯши иҷбории саҳмияҳои “Роғун” мунташир кардаанд, дар ин бора вокунише накардааст?
Зариф Ализода посух додааст: “То ҳол нафаре дар ин бора ба Омбудсмен расман шикоят накардааст ва ман наметавонам танҳо дар пайи чопи матолиби расонаӣ ё сару садоҳо вокуниш кунам”.
Аз сӯйи дигар, вай афзудааст, ки “Роғун” – тарҳи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик аст ва ҳар фарде, ки ин кишварро дӯст медорад ва аз чунин имконият бархурдор аст, бояд саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ кунад”.
Дар мавриди қазияи додгоҳии "Фараж", "Азия плюс" ва "Озодагон" - се нашрияи мустақили Тоҷикистон, оқои Ализода гуфтааст, ки намояндаи ин ниҳод ҷараёни ин муҳокимаро назорат мекунад, вале то замони анҷоми ин баррасӣ, вай наметавонад дар ин бора изҳори назар кунад.
Зимнан, Зариф Ализода, ки худ аз муъаллифони қонуни Тоҷикистон дар бораи Омбудсмен буд, дар моҳи майи соли гузашта бо пешниҳоди Президент Раҳмон ба ин симат аз сӯйи порлумони ин кишвар интихоб шуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи худи оқои Ализода, қонуни ин кишвар дар бораи Омбудсмен мустақилияти фаъолияти ин ниҳодро кафолат додааст, вале соҳибназарон чунин иддаъоро баъйид медонанд.
Зеро ба гуфтаи коршиносон, Омбудсмени Тоҷикистон аз як сӯ ба раиси ҷумҳури кишвар гузориш медиҳад ва аз сӯйи дигар Зариф Ализода, ки худ дар гузашта як мақоми раёсати ҷумҳурии ин кившар буд, наметавонад аз нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар шадидан интиқод кунад.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ аз Тоҷикистон ба унвони кишваре ном мебаранд, ки дар он мавориди густурдаи нақзи ҳуқуқи инсон мушоҳида мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2388-2010-05-31-09-08-16.html